• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » 2015 » Январь » 26 » Паёми Сарвари давлат вазифаҳои нав пеш мегузорад
13:20
Паёми Сарвари давлат вазифаҳои нав пеш мегузорад
Паёми Сарвари давлат вазифаҳои нав пеш мегузорад
     Ҷаласаи навбатии назоратиро, ки рӯзи 26 январ баргузор гашт,  ректори таълимгоҳ, профессор Убайдулло Қурбон бо шарҳи муҳимтарин нуқтаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат оғоз кард. 
     У.А.Қурбон зикр сохт, ки роҳбари кишвар дар паёми навбатии худ соли 2014 –ро дар маҷмуъ соли дастовардҳои назаррас ва марҳилаи нави пешрафти босуботи иқтисодӣ арзёбӣ намуд, ки ин аз ҳар ҷиҳат хурсандибахш мебошад. Аз ҷумла дар ин давра маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 45, 6 миллиард сомонӣ ва афзоиши воқеии он 6,7 фоизро ташкил дод. Соли гузашта дар қаламрави мамлакат 252 ҳазор ҷои нави корӣ таъсис дода шуда дар назар аст, ки имсол боз 200 ҳазор ҷойҳои нави корӣ шаҳрвандони кишварро ба меҳнати пурмаҳсул фаро гиранд.  Дастовардҳои номбурда имконият доданд, ки сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат аз 35,6 ба 32 фоиз паст карда шавад. 
    Ректори донишгоҳ ба арзи ҳозирин расонид, к и бо назардошти рушди иқтисодиёти мамлакат  ва имкониятҳои имрӯзаи молиявӣ аз 1-уми сентябри соли равон марҳалаи навбатии зиёдшавии музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ амалӣ карда мешавад. Аз ҷумла, дар ин доира пешбинӣ гардидааст, ки музди меҳнати кормандони муассисаҳои маориф, аз ҷумла муассисаҳои томактабӣ, миёнаи умумӣ ва олӣ, дигар муассисаҳои соҳаи маориф, илм, фарҳанг, варзиш ва тандурустӣ 20 фоиз, стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия  30 фоиз, инчунин музди меҳнати ҳадди аққал 60 фоиз зиёд гардида, андозаи он аз 250 сомонӣ то ба 400 сомонӣ баробар мегардад. 
    Сарвари донишгоҳ афзуд, ки дар паёми имсола ҳам ба соҳаи маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, маориф ва илм, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин дигар мақомоти давлатӣ вазифадор карда шудаанд, ки то соли 2018 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро бо омӯзгорони сатҳи баланди касбӣ пурра таъмин карда, ба Ҳукумат ҷиҳати тайёр кардани мутахассисони дигар соҳаҳо пешниҳод манзур намоянд. Ҳамчунин, дар паём пешбинӣ гардидааст, ки ҷиҳати ҷалби донишҷӯён ба маҳфилҳои илмии мубоҳисавӣ, таҳияи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва кашфиёту ихтироъкорӣ грантҳои хурд ҷудо карда шаванд.
    Тибқи қарори ҷаласа оид ба омӯзиш ва татбиқи нуқтаҳои Паём Нақша-чорабиниҳои донишгоҳӣ тартиб дода, ҷиҳати иҷрои давра ба давраи онҳо шахсони масъул супоришҳои қатъӣ гирифтанд. Ҳамчунин,  роҳбарони марказу шуъбаҳо ва дигар зерсохторҳои донишгоҳ вазифадор карда шуданд, ки Паёми сарвари давлатро бо иштироки васеи кормандонашон ҳаматарафа омӯхта, ҷиҳати амалӣ сохтани дастуру пешниҳодҳои дар он ироагашта аз тамоми имконияту воситаҳо самаранок истифода баранд. 
    Дар ҷаласаи назоратӣ, инчунин як қатор масъалаҳои муҳими ҳаёти илмию таълимии донишгоҳ муҳокима гардида, аз рӯи онҳо қарорҳои дахлдор қабул гардид.
«Ворисони Сино»
Категория: Новости | Просмотров: 310 | Добавил: Gulov | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

Календарь

«  Январь 2015  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия