• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » 2014 » Май » 26 » Рӯзи ҷавонон дар ДДТТ
09:21
Рӯзи ҷавонон дар ДДТТ

Маросими таҷлил аз Рӯзи ҷавонон дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино


   23 май дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино аз рӯзи ҷавонон таҷлил карда шуд. Қурбонов У.А.- ректори донишгоҳ зимни табрики донишҷӯён бо ин сана нақши ин қишри ҷомеаро дар имрӯзу ояндаи рушди кишвар таъкид карда, гуфт ин умед аз он медиҳад, ки дар ояндаи начандон дур ҷавонони тоҷик, қатъиян дунёи олиеро, ки маҳсули талоши имрӯзаи онон бо роҳнамоии ҳукумати кишвар аст, дар  даст хоҳанд дошт.
    Ректори донишгоҳ бо ишора ба фаъолиятҳои муассири илмиву ҷамъиятии донишҷӯёни донишгоҳи тиббӣ, ба саҳми онҳо дар ояндаи равшани хадамоти пизишкии кишвар таъкид намуд. Вай гуфт, бо боварӣ ва имони комил арз менамоям, ки донишҷӯёни ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, ки имрӯз бо ҳадафи садоқат ва хидмат ба Ватан роҳи омӯзишро пеша кардаанд, пас аз хатми ин боргоҳи илму маърифат илова бар масъулияте ки ба унвони як ҷавон дар масири пешрафти кишвар ба ӯҳда доранд, дар ҳимояи солимии ҷомеа низ саҳмгузор хоҳанд буд.Бинобар ин бояд барои адои ин масъулият худро аз лиҳози эътиқод ва садоқат қавӣ кунанд. Ҳамзамон ба дастовардҳои намоёни донишгоҳ дар риштаи илм, омӯзишу пажӯҳиш ишора шуд, ки дар ин роҳ нақши донишҷӯёни фаъолу соҳибистеъдоди донишгоҳ назаррас арзёбӣ гардид.
     Дар ҷараёни ин маросими мутантан донишҷӯён бо қироати шеъру сурудҳои ватанхоҳӣ, васфи айёми ҷавонӣ ва шукргузорӣ аз зебоиҳои ватан намуданд.
     Зимнан, давоми чор соли охир донишҷӯёни донишгоҳи тиббӣ бо иштироки фаъол дар озмунҳои саросарӣ, пайваста ғолиб омада, сазовори мақоми дуввум  миёни сӣ муассисаи таҳсилоти олии кишвар мешаванд. Донишҷӯён баробари пирӯзӣ дар озмунҳои илмӣ, фаннию маърифатӣ, ҳамчунин дар озмунҳои  варзишӣ низ комёбӣ ба даст овардаанд. 7 нафар аз донишҷӯён дар намуди гӯштии  миллӣ, варзиши сабук, ва таэквандо  низ сазовори ҷойҳои намоён гардиданд. Дар поёни маросим ба 73 нафар  аз ҷавонони боистеъдоди ДДТТ ба номи Абӯали  ибни Сино  аз ҷониби ректори донишгоҳ Қурбонов У.А. ҷоиза ва ифтихорномаҳо тақдим карда шуд.

 

Категория: Новости | Просмотров: 811 | Добавил: Gulov | Рейтинг: 3.0/1
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

Календарь

«  Май 2014  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия