• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » 2014 » Март » 19 » «Рӯзи дарҳои кушод» дар донишгоҳ
12:39
«Рӯзи дарҳои кушод» дар донишгоҳ

«Рӯзи дарҳои кушод» дар донишгоҳ


   Чорабинии «Рӯзи дарҳои кушод», ки бо ташаббуси раёсати донишгоҳ 15 март  барпо гашт, аз субҳи барвақт шумораи зиёди хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии пойтахт ва навоҳии гирду атрофии онро дар бинои асосии донишгоҳ ҷамъ овард.
    Мақсад аз ин чорабинӣ бо шароитҳои таҳсил шиносо намудан ва ба таҳсили олӣ ҷалб сохтани беҳтарин хатмкунандагони имсола мебошад. Мактабиёнро кормандони масъули донишгоҳ истиқбол гирифта,  онҳоро бо фаъолияти факултаҳо, марказҳои илмӣ, шӯъбаҳо, озмоишгоҳу кафедраҳо, китобхонаи донишгоҳ, шароитҳои таҳсил дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино шинос намуданд. Мактабиён ҳатто имконият пайдо намуданд, ки соате дар китобхонаи электронии таълимгоҳи олии тиббии ҷумҳурӣ  паси компютерҳо нишаста, бо ёрии кормандони китобхона ба омӯзиши маводҳои гуногуни таълимӣ машғул шаванд. Аснои шиносоӣ аз донишгоҳ чанде аз  довталабони оянда таассуротҳои худро  ба хабарнигор «Ворисони Сино»  ин тавр баён доштанд:  
   Каримова Сайёра- хатмкунандаи мактаби рақами 16-и шаҳри Душанбе:
   Хабари эълон шудани «Рӯзи дарҳои кушод»-ро шунида, ман аз субҳи барвақт ба саҳни донишгоҳ омадам Ин ҷо қаблан бо ҳамсолони зиёдам, ки имсол ба донишгоҳи тиббӣ дохил шуданианд, шиносо гаштам.  Зимни тамошо мо бо бисёр имкониятҳои таҳсил дар ин махзани маърифатӣ ошноӣ пайдо намудем. Ин бори дуюм буд, ки ман аз бинои асосии ДДТТ дидан мекунам ва дар фосилаи кӯтоҳ навигариҳои зиёдеро мушоҳида кардам.
 Ашӯрова Мадина-Ман таҳсили мактабиро дар ноҳияи Шаҳртӯз ба итмом расонидаам ва имсол ба шуъбаи тайёрии донишгоҳ дохил гашта, мехоҳам, ки ба имтиҳонҳои қабул худро омода созаму бо  тайёрии комил донишҷӯи донишгоҳ шавам. Шиносоӣ бо марказу шуъбаҳои таълимгоҳои олии тиббӣ шавқу завқи маро ба касби интихобкардаам боз ҳам зиёд намуд. Кӯшиш мекунам, ки ба сафи донишҷӯёни донишгоҳ ҳамроҳ гашта, оянда ҳамчун мутахассиси хуб ба хизмати мардуми азизам пардозам.
   Ҳусенова Таманно- хатмкунандаи мактаби рақами 35-и шаҳри Душанбе:
  Маълум, ки имсол имтиҳонҳо дар Маркази миллии тестӣ кабул карда мешаванд. Ҳарчанд тавассути воситаҳои ахбор бо шарту шароитҳо шиносо гашта бошем ҳам , мо саволҳои зиёде мдоштем, ки имрӯз ба онҳо аз кормандони масъули донишгоҳ ҷавобҳои аниқ гирифтем. Дар ҳақиқат табиб шудан орзуи ҳар як ҷавони  худогоҳ аст, вале барои ин пешакӣ худро ҳаматарафа омода намудан лозим меояд. Бо ҳамин мақсад ман ҳоло ба таври ҷиддӣ тайёрӣ дида истодам ва боварӣ дорам, ки ба мақсади худ мерасам.
 Ғаффорова Нигина-Ман Гимназияи рақами 1-и шаҳри Хӯчандро хатм намуда, имсол барои идомаи таҳсил ба пойтахти мамлакат омадам ва инак чанд моҳ аст, ки дар шуъбаи тайёрии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ба имтиҳонҳои қабули имсола омодагӣ мебинам. Имрӯз мо бо шароитҳои таҳсил дар донишгоҳ шинос гашта, боварии қавӣ ҳосил намудем, ки дар ин даргоҳи муқаддас барои мутахассиси хуби соҳаи тиб шудан ҳамаи шароитҳоро муҳайё намудаанд.
   Маҳмудзода Гуландом- Ман ҳам аз шаҳри Хӯчанд барои ба ДДТТ тиббӣ дохил шудан омадаам. Соли гузашта барои дохил шудан холҳоям камӣ карданд ва аз ин рӯ имсол ба шуъбаи омодагии қаблӣ дохил шуда, савияи донишамро баланд мебардорам. Албатта барои табиби оянда шудан донишу заковати баланд лозим аст. Ман ба ин бори дигар имрӯз ҳангоми боздид аз донишгоҳ боварӣ ҳосил намудам. Аз ҳама муҳимаш бояд кас дилшикаста нашуда, худро барои таҳсили оянда бо донишҳои нав мусаллаҳ созад. Устодони донишгоҳ имрӯз ҳангоми вохӯрӣ бори дигар моро дилпур намуданд, ки барои  табиби оянда шудан фақат  ба қувваю қудрати худ такя намудан лозим аст.
   Ҳамин тавр давоми р ӯз беш аз дусад нафар довталабони оянда аз марказу шуъбаҳо ва факултаву кафедраҳои донишгоҳ дидан намуданд. Дар охир дар толори ба номиСино вохӯрии кормандони масъули донишгоҳ бо хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ барпо гашт. Зимни вохӯрӣ , ки беш аз як соат идома ёфт, довталабони имсола ба бисёр саволҳои худ аз сардори Маркази ягонаи тести донишгоҳ И.З.Саидов ва корманди масъули комиссияи қабули ҳуҷҷатҳо Қ.К.Қобилов ҷавобҳои аниқ гирифтанд.
                                                                                                                      М.Мазиёев

 

Категория: Новости | Просмотров: 556 | Добавил: Gulov | Рейтинг: 5.0/1
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

Календарь

«  Март 2014  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 2
Гостей: 2
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия