• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » 2013 » Декабрь » 17 » Оё ҷомеаи Тоҷикистон барои пурра аз миён бурдани ҳукми қатл омодааст...
14:09
Оё ҷомеаи Тоҷикистон барои пурра аз миён бурдани ҳукми қатл омодааст...
Оё ҷомеаи Тоҷикистон барои пурра аз миён бурдани ҳукми қатл омодааст
Вохӯрии донишҷӯён ва профессорону омӯзгорони донишгоҳ бо  намояндагони ДИП ҶТ

     Феълан беш аз 139 кишвари ҷаҳон аз ҳукми қатл даст кашидаанд, ки Тоҷикистон яке аз онҳо ба шумор меравад, зеро Тоҷикистон иҷрои чунин ҳукмро боздоштааст, гуфт Ашуров Музаффар Қурбонмамадович- мудири шуъбаи кафолати конститутсионии ҳуқуқи инсони ДИП ҶТ дар вохӯрӣ бо донишҷӯёни донишгоҳи тиббӣ. Дар ҷараёни вохӯрии намояндагони ДИП ҶТ бо донишҷӯёни фаъол ва ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ, ки субҳи рӯзи 17.12.13 дар толори Синои ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино баргузор шуд, масъалаи мавҷудияти ҷазои қатл дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуд. Мудири шуъбаи кафолати конститутсионии ҳуқуқи инсони ДИП ҶТ зимни вохӯрӣ бо донишҷӯёну кормандони донишгоҳ бо такя ба охирин омори  Кумиссияи Аврупо таъкид намуд, ки бештар аз 40 кишвари дунё ҳукми қатлро дар ҳолатҳои истисноӣ мавриди истифода қарор дода, дар беш аз 50 кишвари ҷаҳон ҳукми қатл то ҳанӯз ҷорист.
       Хонум Потрисиа- намояндаи Созмони байналмиллалии зидди ҳукми қатл дар Тоҷикистон  ва аз иштирокдорони ин вохӯрӣ бо таъкид ба ҳамкориҳои босамари ин Созмони байналмиллалӣ бо ҳукумати Тоҷикистон гуфт, то ҷое ки Тоҷикистон иҷрои ин ҳукмро боздоштааст, умедворам, ки  дар ояндаи наздик ин кишвар ҳукми қатлро бекор хоҳад кард. Вай ҳамзамон таъкид намуд, ки  хукми қатл дар кишварҳои пешрафта низ ханӯз аз байн бурда нашудааст ва хатто дар баьзе давлатхои қитъаи Амрико низ истифода мешавад. Хонум Потрисиа мегуяд:
«Албата мо бояд қотилро ҷазо диҳем ва ба ҷавобгарӣ кашида манфиатҳои ҷабрдидаро ҳимоя кунем,  аммо мо ҳақ надорем касеро аз ҳаёт маҳрум созем. Албата таввасути қатли як нафар шумо наметавонед, ки бехатарии мардумро бештар созед.»
     Зариф Ализода- ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ низ бо ҳузур ва суханронӣ дар вохӯрӣ гуфт, ки Ҳукумати Тоҷикистон низ тарафдори аз миён бурдани ҷазои қатл дар кишвар буда, саъй мекунад, ки масъаларо дар якоягӣ бо ҷомеа ҳал намояд. Вай гуфт, шояд дар ояндаи наздик Тоҷикистон бо ворид намудани ислоҳот ба қонунгузорӣ, бахусус кодекси ҷиноии кишвар, роҳҳали ин масъаларо пайдо намояд.
      Зимнан, дар Тоҷикистон тибқи моддаи 59-и Кодекси ҷиноии кишвар, ҷазои қатл ҳамчун чораи истисноӣ танҳо барои ҷиноятҳои хеле вазнин муқаррар карда мешавад. Чунин ҳукм ба занҳои ҳомиладор ва ноболиғони то 18-сола таъин карда намешавад. Ҷазои қатл ба тариқи бахшиши ҷазо мумкин аст ба ҳабси  абад иваз карда шавад. Феълан Тоҷикистон барои ин намуди ҷазо моратория эълон кардааст. Ҳамакнун тибқи қонуни ҷиноии Точикистон афроде, ки ба ҷиноёти сангине чун қатл, таҷовуз ба номус, терроризм, наслкушӣ ва харобсозии муҳити зист даст задаанд, ба ҳабси абад маҳкум хоҳанд шуд.
     Дар раванди вохӯре ки бо намояндагони ДИП ҶТ бо донишҷӯёни фаъол ва ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ баргузор шуд, филми кӯтоҳмуддате дар ин мавзуъ намоиш дода шуда, саволу ҷавоб низ бо аҳли нишаст доир гардид. 
Ҳозирин суолҳоеро ба монанди « Оё ҷомеаи Тоҷикистон барои пурра аз миён бурдани ҳукми қатл омодааст» матраҳ намуда, ҷавобҳои лозим гирифтанд.


Зӯҳра Турсунова
Категория: Новости | Просмотров: 583 | Добавил: Gulov | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

Календарь

«  Декабрь 2013  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 2
Гостей: 2
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия