• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » 2013 » Май » 23 » «Ҷоми ректор» соҳиби нав ёфт
11:53
«Ҷоми ректор» соҳиби нав ёфт
«Ҷоми ректор» соҳиби нав ёфт
Дар мусобиқаҳои имсола  барои соҳиб шудан ба «Ҷоми ректори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино», ки дар варзишгоҳи марказии донишгоҳ аз 4 то 15 майи соли ҷорӣ идома ёфтанд, 16 даста аз курсҳои гуногун ширкат варзиданд. Дастаҳо ба чор зергурӯҳ тақсим шуда, вохӯриҳо ба таври даврагӣ сурат гирифтанд.  Бозиҳои даври аввал бо чунин натиҷаҳо анҷом пазируфтанд:
Курси 6 - Ординаторҳо -  2:1
Фарм. 1 -  курси 5 «Амбуланс» -  1:5
Курси 4-Курси 2-  1:0
Дастаи 1, курси 3-Дастаи 1, курси 1-  4:2
 Имсол бори аввал дар тӯли бозиҳо барои Ҷоми ректор футболбозони дастаи курси 1 маҳорати баланди варзишӣ намоиш доданд. Дар бозиҳои чорякниҳоӣ онҳо дар вақти асосӣ бозиро бо дастаи курси 3 мусовӣ-1:1 анҷом дода бошанд ҳам, вале аз рӯи тӯбҳои ёздаҳметра бо ҳисоби 4:2 бозиро бохтанд. Махсусан, маҳорати баланди футболбозии бозингарони дастаи 1, курси 1  Ҷонибек Қурбонов, Бобоҷон Пиров, Мирзоҳомид Давлатзода, Субҳон Раҳмонов, Наврӯз Юсуфов, Азизулло Шеров, Исмоил Қурбонов, Некрӯз Алиев писанди мухлисон гашт. Бо боварӣ метавон гуфт, ки бозингарони номбурда агар маҳорати худро боз каме сайқал диҳанд, дар солҳои оянда дастаи беҳтарини футболи донишгоҳро таъсис хоҳанд дод.
Дар бозиҳои якуми нимниҳоии Ҷоми ректор дастаҳои курси 6 ва «Амбуланс»-и курси 5 бо ҳам вохӯрданд. Бозӣ дар вақти асосӣ бо ҳисоби баробар анҷом ёфта бошад ҳам, аз рӯи тӯбҳои ёздаҳметрам  дастаи «Амбуланс» бо ҳисоби 6:5 ғолибият бюа даст овард. Бозии дуюми нимниҳоӣ байни дастаҳои курсҳои 4 ва 3 низ дар вақти асосӣ мусовӣ анҷом ёфт. Танҳо баъди задани тӯбҳои ёздаҳметра дастаи курси 4 бо ҳисоби калони 9:8 ғолиб омаданд.
Рӯзи 15 май барои соҳиб шудан ба ҷойҳои 3-4 дастаҳои курсҳои 6 ва 3 бо ҳам вохӯрданд. То нимаи вохӯрӣ ҳисоб баробар буд. Баъди интизориҳои зиёд  футболбозони курси 6 ба задани гол муваффақ гаштанд. Дар қисми дуюми вохӯрӣ бошад,  тавассути кӯшишҳои бозингарони курси 3 Парвиз Бойматов, Ф.Файзуллоҳ ва Умед Шодиев тӯб ба дарвозаи дастаи курси 6 ворид гашта ҳисоб баробар шуд. Ҳамин тавр, вохӯрии номбурда низ дар вақти асосӣ мусовӣ анҷом ёфт ва танҳо бо задани тӯбҳои ёздаҳметра дастаи курси 3 бо ҳисоби 4: 3 ғолибият ба даст овард.
Дар бозии ниҳоӣ ҳарифони дерин- дастаҳои курси 4 ва «Амбуланс»-и курси 5 бо ҳам вохӯрданд. Бояд гуфт, ки футболбозони курси 4 дар давоми солҳо дар ин қувваозмоиҳо ба  бозиҳои ниҳоӣ роҳ ёфта бошанд ҳам, вале ягон бор шаҳди ғолибиятро начашида буданд. Ва инак, дар ин вохӯрии ҳалкунанда онҳо тавонистанд, ки аз худ маҳорати баланд нишон дода, чемпионҳои солҳои гузашта-дастаи «Амбуланс»-ро бо ҳисоби 2:0 мағлуб намоянд ва сазовори Ҷоми ректори донишгоҳ гарданд. Махсусан, бозингари даста Толиб Қосимов голи дуюмро ба кунҷи дарвозаи ҳарифон бо маҳорати баланд ворид сохт, ки ин ғалабаи пурраи дастаашро таъмин намуд. Ҳамин тариқ, ҷойҳои ифтихорӣ ба тариқи зайл тақсим гаштанд:
Ҷойи 1-курси 4, факултети тиббӣ
Ҷойи 2-курси 5 «Амбуланс»
Ҷои 3- дастаи 1, курси 3, факаултети тиббӣ
Донишҷӯёни курси 5 Толиб Алиев- дарвозабони беҳтарин, Шоҳзоди Шодрӯз-муҳофизатгари беҳтарин, донишҷӯи курси 4-Комрон Алиев—ниммуҳофизатчии беҳтарин ва донишҷӯи курси 6 Даврон Олимов ҳуҷумкунандаи беҳтарини мусобиқа дониста шуданд.

Т.Н.Ҳусейнов,
раиси клуби варзишии «Сино»,
аъзои кумитаи тадорукоти мусобиқа

Категория: Новости | Просмотров: 597 | Добавил: Gulov | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

Календарь

«  Май 2013  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 2
Гостей: 2
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия