• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » 2014 » Март » 13 » Мулоқот бо таҳсилкунандагони бахши аспирантура
11:04
Мулоқот бо таҳсилкунандагони бахши аспирантура
Қурбонов У.А.: «Аспирантура- яке аз усулҳои омода намудани кадрҳои илмии донишгоҳи тиббӣ»
  Профессор Қурбонов У.А.- ректори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино зимни мулоқот бо таҳсилкунандагони бахши аспирантура  таъкид намуд, ки аспирантура ва докторантура барои таҳсилоти муттасил, такмили ихтисоси илмию омӯзгорӣ ва илмии шаҳрвандон ва дарёфти дараҷаи илмии номзад ё доктори илм шароит фароҳам меоварад.
  Дар ин мулоқот, ки рӯзи 11 марти соли ҷорӣ тибқи нақшаи кории ректори донишгоҳ ҷараён гирифт, пешрафту мушкилоти бахши аспирантура  ва магистратураи донишгоҳ, бахусус аспирантура бо баргузории суҳбати озоду самимии ректори донишгоҳ ва ҷамъи аспирантон баррасӣ шуд.
  Профессор Қурбонов У.А.- ба ҳангоми шарҳи қоидаҳои  амалкунанда дар самти омода намудани кадрҳо, Барномаи   давлатии тайёр намудани кадрҳои илмӣ, гуфт: «Аспирантрура яке аз усулҳои омода намудани мутахассисони илмӣ ва илмӣ-педагогии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино буда, дар асоси қонунҳои  ҶТ «Дар бораи маориф»,  «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълим»-ӣ ва Низомномаи намунавии Вазорати маориф ва илми    Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти онҳо ба роҳ монда шудааст.      
  Ректори донишгоҳ мулоқоти худ бо аспирантонро ба таваҷҷуҳи хоси Раёсат ба олимони ҷавон марбут дониста, гуфт ки барои баргузор намудани корҳои муфиди илмӣ дар шароити мусоид, роҳбарияти донишгоҳ тамоми саҳму талоши лозимро ба анҷом мерасонад. Дар баробари ин, профессор Қурбонов У.А. ба баъзе аз мушкилоти ҷойдошта дар ин замина ишора намуда, гуфт ки бештари кафедраҳо барои омода намудани кадрҳои илмӣ- педагогии донишгоҳ саҳлангорӣ намуда, дар ин  самт ҳиссагузор нестанд. Ин аст, ки таъкид намуд ректори донишгоҳ, минбаъд ба кафедраҳое, ки нишондоди илмиашон кофӣ нест, аспирант дода мешавад. Гуфта шуд, ки минбаъд ба аспирантураи рӯзона довталаб дар асоси озмун қабул карда мешавад.
  Инчунин  ба фаъолияти илмии аспирантон ишора намуда, дар ин самт эродҳои ҷиддӣ ироа намуд. Чунончӣ, дар муҳлати муқарраршуда ба комиссияи экспертӣ пешниҳод нагардидани маводҳои аввалияи кори илмии бархе аз аспирантони рӯзонаву ғоибона, ҳимоя нашудани кори илмии қисме аз онҳо ҳатто пас аз итмоми таҳсил ва амсоли инҳо.
  Ба ин далел, аз ҷониби ректори донишгоҳ таъкид карда шуд, аспиранте, ки  дар муҳлати муқарраргардида (3-4 сол) кори диссертатсиониашро иҷро накардааст, бо қарори ректори ДДТТ метавонад барои итмоми кор боз 1 сол муҳлат гирад.
  Дар ҷараёни мулоқот гуфтугӯи озоди аспирантон бо раҳбарияти донишгоҳ, бо пешниҳоди саволу дархост ва ҷавобҳои мушаххас сурат гирифт. Аз ҷумла, аз тарафи аспирантон таъкид гардид,  ки бо вуҷуди омода будани имконоти баргузории таҳлилҳои озмоишӣ дар ОМИТ, ба далели набудани маводҳои озмоишӣ(реактивҳо) ташхис гузаронида намешавад, маҳдуд будани корҳои табобатӣ дар пойгоҳҳои кафедра,вусъат бахшидани ҷараёни баргузории семинарҳои омӯзишӣ доир ба навиштани мақолаҳо ва лоиҳаҳои илмӣ, бештар гузаронидани усулҳои таҳлили статистикӣ аз ҷумлаи он саволу пешниҳодоте буданд, ки аспирантон ба миён гузоштанд.
  Ба кулли саволҳои пешниҳодшуда  профессор Қурбонов У.А.- ректори донишгоҳ ҷавобҳои возеҳу амиқ равона намуд.
  Зимнан, тибқи гузориши бахши аспирантура ва магистратураи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, дар ҳоли ҳозир шумораи умумии аспирантон 119 нафарро ташкил менамояд, ки 82 нафари онҳо дар бахши рӯзона ва 37 нафар ба таври ғоибона таҳсил менамоянд. Дар соли ҷорӣ 83 нафари онҳо бо стипендия аз ҳисоби буҷаи давлат ва маблағҳои хусусии  донишгоҳ таъмин карда мешаванд.

Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа
12.03. соли 2014
Категория: Новости | Просмотров: 443 | Добавил: Gulov | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

Календарь

«  Март 2014  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 4
Гостей: 4
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия