• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » 2013 » Апрель » 8 » Мизи мудаввар дар н. Мӯъминобод
10:21
Мизи мудаввар дар н. Мӯъминобод

Ривоятҳо ва воқеъияти антибиотикҳо

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маълумотнокӣ ва паҳн намудани маълумотҳои илман исботшуда оиди антибиотикҳо, антибиотикорезистентнокӣ ва роҳҳои бартараф кардани он ҳам барои кормандони тиббӣ ва ҳам барои аҳолӣ Маркази иттилоотӣ дар якҷоягӣ бо Маркази захираҳои исботшудаи тиб бо ташабуси мушовири ректори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино Ғозиев Р. Ғ. ва даъвати директори ташкилоти ҷамъиятии ҶДММ «Хонаи асрори маънӣ» дар таърихи 8-уми апрели с. 2013 дар деҳаи Кӯлчашмаи н. Мӯъминободи вилояти Хатлон дар мавзӯи «Ривоятҳо ва воқеъияти антибиотикҳо» як мизи мудаввар ташкил ва баргузор намуданд.
Дар чорабинии мазкур духтурони бунгоҳҳои тиббии деҳот, донишҷӯёни Коллеҷи тиббӣ, духтурони Марказҳои саломатии ноҳия ва ҷамоатҳо, намояндагони Ҳукумати ноҳия, шӯъбаи маориф, ташкилоти занон ва аҳолӣ, дар маҷмӯъ 55 нафар иштирок доштанд.
Чорабинии бахшида ба Рӯзи Умумиҷаҳонии Тандурусӣ бо дастгирии бевоситаи Раёсати ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, ташкилоти ҷамъиятии ҶДММ «Хонаи асъори маъни», ки он дар н. Мӯъминобод ба корҳои фаҳмондадиҳӣ – маълумотдиҳӣ машгул аст ва инчунин Лоиҳаи USAID «Тандурустии босифат» амалӣ карда шуд.
Мизи мудавварро Ғозиева Сановбар директори ҶДММ «Хонаи асрори маънӣ» ифтитоҳ намуд. Дар идомаи он Роҳбари Маркази захираҳои исботшудаи тиб Почоҷонова Ш.Ш. ва мутахассиси Маркази иттилоотӣ оид ба маводи дорувории Донишгоҳ Талбов Ф.Ш. оиди антибиотикҳо, антибиотикорезистентнокӣ ва роҳҳои бартараф кардани он, инчунин маводҳои доругии зиддибактериявии оригиналӣ, генерикӣ ва номгузории байналмилалии онҳо сӯҳбат намуданд. Дар анҷоми нишаст ҳозирин миёни худ саволу ҷавоб намуданд, ки он бо қаноатмандии аҳли нишаст ба поён расид. Ҳамчунин ба иштирокчиён нусхаи варақаҳои иттилоотӣ ва доруқуттиҳои кӯмаки аввалия тақдим карда шуд.







Категория: Новости | Просмотров: 645 | Добавил: Gulov | Рейтинг: 5.0/1
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

Календарь

«  Апрель 2013  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 2
Гостей: 2
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия