• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » 2013 » Апрель » 6 » Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ дар ДДТТ
14:39
Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ дар ДДТТ
Маълумот дар бораи баргузории чорабиниҳо бахшида
ба 7-уми апрел – Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ

  Ҳамасола бахшида ба 7-уми апрел – Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ дар донишгоҳ чорабиниҳои гуногун баргузор мешавад. Соли равон Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ мавзӯи Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустиро «Бемории фишорбаландӣ» интихоб намуд. Дар доираи мавзӯи мазкур рӯзи 6-уми апрели соли равон бо ташаббуси муовинаи муолиҷавӣ форум гузаронида шуд. Дар форум дар қатори устодону донишҷӯёни донишгоҳ инчунин сардори намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ Павел Урсу, сардори шуъбаи кадрҳои Вазорати тандурустӣ  Ашурова Ш.С. иштирок ва баромад намуданд.        Дар форуми зикршуда 286 нафар аз ҷумлаи мудирони кафедраҳо, аъзои раёсат, омӯзгорон, аспирантҳо, ординаторони клиникӣ, интернҳо ва донишҷӯёни курсҳои болоӣ ширкат варзиданд. Бахшида ба мавзӯи зикршуда аз тарафи устодони донишгоҳ профессорон Шарипова Х.Ё.,  Ишонқулова Б.О., Қодирова Д.А., н.и.т., дотсент Ҳоҷиева Г.Б., аз тарафи аспиранту ординаторони клиникӣ Исрофилов М., Шарифова Н., Ҷалолова М. ва Ѓаниев Х. Дар интиҳо аъзои дастаи «Шифо»  бо баромади ҷолиби диққати худ табъи ҳозиринро шод гардониданд.
  Чорабинии дигаре, ки бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ баргузор гардид, ин гузаронидани аксия барои расонидани кӯмаки ройгони ташхисию табобатии устодони донишгоҳ ба аҳолии шаҳри Душанбе мебошад, ки дар шароити Маркази ташхисию табобатии донишгоҳ баргузор гардид. Ба зиёда аз 60 нафар ашхоси ниёзманд, ки аксарияти онҳо камбизоат буданд, кумаки баландихтисоси машваратӣ ва ташхисию табобатӣ расонида шуд. Ба ниёзмандон ба ҷузъ аз ёрии машваратӣ инчунин маводи доруворӣ низ кӯмак расонида шуд.   

Муовини ректор оид ба корҳои муолиҷавӣ             Гадоев Б.Ш.
Категория: События | Просмотров: 711 | Добавил: Gulov | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

Календарь

«  Апрель 2013  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия