• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » 2014 » Март » 10 » Рӯзи Модар дар Донишгоҳ
11:54
Рӯзи Модар дар Донишгоҳ
   Ҳафтаи сипаришуда тамоми мардуми Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи модар ҷамъомаду чорабиниҳои гуногун барпо намуда, муносибат, мавқеъ ва эҳтироми худро ба Зан-Модар ифодаву муайян намуданд.  Аз ҷумла, дар донишгоҳи азизи мо санаи 7 март аз ҷониби Муовинати тарбия ва фарҳанг ҷамъомади идона ба ин муносибат ташкилу баргузор карда шуд.  Дар чорабинӣ аъзои раёсат, намояндагони кафедраҳо, донишҷӯён ва ба вижа бонувони донишгоҳ ширкат варзида,  барномаи таҳияшудаи маҳфилро бо завқи тамом тамошо намуданд. Қайд кардан ба маврид аст, ки дар ҷамъомади идонаи донишгоҳӣ аъзои дастаи "Шифо” оид ба ҳаёти иҷтимоии занон ва мақоми онҳо дар тули таърих маълумоти мухтасар пешкаши ҳозирин намуда, дар ин раванд боистифода аз навору аксҳо ва дигар ороишоти техникӣ маҳфилро ҷолибу тамошобоб гардонданд. Бахусус, маълумот дар бораи тақдири занҳо дар Чин, Ҳиндустон ва Арабистон бо намоиши суруду рақсҳои мардумии ин мамлакатҳо, иқтибос аз рейтинги 10 нафар занҳои машҳури олам ва муайян намудани як нафар бонуи беҳтарини донишгоҳ тавассути пурсишварақаҳо падидаи нав дар чорабиниҳои донишгоҳӣ маҳсуб ёфта, аз ҷустуҷӯ ва эҷодкориҳои аъзои дастаи "Шифо” дарак медиҳад. Инчунин, дар ҷараёни маҳфил пахши таманниёти кормандони донишгоҳ ва намоиши барномаи консертӣ ҷамъомадро шукӯҳу зиннат бахшида, онро хотирмонгардонид.
  Боиси хушнудист, ки дар ин чорабинӣ ташкилотҳои ҷамъиятӣ ҳамоҳангӣ намуда, корҳои ташкилӣ ва назорати тартиботро хуб ба роҳ монданд.
   Лозим ба кайд аст, ки чорабинии мазкур барои бонувони донишгоҳ туҳфаи сазовору арзандае  буд, бахшида ба Рӯзи Модар.

10 марти соли 2014

Шӯъбаи фарҳанг

Категория: Новости | Просмотров: 600 | Добавил: Gulov | Рейтинг: 3.0/1
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

Календарь

«  Март 2014  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия