• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » 2014 » Март » 17 » Пирӯзии пайдарҳам
14:25
Пирӯзии пайдарҳам

Пирӯзии пайдарҳами  Шамсиддинов Меҳрубон дар чанд мусобиқаи  варзишӣ.
                                                      
  Шамсиддинов Меҳрубон - донишҷӯи курси 2, гуруҳи 56-и факултети тиббӣ бо ширкат дар марҳилаи аввали мусобиқаи кушод- варзиши сабук (аз намуди пойга) байни варзишгарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ, вазорату кумитаҳо ва дигар корхонаю идораҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бахшида ба таҷлили “Иди байналмилалии Наврӯз”баргузор шуд, соҳиби медали тилло гашта, ба марҳилаи  баъдии мусобиқаи мазкур роҳхат гирифт.
  Дар марҳилаи ниҳоии ин мусобиқа, ки аз санаи 12 то 15-уми март дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон бо иштироки ғолибон ва ҷоизадорони дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ (ВМКБ, Суғд, Хатлон ва минтақаи Рашт) доир гашт, Шамсиддинов М.Ш. маҳорати баланди хешро нишон дода, бори дигар масофаи 3000 метрро бо нишондоди баланд тай намуд ва дар байни 12 нафар ҳарифонаш сазовори ҷои аввал гардид. ӯро бо медали тилло ва Ифтихорномаи якҷояи Вазорати корҳои дохиливу Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардониданд.  
  Лозим ба ёдоварист, ки Шамсиддинов Меҳрубон ҳамзамон дар мусобиқаи кушоди мактаби Ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба варзиши сабук, ки 8-уми марти соли ҷорӣ дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии пойтахт ба номи устод С.Айнӣ бахшида ба “Рӯзи қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” доир гардид иштирок намуда, пирӯз шуд. ӯ дар пойгаи ин мусобиқот масофаи 8000 метрро байни мардҳо бо натиҷаи 27:02:00 тай намуда, сазовори ҷои аввал ва  медали тиллову Ифтихорнома гардид.  

Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯён

Категория: Новости | Просмотров: 481 | Добавил: Gulov | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

Календарь

«  Март 2014  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 3
Гостей: 3
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия