• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » 2014 » Май » 12 » Рӯзи Ғалаба дар ДДТТ
12:39
Рӯзи Ғалаба дар ДДТТ

Маросими таҷлил аз Рӯзи Ғалаба дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино


   Дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино аз Иди Ғалаба  ё рӯзи пирӯзӣ бар фашизми олмонӣ таҷлил карда шуд. Лангариева Ҷ.С.- муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанг ба ҳангоми суханронӣ дар ин ҷамъомади тантанавӣ бо ишора ба таърихи чандинсолаи ин сана, ки гузашти замон низ муҳтавову ҷилои онро тира намесозад, гуфт «Иди Галаба як саҳифаи дурахшони корнамоию диловарии падарону бобоёни мо дар сангарҳои мудҳиши ин ҷанги хонумонсӯз маҳсуб мешавад ва месазад, ки ҳар яки мо онро чун китоби муқаддаси корномаи насли калонсоламон гиромӣ дошта, дар як гӯшаи хотираи худ маҳфуз дорем.» Аз диловариву қаҳрамонии донишҷӯёни донишгоҳи тиббӣ дар он замон, ки бо иродаи матину ҳисси ватандӯстӣ ба мудофиа бархоставу дар майдонҳои разм сангар гирифтанд ёдоварӣ шуда, ба саҳми босазои онҳо дар таъмини ғалаба таъкид карда шуд. Он замон ҷанг ба раванди таълим дар ягона донишкадаи навтаъсиси тиббии Тоҷикистон тағйиротҳои ҷиддӣ ворид сохт. Яъне мӯҳлати таҳсил то 4 сол кам гардида, қабули донишҷӯён дар як сол ду маротиба сурат мегирифт.  Таълим пулакӣ гашта, идрорпулии донишҷӯён барҳам дода шуда буд, вале  ба ин  мушкилиҳо нигоҳ накарда таълим дар солҳои ҷанг дар донишгоҳ қатъ нагардид ва соли 1943 аввалин хатмкунандагон бо шумораи  125 нафар дипломи табибиро гирифтанд. Аз ин шумора 30 нафарашон баъди хатми донишгоҳ  ба фронт рафтанд, 5 нафар ба қисмҳои санитарии флоти ҳавоӣ ва боқимонда ба минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон фиристода шуданд.
Дар ҷараёни ин маросими мутантан донишҷӯён бо қироати шеъру достонҳои ватанхоҳӣ ва суруду таронаҳои авсофгари  диловарию мардонагии сарбозони фидоӣ, бори дигар хотираи чунин родмардонро ҷовидонӣ гардониданд.
Зимнан, дар солҳои 1941-1945, беш аз 300 ҳазор нафар фиристодагони Тоҷикистон дар ҷабҳаҳои мубориза шуҷоату мардонагӣ нишон дода, 92 ҳазор нафарашон дар майдонҳои набард ҳалок шудаанд. Аз миёни фарзандони Тоҷикистон, ки барои ҷанг ба зидди фашистони олмон фиристода шуданд, 55 нафари онҳо бо унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфазор шудаанд. Вале қимати Ғалаба хеле гарон афтод. Иттиҳоди Шӯравӣ талафоти вазнинтарини ҷонӣ дод.  Дар ин ҷанг 27 миллион нафар аз ҳама миллату халқиятҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, аз он ҷумла ҳамватанони мо низ қурбон шуданд. Барои диловарию шуҷоаташон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ 54 нафар Тоҷикистониён бо унвони  Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ,  18 нафар бо се дараҷаи  Ордени Шараф ва 55 ҳазор нафар  бо  ордену медалҳои ҷангӣ сарфароз гардонида  шудаанд.    

 

Категория: Новости | Просмотров: 882 | Добавил: Gulov | Рейтинг: 3.5/2
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

Календарь

«  Май 2014  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 2
Гостей: 2
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия