• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » 2015 » Январь » 14 » Ҳодисаи нангини террористӣ дар Покистон
10:14
Ҳодисаи нангини террористӣ дар Покистон
Изҳороти Раёсати ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва кормандону  донишҷӯёни донишгоҳ
 
     Раёсати ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва ҷамъи донишҷӯёни донишгоҳ ҳодисаи нангини террористии дар Давлати Исломии Покистон рухдодаро башиддат маҳкум менамоянд. Тавре ки Убайдулло Қурбон, ректори донишгоҳ дар ҷаласаи ғайринавбатии назоратӣ изҳор намуд, ин амали мудҳиш набояд ягон нафари инсони соҳибақл ва ба тақдири миллату ватани хеш таваҷҷӯҳдошатро бетараф гузорад.
   Дар ҳамин ҳол, аҳли кормандону донишомӯзони ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино  бо маҳкуми ҳамлаи ситезаҷӯёни исломӣ ба мактаб дар Пешовари Покистон, ки сабаби кушта шудани 141 нафар, аз ҷумла 132 мактабхон шуд,  ба мардуми ин кишвар тасаллият мегӯянд. Раёсати ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино низ  дар баробари тамоми мардуми ҷаҳон, ки аз ин ҳодисаи ваҳшатбор изҳори дилхунӣ намудаанд, барои  решакан кардани ифротгароӣ ва терроизм садо баланд мекунад. Бор дигар таъкид менамояд, ки ин сулҳу суббот ва оромию амнияте,  ки имрӯз дар кишвари мо пойдор аст, тавассути ҷонбозиҳои ҳазорҳо нафар фарзандони ватандӯсти миллат ба даст омадааст ва набояд, ки бо фирефта шудан ба ваъдаҳои дурӯғину иғвобарангези чанд нафар, ваҳдати миллиро аз даст диҳем.
        Бори дигар ҳамдардӣ ва тасаллияти худро ба пайвандони бегуноҳ кушташудагон ва маҷрӯҳон изҳор медорем.
        Зимнан, дар ҳамлаи Толибон ба як мактаб дар шаҳри Пешовари Покистон 141 нафар, аз ҷумла 132 кӯдак кушта шудаанд. Хурдсолтарини кушташудаҳо 9-сола буда, ҷунбиши Толибони Покистон масъулияти ин ҳамларо бар дӯш гирифтааст.
       Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа 
Категория: Новости | Просмотров: 618 | Добавил: Qumatib | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

Календарь

«  Январь 2015  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия