• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » 2013 » Март » 26 » ОЗМУНИ ДОНИШҶӯИИ «СТОМАТОЛОГ»
16:37
ОЗМУНИ ДОНИШҶӯИИ «СТОМАТОЛОГ»
ОЗМУНИ ДОНИШҶӯИИ «СТОМАТОЛОГ» ДАР ДОНИШГОҲ БА ҲУКМИ  АНЪАНА МЕДАРОЯД  

   Шоу барномаи озмунии "Ҷавонони саодатманд», ки бо ширкати устодону кормандони кафедраи стоматологияи муолиҷавӣ дар толори лексионии МТК-и «Стоматология»-и ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино гузашт, чун як барономаи шавқовару ёдмонданӣ то дер фаромӯш нахоҳад шуд.
   Ин чорабинӣ, ки бо таҳияи чанд барномаи озмунӣ миёни донишҷӯёни курсҳои 2-5-и факултаи стоматологӣ баргузор шуд, бо мақсади кашфи маҳорат ва муаррифии чеҳраҳои нави илмӣ ва қобилияти эҷодии донишҷӯён таҳия гардида буд.
  Намоиши видео – ролик дар бораи ҳаёту фаъолияти рӯзмараи кафедраи стоматологияи муолиҷавӣ ба чорабинӣ ҳусни оғоз бахшида, сипас барномаи озмунии донишҷӯён давра ба давра шурӯъ гардид
  Дар марҳилаи аввал донишҷӯён намоиши ҳунарҳои дастии «Маҳсули дастони моҳир»-ро дар мавзӯъҳои стоматологӣ ба маърази тамошо гузоштанд. Шарти ин давра аз муаррифии супориши хонагӣ - кори дастии донишҷӯён, асоснок кардани идеяҳо, ҳимоя ва ба саволҳо ҷавоб додан иборат буд.
  Гурбанкулыева Жемиле донишҷӯйи соли савум,бо пешниҳоди маҳсули ҳунари хеш,бо номи «Дандонҳои солим, организми солим», ки ба таври дастӣ аз марҷон, ришта ва матоъ омода шуда буд, аъзоёни ҳакамонро ба ваҷд оварда, сазовори таҳсини аҳли нишаст гардид. Гурбанкулыева Жемиле се маҳсули заҳмати худро дар мавзӯи стоматологӣ ба маърази бинандагон гузошт.  
   Шодиева Дилрабо донишҷӯйи курси дуюм торте бо номи «Дандони ақл» пухтаву аз порчаи матоъ дандон дӯхтааст.Ин бахши эҷоди ӯ боиси таҳсини аҳли нишаст ва бевосита аъзои ҳакамон гардид. Аз амали донишҷӯёни соли савум Ғайратова Азиза, Нуров Ҷонибек, Азизов Сӯҳроб, ки  амсилаи дандонро пешниҳод намуданд, тамоми аҳли нишаст бо фараҳмандӣ ва ҳайрат истиқбол намуданд. Дандоне, ки иллати кариесӣ дорад, бо шоколади дар даст дошта таъсири зарарноки истеъмоли аз ҳад зиёди карбогидратҳоро ба ҳолати дандонҳо инъикос намудааст.    
  Амсилаи дигари дандонро бо чуткаи дандонтозакунӣ донишҷӯйи соли дувум Каримова Наргис ва Муқимова Саида тайёр намудаанд.  Айёнияти пешгирии бемориҳои стоматологӣ, ки аз ҷониби муҳассилини факулта тайёр карда шудаанд, ба ҳозирин писанд омад.
  Маҳсули эҷоди Иброҳимова Нилуфар, ки кулчақандҳоро дар қолаби дандон омода кардааст, низ мавриди истиқболи ҳозирин қарор гирифт. Идеяи бесобиқаро донишҷӯёни дувум Пулотов Ҳоҷиакбар ва Абдулҳақова Дилшода дар рамзи факултаи стоматологӣ – дандони аз гаҷ рехтагарӣ шуда, ки атрофашро мор печонидааст, таҷассум намуданд.
  Кори зебое дар шакли аппликатсия дар мавзӯи «Ғизои дуруст барои дандонҳо»-ро донишҷӯйи соли дувум Ширинова Марҳабо пешниҳод намуд, ки аз ҷониби ҳакамон ва бинандагон  пазируфта шуд.    
   Дар марҳилаи дувум донишҷӯёнро маърӯзаҳо бо муаррифии мултимедиягӣ доир ба масъалаҳои иҷтимоии рӯзмарраи ҷамъияти муосир интизор буд. Дар мавзӯи «Оид ба зарари тамокукашӣ ва алкогол» донишҷӯйи соли дуввум Бобохоҷиева Ҷонона  маърӯзаи ҷолибе пешниҳод намуд. Аҳли нишаст айёният, слайдҳои омоданамуда, маводҳои аҷибу фаровонро хеле баланд арзёбӣ карданд.
   Давраи савум аз баромадҳои эҷодии донишҷӯён иборат буд. Ҳар нафар аз донишҷӯён саъй намудаанд, то баромади аҷибу арзандаеро пешниҳод созанд.Аз ҷумла, донишҷӯйи соли панҷум Ишонова Қӯзихон бо иҷрои суруде,ки бо салиқаи баланд иҷро шуд,боиси дастгирӣ буд.  
   Аҳли нишаст лаззати рақси миллиро,ки дар ҳарактҳои мавзуни Латипова Рухшона, Қосимова Ганҷина, Қодирова Манижа, Нуриддинова Нилуфар,ки бо ҳамоҳангии Назриева Фарида ва Тухтабоев Абдуғафор иҷро шуд,эҳсос намуданд.
   Маҳсули заҳмати дастии донишҷӯён, суханрониҳои онҳо, баромадҳои хотирмони донишҷӯён бо тӯҳфаҳову ифтихорномаҳо қадрдонӣ гардиданд.
   Коллективи кафедраи стоматологияи муолиҷавӣ миннатдории бепоёни худро ба фард фарди иштирокчиён, ки вақту қувваи худро дареғ надошта, чунин баромадҳои олии хотирмонро омода намуданд, тамошобиноне, ки барои дастгирии дӯстон қадам ранҷа карданд ва ба ҳамаи касоне, ки  барои баргузор гардидани чунин як шоу барномаи афсонавӣ ва озмун ҷаҳд кардаанд, иброз медорад.
Мудири кафедраи стоматологияи муолиҷавии
ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, д.и.т. Ҷураева Ш.Ф.
Категория: Новости | Просмотров: 634 | Добавил: Gulov | Рейтинг: 5.0/1
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

Календарь

«  Март 2013  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 4
Гостей: 4
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия