• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » 2014 » Декабрь » 23 » Оғози силсила – тренингҳо
14:30
Оғози силсила – тренингҳо
Оғози силсила – тренингҳои омӯзишии Маркази иттилоотӣ оид ба маводи доруворӣ барои духтурони зинаи КАТС дар Марказҳои саломатии шаҳрии ш. Душанбе
    Тибқи нақшаи корӣ ва мактуби ректори Донишгоҳ ба Раёсати тандурустии  ш. Душанбе аз 18.11.2014 № 01/4233-1 ва мактуби ҷавобии Раёсати тандурустӣ аз 21.11.2014 № 1-3/1617 Маркази иттилоотӣ оид ба маводи доруворӣ (МИМД) силсила – тренингҳои омӯзишии худро дар Марказҳои саломатии шаҳрии(МСШ)  ш. Душанбе оғоз намудааст. Аз он ҷумла, чунин тренингҳои омӯзишӣ дар МСШ№ 2, МСШ № 6, МСШ №8 ва МСШ №9 дар мавзӯи «Татбиқи Рӯйхати асосии маводҳои доруворӣ.  Истифодаи самараноки маводҳои доруворӣ мувофиқи протоколи клиникӣ оид ба муолиҷаи бемориҳои асосии роҳҳои нафас дар сатҳи КАТС» ташкил ва гузаронида шудааст. Дар оғози тренингҳо ба иштирокчиён пурсишнома оид ба «Истифодаи антибиотикҳо дар таҷрибаи духтурон» ва варақаҳои иттилоотии нашр намудаи МИМД оид ба истифодаи самараноки антибиотикҳо тақсим карда шуд.
                   
   Дар маҷмӯъ ба ин тренингҳо 120 нафар духтурони зинаи КАТС ҷалб гардиданд. Дар рафти тренингҳо ба иштирокчиён доир ба маводҳои дорувории дар протоколи мазкур овардашуда, маълумотҳои зарурӣ ва аз нуқтаи назари тибби собитшуда пешниҳод ва оқибатҳои нохоҳами истифодаи ғайри самараноки онҳо ба таври комил фаҳмонида шуд.
Инчунин дар қисми амалии тренинг иштирокчиён ба гурӯххо тақсим карда шуда, ба онҳо масъалаҳои гуногуни ситуатсионӣ доир ба бемориҳои асосии роҳҳои нафас ба монанди БШРН, бронхити шадид, пневмонияи ғайри беморхонавӣ ва бемории музмини ташаннуҷишушҳо (ХОБЛ) пешниҳод гардид. Баъд аз ҷавоб гардонидан ҳамаи онҳо дар байни иштирокчиёни тренинг баҳсу баррасӣ карда шуданд.
                    
    Тренингҳои мазкур бо усулҳои муосириомӯзишӣ (интерактивӣ) гузаронида шуда, дар рафти он ҳамаи ҳозирин иштироки фаъол доштанд.
    Дар анҷом иштирокчиёни тренингҳо ба кормандони МИМД изҳори миннатдории худро баён намуданд ва пешниҳод карданд, ки чунин тренингҳо дар дигар мавзӯъҳо низ ташкил карда шаванд.
   МИМД ташкил ва гузаронидани чунин тренингҳоро идома дода, дар 10 МСШ-ҳои боқимонда низ баргузор хоҳад кард.
Категория: Новости | Просмотров: 363 | Добавил: Gulov | Рейтинг: 5.0/1
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

Календарь

«  Декабрь 2014  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия