• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » 2014 » Декабрь » 4 » Ғолибият дар озмуни зеҳнӣ
13:13
Ғолибият дар озмуни зеҳнӣ
Ғолибият дар озмуни зеҳнӣ
 
  Гурӯҳи донишҷӯёни  курси 3-юми факултаи стоматологӣ дар ҳайати Носирова Фархунда, Қутфиддинова Марҳаматпошшо, Нурматова Дилноза дар таърихи 21-уми ноябри соли ҷорӣ дар марафони  зеҳнии кафедраи стоматологияи муолиҷавии донишгоҳи 1-уми тиббии давлатии шаҳри Москва ба номи И.С.Сеченов  иштирок  намуда,дар байни 6- даста , ки асосан намояндагони макотиби олии тиббии Белорус ва Россия буданд, мақоми сеюмро ишғол намуданд.
  Ҷараёни озмуни номбурда  аз се марҳила иборат буд: маърӯзаи илмӣ,саволу ҷавоб оид ба масъалаҳои мубрами стоматологияи имрӯза ва барномаи эҷодӣ (саҳнача ва презентация дар бораи ҳаёт ва фаъолияти Абӯалӣ ибни Сино; таърихи сару либоси миллии тоҷикон).
  Ҳайъати ҳакамон қайд намуданд, ки  барномаи донишҷӯёни тоҷик намунавӣ буда ва натиҷаҳои он дар маҷаллаи « Dehtal ,,ба нашр мерасад. Як шарти асосии озмунро намоиши саҳнавии вобаста ба тиб ташкил медод. Саҳначаи донишҷӯёни тоҷик , ки як лаҳзаи сабақомӯзии ҳакими машриқзамин ва пири табибони тоҷик Абӯалӣ  ибни Синоро  ба шогирдонаш дар бар мегирифт,  мавриди таваҷҷӯҳи зиёд ва мақбули аҳли тамошо гардид.
  Бояд зикр намуд, ки тайи солҳои охир донишҷӯёни факултаи стоматологӣ тез-тез дар ҳамоишҳои гуногуни байналмилалӣ ширкат варзида, бомуваффақият донишгоҳи худро муаррифӣ менамоянд, ки ин аз фаъолияти хуби садорати факулта гувоҳӣ медиҳад.
Ворисони Сино
Категория: Новости | Просмотров: 399 | Добавил: Gulov | Рейтинг: 5.0/1
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

Календарь

«  Декабрь 2014  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия