• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » 2015 » Январь » 9 » Ҷомеаи тоҷикистонӣ ва масъалаҳои маънавии замони муосир
08:28
Ҷомеаи тоҷикистонӣ ва масъалаҳои маънавии замони муосир
Ҷомеаи тоҷикистонӣ ва масъалаҳои маънавии замони муосир
Муаллими кафедраи «Фанҳои ҷомеашиносӣ»-и ДДТТ ба   номи Абӯалӣ ибни Сино, 
н.и.ф. Гулов А.А.
   Имрӯз, ки инсоният дар такопуй ва дигаргуниҳост ва пасту баландиҳоро пушти сар мекунад ва ҳеҷ нест, ки ба манзили мақсуд бирасад ва ин роҳи дароз боз ҳам тӯлонитар шудаҳамагон ниёз ба панди ҳакимон доранд. Пайравӣ аз одобу ахлоқи нек ва омузиши он як илм аст, илми бисёр муҳим ва зарурӯ ва душвор, вале имконпазир, агар хоҳиш ва дилгармӣ барои  азбар намудан ва амал кардан ба он вуҷуд дошта бошад. Хоҷа Насриддин Тусӣ барои аҳли илму савод  омузиши илми ахлоқро  муҳим шумурда, чунин фармудааст: «агар аҳли илм бувад таълими улум аввал илми ахлоқ ва баъд аз он  улуми ҳикмати назарӣ оғоз кунад». Дар баробари он олими шинохтаи фаронсавӣ Монтескьё қайд намудааст, ки: «Касе, ки  илми ахлоқро  наомӯхтааст, пас омӯзиши ҳар гуна илм (ҳатто илми тиб)  ба ӯ фақат ва фақат зиён меораду халос!».
    Ахлоқ, яъне хулқу хи писандида, кирдори нек ва шарму ҳаё, зевари хирад ва пироҳани зебои инсон аст. Ҳақ ба ҷониби Муҳаммад Иқбол аст, ки мефармояд:
                Адаб пирояи нодону доност,
                Хуш он к-ӯ бо адаб худро биёрост,
                Надорам он мусулмонзодаро дӯст,
                Ки бар дониш фузуду  бар адаб кост.
      Инсонро  ҳамчун ашрафи махлуқот– забони гӯё, хирад, ахлоқу одоб ва имон доштан –  аз дигар мавҷудоти зинда фарқ мекунонад. Агар ин ҷиҳатҳои муҳим вуҷуд намедоштанд ва онҳо риоя намешуданд, пас инсон ҳам вуҷуд намедошт  ва  чун дигар мавҷудоти рӯи Замин зиндагӣ ба сар мебурд ва на ҷомеа месохт ва на тамаддун, на одамият вуҷуд дошт ва на ахлоқи накӯ. Омӯзиш ва парвариши руҳияи илму одоб ва ахлоқу одоби нек дар насли ҷавони ҷомеаи имрӯза бояд ба суннати миллӣ табдил ёбад, вагарна дар ояндаи начандон дур шоҳиди фоҷиаи бузурги инсонӣ, яъне фарханг ситезӣ ва фурӯ рехтани пояҳои ахлоқии ҷамъият хоҳем шуд, ки таъмири он дигар имкон надорад. Ахлоқ ва одоб дар байни ҳар халқ хусусияти худро дорад, ки комилан бар фарҳанги куҳан ва дараҷаи пешрафти мардуми он бунёд ёфтааст. Бертран Рассел қайд менамояд, «ки пешрафти маданият омили муҳими  ҷомеаи инсонист, аммо ин пешрафт арзишҳои бузургтарини миллиро аз байн мебарад, масалан рақс яке аз онҳост». Дар ҳақиқат инсон дар кадом марҳила ва пояи илму донише, ки набошад, ҳама ваќт  ба панду насиҳати пирон  ва солеҳон ниёзманд аст. Ба ҳар ҳол  пастию баландии ин зиндагӣ хоху нохоҳ дар руҳяи инсон осоре   мегузорад. Маъмулан агар ӯ аз панду насиҳати насиҳатгарон дур шавад, баъд аз ба худ омадан мебинад, ки  бисёре аз хислатҳои  инсониро аз даст додааст ва ба ҷойи онҳо як силсила  сифатхои ҳайвониро  касб кардааст. Албатта сабаби ҳамаи ин   дигаргуниҳо камтаваҷуҳӣ ба панди  омӯзгорону насиҳатгарон мебошад. Расман ин қавонини ахлоқии рафтор тавассути он табақае аз насл ба насл интиқол дода мешавад, ки  маъмулан онҳоро «рӯшанфикр» (зиёӣ)  меноманд.
    Инсони рӯшанфикр пеш аз ҳама бояд дорои дониши фарогир, ҷаҳонбинии васеъ ва бомаърифат бошад. Осори адабии ниёгони хеш ва ҷаҳонӣ, мусиқии классикӣ ва муосирро хуб донад, андешаҳояшро озод баён созад, андешаи  дурусти дигаронро эҳтиром гузорад ва шахсияту масъулиятнокии худро ҳифз намояд.
    Дар ҳақиқат  вақте, ки инсон ба  зиндагии моддӣ дилбастагӣ пайдо менамояд, оҳиста-оҳиста ба сурати як мавҷуди  худбохтаи дур аз хислатҳои инсонӣ мубадал мегардад. Ҳатто гоҳе ончунон ҳайвонвор амал менамояд, ки гуё ки рӯзе ҳам инсон набудааст. Ба ҳар ҳол ин гуна инсонҳо  ниёзи бештаре ба омӯзиш доранд. Агар мову шумо (устодон ва насиҳатгарон) дар ин роҳ  камари ҳимат набандем, амалан ба онҳо  хиёнат кардаем ва дар амалҳои  ҷоҳилонаи онҳо ҳамроҳ хоҳем буд. Бинобар ин  масъаларо  хело бояд ҷиддӣ гирифт ва бе таваҷҷӯҳӣ нисбат ба ин кор хиёнат ба ҷомеа аст.
    Дониши инсон ҳангоме метавонад барояш муфид бошад, ки  аввал худи   ӯро ислоҳкунад  ва баъд аз он метавонад барои дигарон дарси ибрат гардад. Дар ғайри ин сурат, на танхо вайро огоҳӣ намедиҳад, балки ӯро ба гумроҳии  мутлақ мекашад ва  дар натиҷа,  монанди касе хоҳад буд, ки ба  истилоҳ аз чуқурие берун ояду ба чоҳе афтад. Бинобар ин лозим аст, ки ҳушёр бошад то   дучори нақшаҳои ҳилагарони гумроҳкунандаи гуногун (гурӯҳҳои мухталифи  муосир) нашавад. Барои ин кор  таҳқиқ лозим аст ва роҳи таҳқиқ ҳам бо машварати афроди солеҳ пайдо хоҳад шуд. Ҳама вақт бояд таваҷӯҳ дошта бошед, ки то пайдо кардани ислоҳгари воқеъӣ аз шитобзадагӣ сукут беҳтар аст. Шитобзадагӣ  чуноне ки таҷриба нишон додааст, борҳо ва борҳо зиёнҳои сахте ба вуҷуд овардааст ва сабаби пушаймониҳои зиёде гаштааст ё чуноне ки мегӯянд: «хатогии яклаҳзаина сабаби бадбахтии тамоми ҳаёт шуданаш  мумкин аст».
    Ҳамонтавре, ки медонед, дониш ҳангоме барои инсон метавонад мояи хушбахтӣ бошад, ки ӯро дар масири дуруст роҳнамоӣ кунад ва аз каҷравиҳою хилофкориҳои гуногун боз дорад. Аз ҳамин ҷиҳат бояд гуфт, ки агар дониш инсонро ба роҳи дуруст роҳнамоӣ накунад ва ё сабаби каҷрафтории вай шавад, на танҳо воситаи ҳидояти ӯ нест, балки ӯро ба пастарин мархилаҳои зиндагӣ хоҳад кашид. Аз ҳамин ҷиҳат фақат бояд ба дунболи дониши рафт, ки инсонро ба дараҷае аз дараҷоти инсонӣ роҳнамун шавад.  Дар ғайри ин сурат маъмулан ба зудӣ ба марҳилаи пастарин сукут мекунад. Дар он вақт «ноомадии кор»  яке аз паси дигаре идома меёбад. Дар чунин шароит чизе аз инсоният барои мо боқӣ наҳоҳад монд.
    Инсони воқеъ ӯ ҳамеша сай мекунад, ки бар ончи, ки дорад такя намояд, на ба масоили  хаёлӣ. Аз хамин чихат  такягохаш шароити мавчуди зиндагӣ аст. Чунин инсон аз эътимод ба нафси  маҳкаме бархурдор аст ва ба фард ё ҷомеаи дигар чашми умед  надӯхтааст. Аз ин рӯ , бо азми устувор ба сӯи  ҳадафи мушахас  ҳаракат мекунад ва бо руҳияи гарму иродаи қавӣ ба талош  мепардозад.
     Бархе аз мардум ба ҷои он ки худашон ба дунболи фаъолияти асоси бираванду  кӯшишу кор кунанд, ба умеди ин касу он кас мемонанд. Дар натиҷа як вақт мутаваҷеҳ мешаванд, ки бахши муҳиме аз зиндагии худро сипарӣ карда ва фурсати зиёдеро ҳам аз даст додаанд. Дар ин байн на танхо ба умеди орзуҳои хеш нарасидаанд, балки  боррҳои сангине ҳам ба дӯши онҳо мондааст, ки сангинии он камаршикан аст. Ин дар ҳоле аст, ки онон агар бесабаб ба умеди ину он намебуданд ба ин балоҳо гирифтор намешуданд. Касоне, ки ба дигарон чашми умед бастаанд ҳамвора ба интизори хаёлоти гуногун ва умеду орзӯ менишинад, дар воқеъ намедонад, ки  корашон ба чи меанчомад.
     Яке аз муҳимтарин вазифаҳои инсонӣ боло бурдани сатхи тафаккури ҷомеа аст ва ҳар инсон нисбат ба он масъул мебошад. Маъмулан ҳеҷ кас набояд аз зери бори ин амри муҳим, ба истилоҳ,  шона холӣ кунад, зеро ҳамаи мо дар заминаҳои мухталифи зиндагӣ вазифаҳои  сангинеро ба ӯҳда дорем. Аз ҳамин  ҷиҳат, ҳар кас дар ҳадди худ бояд дар ин роҳ талош кунад.Махсусан ин масъала нисбат ба ҷомеахое, ки  фарҳангашон заиф ва  расму одоби инсонро ба дурусти намедонанд, бештар зарурат дорад.
     Бисёр мавридҳо пеш меояд, ки  инсон аз тариқи машварат бо афроди босалоҳият хайру салоҳи худро муаян мекунаду тибқи он амал менамояд. Аз хатоҳову иштибоҳот ва бероҳа рафтанҳо эмин мемонад. Худованд дар Қуръони карим яке аз хусусияти муъмининро машварат дар корхои ичтимоӣ мешуморад. Амиралмӯминин (а) мефармояд: «Касе, ки ба фикри худ қаноат кунадва худро аз машварат бо дигарон бениёз бидонад, хешро ба хатар андохтааст»  ва низ мефармояд: «Касе, ки  бо дигарон машварат мекунад, дар воқеъ мисли ин аст, ки шарики ақлҳои онҳо бошад». Ҳазрати расул (с) мефармояд «Бо оқилон машварат кунедва аз маслиҳати  эшон сарпечӣ накунед,  ки пушаймон хоҳед шуд». Мавлои Рум  мефармояд,ки
Машварат  идроку ҳушёрӣ  диҳад,
      Ақлҳоро ақлҳо ёрӣ  диҳад.
   Ва дар итмом қайд кардан ба маврид аст, ки ҷамъияти имрӯза замонеро аз сар гузаронида истодааст, ки дар ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаёти ҷамъият пешравиҳо ба назар мерасад. Масъалаи муҳимтарини ин давру замон тарбияи насли наврас аст ва албатта муҳимтарин вазифаи «равшанфикрон»  ин  аз роҳи хато ва амали хато  пешгирӣ намудани  ҷавонон мебошад.

 
Категория: Новости | Просмотров: 521 | Добавил: Gulov | Рейтинг: 1.5/2
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

Календарь

«  Январь 2015  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия