• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » 2013 » Март » 12 » Профессор Б.Ж.Култанов: «Аз сафари анҷомдодаам таассуротҳои нек бардоштам»
12:05
Профессор Б.Ж.Култанов: «Аз сафари анҷомдодаам таассуротҳои нек бардоштам»
Профессор Б.Ж.Култанов: «Аз сафари анҷомдодаам
таассуротҳои нек бардоштам»    


     Таи қариб ду ҳафта мудири кафедраи биологияи молекулярӣ ва генетикаи тиббии Донишгоҳи тибии шахри Қарағандаи Ҷумҳурии Қазоқистон профессор Берикбай Жукенович Култанов меҳмони донишгоҳи мо буд. Дар ин муддат ӯ бо самтҳои асосии раванди таълиму тарбия дар донишгоҳ ошно гашта, ба донишҷӯёни тоҷик якчанд машғулиятҳои таълимии пурмазмун анҷом дод.
Пеш аз бозгашташ ба Ватан мо фурсат пайдо кардем, ки Берикбай Жукенович вохӯрда, аз хусуси таассуроти дар ин сафари корӣ ҳосилнамудааш бо он кас сӯҳбате анҷом диҳем.
- Берикбай Жукенович, ташрифи шумо ба ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ба чӣ хотир буд?
- Таи ду-се соли охир ҳамкориҳо байни донишгоҳи тиббии шаҳри Қарағанда ва ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино хело қавӣ гаштаанд ва сафари банда низ тибқи қарордоде, ки байни ин ду муассисаи таҳсилотӣ оид ба ҳамкориҳои илмӣ ва табодули таҷрибаи якдигарӣ ба имзо расидаанд, сурат гирифт. Росташро гӯям ман ҳеҷ чашмдор набудам, ки бо ин қадар таассуротҳои нек ба Ватан бармегардам. Аз ин хотир аз роҳбарияти донишгоҳамон миннатдорам, ки маро барои табодули таҷриба ба ин кишвари ҳам худаш ва ҳам мардумаш зебову беназир фиристоданд.
- Махфӣ набошад, аз ин сафар чӣ таассуротҳое хуше бардоштед?
- О-о, зиёданд онҳо. Вале росташро гӯям чун банда бештар бо кафедраи биология ва асосҳои генетика ҳамкорӣ доштам, маро услуби кории мудири кафедра М. Ё. Холбеков писанд афтод. дар кафедра як рӯҳияи ғайримуқаррарии дӯстона ҳукмфармост ва ҳама пайи як чиз – дарёфти роҳу усули беҳтарини таълим заҳмат мекашанд. Усули баҳодиҳии рейтингӣ, ки кафедраи мазкур тибқи он бо донишҷӯён кор мебарад, маро бисёр писанд афтод. Дар ҳақиқат усули мазкур устодро бо донишҷӯ наздик намуда, имкон медиҳад, ки толибилм аз натиҷаҳои ҳаррӯзаи донишандӯзиаш бевосита огаҳӣ ёбад. Ман баъди бозгашт аз ин хусус, албатта  дар донишгоҳамон гуфтугӯ анҷом медиҳам. Ҷиҳати дигаре, ки  пештар борҳо шунидаву вале бори аввал бо чашм дидам, ин кушодадилии мардуми тоҷик аст, ки воқеан маро мафтун сохт. Ба ростӣ ман ба шумо ҳасад мебарам, зеро чунин дасткушодиву чеҳраи шукуфтаро Худованд на ба ҳар миллат насиб гардонидааст. То ба ин ҷо омаданам  огаҳӣ доштам, ки дар донишгоҳи тиббии тоҷикон аллакай усули ҳуҷайрадармониро ба роҳ мондаанд, вале бо кору фаъолияти озмоишгоҳи кишти ҳуҷайраҳои бунёдӣ шинос гашта,  навгонии дигареро пай бурдам, ки бароям аҳамияти ҷиддӣ дошт. Аз рӯи шунидам одатан, дар аксар озмоишгоҳҳои илмии дунё ҳуҷайраи бунёдиро аз ҷанин мегиранд, вале инҷо дидам, ки онро аз хуни дилхоҳ узв гирифта, ҳуҷайрахои лозимиро ҷудо менамоянд ва ба ҳамон узви дардманд мегузаронанд. Ин комёбии беҳтарини илми тибби тоҷик аст, ки алҳол ба дигарон дастрас нагаштааст.
- Оё ба дигар самтҳои фаъолияти донишгоҳи мо имкони шиносоӣ доштед?
- Албатта. Масалан, фаъолияти китобхонаи донишгоҳи шумо ба ман писанд афтод. Навгоние, ки дар инҷо дидам, эҳтиёткорона нигаҳдорӣ шудани рисолаҳои илмӣ мебошад. Ин таҷрибаро албатта мо дар донишгоҳамон амалӣ мекунем. Захираи китобхона ниҳоят бой аст. Ҳатто якчанд асари илмии олимони донишгоҳи худамонро дар китобхона дида, мутаҳайир гаштам. Банда, инчунин бо фаъолияти Озмоишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ шинос гаштам. Олиҷаноб. Донишҷӯёни шумо имконият доранд, ки амалҳои гуногуни ҷарроҳиро дар ҳайвонот анҷом диҳанд ва бисёр аҷиб аст, ки дар озмоишгоҳ ҳайвоноти аллакай аз ҷарроҳӣ гузашта алоҳида ва ҳайвоноти ҷарроҳиро нодида алоҳида нигоҳдорӣ карда мешаванд. Ба ман усули кории Маркази илмӣ-таълимии «Стоматология» низ писанд афтод.
- Шумо, ки бевосита ба донишҷӯёни тоҷик сӯҳбат доштед, сатҳи донишу омодагии касбии онҳоро чӣ тавр баҳо медиҳед?
- Бо донишҷӯён на танҳо сӯҳбати рӯ ба рӯ доштам, балки ба онҳо 12 лексия  хонда, тавассути суолу ҷавоб бо дараҷаи донишандӯзии онҳо аз наздик ошно гаштам. Рӯйрост мегӯям: донишҷӯёни тоҷик нисбати шогирдони мо кунҷкоб ва ба фанҳои омӯзишӣ мутаваҷҷеҳанд. Сирри инро донистанӣ шудам ва муовини ректор профессор С.С. Қурбонов иброз дошт: - Дар донишгоҳи мо шӯъбаи омодагии қаблӣ амал мекунад, ки он дар вилоятҳо филиалҳои худро дорад ва довталабонро барои дохилшавӣ ба ДДТТ омода месозад. Аксари донишҷӯёни мо, ки имрӯз бо баҳои хубу аъло таҳсил мекунанд, дар шӯъбаи омодагии қаблӣ фанҳои тахассусиро чуқур аз бар намуда, ба донишгоҳ бо таҳкурсии мустаҳкам дохил гаштаанд.
Ростӣ, мо курси омодасозӣ дорему  вале шӯъбаи алоҳидае, ки дар назди донишгоҳ амал намояд, надорем. Таҷрибаи шумо қобили омӯзиш аст. Аз тарафи дигар дар ДДТТ якчанд марказу шӯъбаҳои ба қавле «зинда» амал менамоянд. Ман бо фаъолияти маркази тибби исботшуда ошно гаштам ва аз ҳар ҷиҳат он шоистаи қадр аст. Ҷиҳати ҷолиб он аст, ки марказҳои шумо ҳамчун як сохтори донишгоҳ амал менамоянд ва ин ба донишҷӯён имкон медиҳад, ки аз имкониятҳои онҳо ба таври лозимӣ истифода баранд.  Дар мо бошад марказу шӯъбаҳо тобеи вазоратанд, ки самаранокии фаъолияти онҳоро коҳиш медиҳад.
Инҷо бояд зикр намоям, ки одоби муошират ва ахлоқи баланди донишҷӯёни тоҷик маро ҳамчун як профессори мушоҳидакор мафтун сохт. Маълум, ки шӯъбаи тарбиявии донишгоҳи Шумо фаъолияти самарабахш мебарад.
- Шумо албатта дар донишгоҳҳои дигари хориҷӣ низ будед, дар муқоиса фаъолияти донишгоҳи моро чӣ тавр баҳо медиҳед?
- Пеш аз ин ман  ба донишгоҳҳои тиббии Германия ва ӯзбекистон сафари корӣ доштам. Албатта барои ба ҳадди пешрафти давлатҳои Аврупо расидан мову шумо бояд боз корҳои зиёдеро анҷом диҳем. Вале рӯйрост мегӯям, ки фаъолияти кафедраи биологияи ДДТТ нисбат нисбат ба ҳамин кафедра дар Донишгоҳи педиатрии Тошкент, ки ман будам, як сару гардан боло меистад. Аз кадом ҷиҳат? Фаъолияти Ҷамъиятҳои илмии донишҷӯёни ДДТТ бисёр назаррас аст. Аз тарафи дигар кафедраи биология бо асосҳои генетикаи донишгоҳи шумо бевосита бо мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ алоқаи мустаҳкам дорад, ки ин заминаи хубест барои ҷалби хатмкунандаҳои беҳтарини мактабҳои миёна ба донишгоҳи тиббӣ. Ахиран, ман бо маҳсули дасти донишҷӯён дар кафедра ошно гаштам, ки онҳо мафҳумҳои гуногуни биологиро аз қабили ҳуҷайра, ядро, ситоплазма ва ғайра устокорона дар қолибҳои гуногун сохта, ба устодон пешкаш кардаанд.  Барои чунин устокориро анҷом додан дониши баланди биологӣ лозим аст.
- Оё байни ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Донишгоҳи тиббии Қарағанда ягон умумиятеро ҳис намудед?
- Ҳар ҷое будам ва бо ҳар касе суҳбат доштам, аз талошҳои зиёди роҳбари донишгоҳ, профессор У.А. Қурбонов барои ба сатҳи байналмилалӣ баровардани имиҷи донишгоҳ ҳарф мезаданд. Ректори мо Равшан Султоновна Досмагамбетова ҳам дар ин самт кӯшишҳои зиёд доранд ва дар ин бобат ман як ҳамоҳангиеро ҳис намудам. Мумкин ҳамин таваҷҷуҳи баланди роҳбаронамон ду донишгоҳро бо ҳам қарин сохта бошад. Ба ҳар ҳол ДДТТ дар замони Шӯравӣ ҳам обрӯи баланд дошт ва ман боварӣ дорам, ки оянда шӯҳрати он боз ҳам болотар меравад.
- Албатта аз нигоҳи шумо камбудию норасоиҳо ҳам дур намондагистанд?
- Дар ҷое, ки кор бошад норасогӣ ҳам мешавад. Росташро гӯям ман дар ДДТТ байни кафедраҳои бунёдӣ ва клиникӣ алоқаи лозимиро мушоҳида накардам. Инро чӣ тавр фаҳмидан мумкин? Масалан, дар донишгоҳи мо фанни паразитологияи тиббӣ  дар курси 3 дар як вақт бо курси бемориҳои сироятӣ омӯзонида мешавад ва ин алоқамандӣ имконият медиҳад, ки донишҷӯён ба умқи мавзӯъ ба осонӣ ворид гарданд. Ҳамин тавр, фанҳои физиология, микробиология, эпидемиология, анатомия, биология ва ғайраҳо низ дар алоқамандии зич бо фанҳои клиникӣ омӯзонида мешаванд, ки ин алоқамандиро дар ДДТТ ҳис накардам. Дар ин хусус мо бо мудири кафедраи биология ва асосҳои генетика М.Ё. Холбеков сӯҳбати пурмуҳтаво доштем ва боварӣ дорам, ки баъзе фикру мулоҳизаҳои банда ҷиҳати беҳтаршавии кор дар оянда ба воситаи он кас ба роҳбарияти донишгоҳ расонида мешаванд.
- Ҳамкориҳои минбаъдаи дуҷонибаро чӣ тавр пешбинӣ менамоед?
- Ман боварӣ дорам, ки роҳбарияти ҳарду донишгоҳ аллакай ба як иқдоми наҷиб оғоз намудаанд, ки он сол то сол тавсеа хоҳад ёфт. Мо моҳҳои май ва октябр конфронсҳои илмиро дар сатҳи  байналмилалӣ барпо менамоем, ки аллакай барои иштирок дар онҳо олимони донишгоҳи шумо даъват гаштаанд. Давоми ду соли охир ташрифи устодону олимон ба донишгоҳи якдигарӣ хеле ривоҷ ёфтааст ва боварӣ аст, ки ин ташрифҳои дуҷониба дар оянда самарахои нек хоҳад овард.
    
Мусоҳиб:                            М.Мазиёев

Просмотров: 555 | Добавил: Gulov | Рейтинг: 4.0/1
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

Календарь

«  Март 2013  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия