• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » 2014 » Сентябрь » 11 » Мизи мудаввар дар маркази захирахои исботшудаи тиб
02:27
Мизи мудаввар дар маркази захирахои исботшудаи тиб

Санаи 5- уми сентябри соли 2014 дар Маркази захираҳои исботшудаи тиб мизи мудаввар дар мавзӯъи «Баррасии тарзи ҷорикунии тибби исботшуда дар кафедраҳои тибби оилавии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино» баргузор гардид. Дар ҳамоиш Сардори шуъбаи таълим Носиров Қ.Н., Роҳбари Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии касбӣ Субҳонов С.С., мудири кафедраи Тибби оилавии №2 Инъомзода Ҷӯра, Роҳбари гуруҳи назорати сифати таҳсилот Баҳромова М.Б., намояндаи китобхонаи донишгоҳ Каримова М.М., нозири Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии касбӣ Қурбонов З. ва ассистнти кафедраи Тибби оилавии № 2 Носирова М.Н. ширкат доштанд.

Ҷамъомадро Роҳбари Маркази захираҳои исботшудаи тиб Почоҷонова Ш. Ш. оғоз намуда, мақсади ҳамоишро ба ҳозирин иброз дошт ва ҳамзамон оиди «Таҷрибаи талимии тибби исботшуда дар мамлакатҳои гуногун » маълумот пешниҳод кард. Инчунин зикр карда шуд, ки дар давлатҳои хориҷа омӯзиши тибби исботшуда дар сатҳи хеле баллад қарор дорад. Носиров Қ.Н. Сардори шуъбаи таълим оиди гузоронидани тренингҳои омӯзишӣ барои омӯзгорони кафедраҳои Тибби оилавӣ дар МЗИТ ва ҷорӣ намудани тибби исботшуда дар барномаи таълимии курси 4-уми факултети тибби дар кафедраҳои тибби оилавӣ пешниҳод намуд.

Инъомзода Ҷӯра мудири кафедраи Тибби оилавии №2 маълумот дод, ки дар кафедраи Тибби оилавии №2 дар курси 5-ум 7 соати дарсӣ оиди тибби исботшуда омӯзонида мешавад ва пешниҳод намуд, ки протакол ва дастурамалҳои тибби исботшуда дар сомонаи донишгоҳ ворид карда шавад, то ки омӯзгорон тавонанд аз онҳо баҳравар гарданд ва вобаста аз имконият аз ҳарду кафедраҳои тибби оилавӣ як нафарӣ ассистент барои омӯзиши тибби исботшуда ба хориҷи кишвар сафарбар карда шаванд.

Дар робита ба гуфтаҳои боло корманди китобхонаи донишгоҳ Каримова М.М. пешниҳод намуд, ки адабиёт ва дастурамалҳои тибби исботшуда аз шабакаи умумиҷаҳонии интернет дарёфт ва дар хазинаи китобхонаи электронии донишгоҳ сапт карда шавад то ки донишчӯён тавонанд онро ба таври васеъ истифода баранд, зеро на ҳама дорои компютери шахсӣ аст. Роҳбари Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии касбӣ Субҳонов С.С. пешниҳо намуд, ки омӯзиши тибби исботшуда дар ҳамаи факултетҳои донишгоҳ ба роҳ монда шавад, зеро донистани тибби исботшуда барои мутахассисони ҳама самтҳои соҳаи тандурустӣ муфид аст. Дар охир ҳамоишро Роҳбари Маркази захираҳои исботшудаи тиб Почоҷонова Ш.Ш. ҷамбаст намуд ва хулосаҳои зерин бароврда шуд: - МЗИТ пешниҳод менамояд, ки омузгорони кафедраҳои тибби оилавии №1 ва №2 дар муҳлати кутоҳтарин дар ҳаҷми 18 соат аз тренинги омӯзишӣ оиди тибби исботшуда гузаранд ва соҳиби сертификт гардонад. - Дар кафедраҳои клиникӣии донишгоҳ мутасадиён оиди тибби исботшуда масъул гарданд ва барои онҳо лар таҳтили зимистона тренинги омӯзишӣ оиди тибби исботшуда гузаронида шавад. - Ҳангоми дарсҳои амалӣ мавзӯъи дарсро аз нуқтаи назари тибби исботшуда низ муҳокима намоянд.

 

Категория: Новости | Просмотров: 436 | Добавил: Qumatib | Рейтинг: 1.0/1
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

Календарь

«  Сентябрь 2014  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 4
Гостей: 4
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия