• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » 2015 » Март » 19 » Роҳи каҷ ба манзил намебарад
11:08
Роҳи каҷ ба манзил намебарад
Роҳи каҷ ба манзил намебарад    
   Хабари дар роҳи сафар ба Сурияи ҷангзада дастгир шудани шаҳрванди Тоҷикистон собиқ донишҷӯи  донишгоҳи тиббӣ  Бозорзода Шаҳнозаи Қурбоналиро аз расонаҳои хабарӣ шунида, бори дигар итминон пайдо кардем, ки маҳз маърифати паст ва бетаваҷҷуҳӣ ба илму фарҳанги муосир як зумра ҷавонони моро ба гирдоби саргумиҳо мекашад.
    Зеро ҳафт сол пеш, аниқтараш соли 2008 як бор бахти ҳақиқӣ ба рӯи  Шаҳноза хандида буду ӯ аз байни ҳазорҳо нафар ҷавони кишвар ба сафи донишҷӯёни Донишгоҳи тиббӣ қабул гашта буд. Вале афсӯс, ки ӯ ба қадри ин бахти худодода нарасид ва онро  пеши по заду ҷои илмомӯзӣ  ҳавову ҳаваси бегонаро мақсаду мароми минбаъдаи хеш қарор дод.  Бояд қайд кард, ки Шаҳноза  дар давоми чор соли  таҳсилаш  3 маротиба аз сафи донишҷӯён хориҷ карда шудааст. Биёед пайраҳаи начандон тӯлонии донишҷӯии ин духтари роҳгумро як бор аз назар мегузаронем ва мебинем, ки чандин бор роҳбарияти донишгоҳи муқаддасе, ки ӯ таҳсил дошт, ба ӯ ба хотири ояндаи некаш гузаштҳо карда имкониятҳои иловагӣ фароҳам овардаанду вале Шаҳнозаи мафтуни хаёлҳои хоми хеш ин ҳамаро нодида гирифта, аз хатоҳои  худ хулосаи саривақтӣ набароварда,  оқибат ба гирдоби саргумиҳо ғуттавар гашт:
    Маротибаи якум Шаҳноза Бозорзода бинобар сабаби аз имтиҳони физиологияи патологӣ, ҷарроҳии умумӣ, фармакология ва таълими ассосҳои бемориҳои дарунӣ баҳои ғайриқаноатбахш гирифта, дар асоси  фармони №152§1 аз 19.11 соли 2011 аз сафи донишҷӯён хориҷ гардид ва як сол баъд бошад, дар асоси фармони №20§5 аз санаи 01.02 соли 2012 ба сафи донишҷӯён аз нав барқарор гардид.
   Маротибаи дуюм дар семестри 6-уми соли хониши 2011-2012 бинобар сабаби  се маротиба баҳои ғайриқаноатбахш гирифтан аз фанни таълими асосҳои бемориҳои дарунӣ дар асоси фармони №113§9 аз 06.09 соли 2012 аз сафи донишҷӯён хориҷ гардидааст ва дар санаи 11.02 соли 2013 таҳти №26§15 бори дуюм барқарор шудааст.
    Бозорзода Шаҳноза  боз бори сеюм ҳам аз имтиҳонҳо номуваффақ гашта бошад ҳам, вале ба тариқи истисно дар семестри 6-уми соли хониши 2012-2013 барқарор карда дар асоси фармони № 26§15, аз 11.02.с.2013 ба сафи донишҷӯён барқарор карда шудааст.
    Мутаасифона, ӯ ба қадри ин ҳама гузашткуниҳо нарасид ва ба таҳсил ба таври ҷиддӣ машғул нагашт.  Дар натиҷа ҳангоми таҳсил дар курси 4-ум  дар сессияи имтиҳонии тобистонаи семестри 8-уми соли хониши 2013-2014 аз имтиҳонҳои ҷории фанҳои оторинолагингология, бемориҳои дарунӣ, дерматовенерология ва асабшиносӣ номуваффақ гашт.
    Оқибат  донишҷӯи курси 4-уми факултети тиббӣ Бозорзода Шаҳноза бинобар сабаби иҷро накардани барномаи таълимӣ, чор маротиба баҳои бад гирифтанаш (аз имтиҳонҳои ҷории фанҳои акушерӣ, бемориҳои дарунӣ,  дерматовенерология  ва асабшиносӣ) дар семестри 8-уми соли хониши 2013-2014 аз  сафи донишҷӯёни донишгоҳ  хориҷ карда шуд.
    Дигар Шаҳноза барои барқарор гаштан кӯшишу талоше ҳам накард, балки ҳавасҳои бегона ӯро ба кӯи номуродӣ кашиданд.
   Инак, Шаҳноза Бозорзода бо рафторҳои хилофи қонун дар давлати бегонаи Туркия ҳангоми сафари ғайриқонуниаш ба Сурия дастгир гашта ба Тоҷикистон истирдод шуд ва имрӯз ӯ дар назди қонун тибқи аъмолаш ҷавоб мегӯяд. Ҳарчанд аз карда пушаймон бошад ҳам вале чуноне ки мегӯянд, худкардаро даво нест. Омоли хатову пурҳасрати ин духтари роҳгум, ки ояндаи пурумеди хешро қурбони ҳавову ҳаваси бепояву асос намуд, мебояд, ки барои дигарон сабақи ҷиддӣ гардад. Зеро танҳо бо талошу ҷонбозиҳои даврони ҷавонӣ, касби илму маърифат ва устуворӣ дар роҳи амалӣ сохтани орзуҳои наҷиб   ояндаи накӯро таъмин намудан мумкин аст. Ҳавасҳои пучу бепоя бошад, оқибат касро дар нимароҳ яккаву танҳо ва лолу ҳайрон мемонанд.
Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа
Категория: Новости | Просмотров: 993 | Добавил: Gulov | Рейтинг: 2.2/5
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

Календарь

«  Март 2015  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия