• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » 2014 » Декабрь » 31 » «Мушти сеҳрнок» -ро кӯдакони бемор бо завқ тамошо карданд
13:46
«Мушти сеҳрнок» -ро кӯдакони бемор бо завқ тамошо карданд
«Мушти сеҳрнок» -ро кӯдакони бемор бо завқ тамошо карданд
    Санаи 30-юми декабр бо супориши ректори донишгоҳ муҳтарам Убайдулло Қурбон аъзои дастаи «Шифо» меҳмони Санаторияи ҷумҳуриявии бачагонаи касалиҳои тарбоди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд. Қобили зикр аст, ки дар ин муассиса кӯдакони гирифтори бемориҳои тарбод таълим ва табобат мегиранд. Аъзои дастаи «Шифо» дар назди ин беморон ва волидони онҳо бо намоишномаи солинавии махсус барои бачаҳо омодашуда, бо номи «Мушти сеҳрнок» баромад намуда, бо суруду рақсҳои ҷаззоб ва бозиҳои шавқовар аҳли хотири толорро шод гардониданд.
                    
  Дар анҷоми намоишнома персонажҳои намоишнома-Бобои барфӣ, Барфак, Аҷуза, Якчашма ва Сиёҳак ба бачаҳо туҳфаҳо ҳадя намуданд. Қобили қайд аст, ки ба маблағҳои ҷудонамудаи Раёсати донишгоҳ ва Кумитаи иттифоқи касабаи кормандон ёрдамчии проректори Муовинати маъмурӣ ва хоҷагидорӣ Ҳасанов Ахтам, сардори Қитъаи нақлиётӣ Камолов Илҳом, муовини декани факултети тиббӣ Бурҳонова Зебо, комменданти Маҷмааи нави таълимӣ Наимов Зайниддин, хазинадор Муборов Фаррух ва ронанда Зуҳуров Баҳриддин  аз ҳисоби худ маблағ илова намуданд. Чунин иқдому амали нек боиси он гашт, ки 70 нафар кӯдакони бемори муассисаи болозикр соҳиби туҳфаҳои арзишноки  солинавӣ  гарданд.
                      
    Фазилати бузурги ҳар як иду ҷашнвора, бешакку шубҳа ин ба ҷо овардани амалҳои хайр ва некиву накӯкорист. Руйдоди наҷибу ибратбахши дигар он аст, ки дар арафаи Соли нави мелодии 2015 бо пешниҳоди Ректори донишгоҳ муҳтарам Убайдулло Қурбон 43 нафар донишҷӯ-ятимони кулл  аз ҷониби аъзои Раёсати донишгоҳ таҳти сарпарастӣ гирифта шуданд. То ин дам аз ҳисоби маблағҳои буҷаи донишгоҳӣ донишҷӯятимон ҳар сол ду маротиба бо сару либоси мавсимӣ таъмин карда мешуданд, акнун аъзои Раёсати донишгоҳ пайваста ҷараёни таҳсилу шароити зисти чунин донишҷӯёнро  мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, ба онҳо кӯмаки моддиву маънавӣ мерасонанд ва сари вақт ба Шӯрои мураббиёни донишгоҳ ахбор пешниҳод месозанд.
    Орзӯманди онем, ки дар соли нави 2015 тамоми амалу кирдор ва пиндору гуфтори инсоният ба ҷуз некию накукорӣ набошад.
                                                                                                              Шуъбаи фарҳанг
Категория: Новости | Просмотров: 359 | Добавил: Gulov | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

Календарь

«  Декабрь 2014  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 2
Гостей: 2
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия