• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » 2014 » Май » 26 » Пири Ҳирот дар маҳфили пизишкони оянда
14:16
Пири Ҳирот дар маҳфили пизишкони оянда

Пири Ҳирот дар маҳфили пизишкони оянда

  Рӯзи 20-уми майи соли ҷорӣ бо ташаббуси кормандони кафедраи забони тоҷикии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар толори китобхонаи ниҳоди мазкур, воқеъ дар Қаряи Боло маҳфили илмию адабие бахшида ба солҷашни мудаввари адибу донишманд ва орифи камназири садаи ХУ Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ баргузор гардид.
  Нишасти мазкур бо сухани ифтитоҳии мудири кафедраи забони тоҷикӣ, дотсент А.И. Юсуфов кушоиш ёфта, мавсуф зимнан чанд нуктаи муҳимеро дар мавриди зиндагии  ибратбахш ва мақоми илмию адабии ин чеҳраи бетимсоли фарҳанги миллӣ иброз намуд.
  Сипас Салимова Зумрад -донишҷӯйи курси якуми факултаи  тиббӣ, гурӯҳи 4 гузориши ниҳоят ҷолиберо рӯйи мавзӯи «Ҳаёт ва фаъолияти илмию адабии Абдураҳмони Ҷомӣ» ироа намуд. Нуралиев Шариф- донишҷӯи курси якуми факултаи тиббӣ, гурӯҳи 6 гузориши худро ба мавзӯи «Аҳамияти тарбиявии «Баҳористон»» ихтисос дод.
  Бахши амалии нишастро қироати самимонаи шогирдон А. Рофиева (курси 1, гурӯҳи 3 тиббӣ), З.Салимова (курси I, гурӯҳи 4 тиббӣ), Ф.Раҷабова (курси I, гурӯҳи 4 тиббӣ), М. Нуриддинзода (курси I, гурӯҳи 6 тиббӣ), Д. Бобохонзода (курси I, гурӯҳи 20 тиббӣ), Ҷ. Бозоров (курси I, гурӯҳи 55 тиббӣ), С. Бобоев (курси 1, гурӯҳи 55 тиббӣ), Р.Одинаев (курси I, гурӯҳи 14 тиббӣ), А. Холов (курси I, гурӯҳи 55 тиббӣ), Д.Чориева (курси II, гурӯҳи  15  тиббӣ) ташкил дода,  эшон порчаҳои марғубу дилангезеро аз осори манзуми адиби баландпоя ба қирооат гирифтанд.
  Қобили қайд аст, ки донишҷӯи афғонистонӣ Абдуҷалил Муҳаммадбоқир (курси I, гурӯҳи 4 тиббӣ) дар маҳфил ширкат ва перомуни зодгоҳи мутафаккири бузург чанд сухан ба забон овард.
  Муаллими калони кафедраи забони тоҷикӣ С.П. Одинаев перомуни баъзе хислатҳои шахсии Мавлоно Ҷомӣ андешаҳои судманди худро иброз намуд.
  Дар хотима мудири кафедра, дотсент А.И. Юсуфов ҷараёни кори маҳфилро натиҷагирӣ намуда, ба ровиёни беҳтарин З. Салимова ва Р. Одинаев туҳфаҳои хотиравӣ супурд. Зимнан озмуни  иншонависӣ перомуни осору аҳволи Абдураҳмони Ҷомӣ низ ҷамъбаст гашта, С. Мансурова-донишҷӯи курси I, гурӯҳи 57 ғолибу барандаи ҷоиза  эълон гашт.
  Қобили зикр аст, ки масъулияти баргузории маҳфил ба дӯши муаллим Н.Б. Зуҳуров вогузор шуда буд ва муаллима М.К. Шодиматова дар ин кори хайр саъю талоши бедареғе аз худ нишон дод.

Сарафроз Зуҳурӣ-донишҷӯйи курси II, гурӯҳи 48 тиббӣ

 

Категория: Новости | Просмотров: 547 | Добавил: Gulov | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

Календарь

«  Май 2014  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия