• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » 2014 » Ноябрь » 1 » «Раҳбари ҷавон»
19:57
«Раҳбари ҷавон»

Ба иттилои Шумо мерасонем, ки 1 ноябри соли 2014 дар маҷлисгоҳи Мақомоти Иҷроияи Ҳокимияти Давлати дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ҷаласаи аввали даври дуюми Маҳфили «Раҳбари ҷавон» дар соли 2014 - 2015 бо иштироки Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абудуллозода Аҳтами Рустам, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хонов Абдураҳмон, сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе Саймуддинов Аббосиддин баргузор гардид. Дар оғози маҳфил ба хотири иштироки мунтазам дар омӯзиши муваффақонаи дарсҳои фарҳанги сиёсии маҳфили «Рахбари ҷавон» дар соли 2013-2014, як қатор иштирокчиёни фаъоли маҳфил бо «Сертификат» сарфароз гардонида шуданд. Дар сертификати мазкур имзои 16 нафар сиёсатмадорони варзидаи ҷумҳурӣ дарҷ гардидааст. Бояд қайд намоям, ки дар даври аввали ин маҳфил, ки соли 2013-2014 оғоз гардида буд, тибқи мактуби расмӣ аз намояндагони ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Саидов И.С. собиқ донишҷӯёни факултети тиббӣ Раҳмонов Талабшо, Қутбидинов Ҳадятулло ва донишҷӯёни курси 6-уми факултети тиббӣ Каримова Фарзона ва Шоҳбидинзода Фарзона пешниҳод шуда буданд. Ҳамаи ин намояндагон дар ҷаласаҳои маҳфили мазкур мунтазам иштирок менамуданд. Бояд қайд намоям, ки имсол аз донишгоҳ тибқи руйхати тасдиқгардида барои ширкат дар даври дуюми маҳфили мазкур 10 нафар донишҷӯёни фаъоли шуъбаи кор бо ҷавонон пешниҳод гардиданд. Нафароне, ки бо «Сертификат»-и маҳфил сарфароз гардонида шуданд: 1. Саидов Искандар – мудири шуъбаи кор бо ҷавонон 2. Раҳмонов Талабшо – собиқ донишҷӯи факултети тиббӣ 3. Талабова Мадина – донишҷӯи курси 2, факултети тибб 4. Мирфозилова Миҷгона – донишҷӯи курси 2, факултети тиббӣ.

Категория: События | Просмотров: 360 | Добавил: Qumatib | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

Календарь

«  Ноябрь 2014  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 2
Гостей: 2
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия