• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » 2013 » Июнь » 1 » Роҳи сафед, хатмкунандагони азиз!
14:46
Роҳи сафед, хатмкунандагони азиз!
Нутқи
Ректори  ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, д.и.т., профессор Қурбонов Убайдулло Абдуллоевич  дар ҷамъомади тантанавӣ, бахшида ба «Рӯзи хатм»

   Ҳозирини мӯҳтарам!
  Қаблан ҳамаи шуморо, ки вақти қимати худро  дареғ  надошта ба ин  чорабинии  хотирмон ҳузур фармудаед, хайрамақдам гуфта,  шогирдони азизро, ки  баъди шаш  соли  талошу бурдбориҳо  имрӯз бори охир  ба устодони худ  рӯ ба рӯ  шаҳди хурсандиҳоро  мечашанд,  бо ин  рӯзи  дар ҳақиқат ҳам фирӯз  - хатми  донишгоҳи  олии  тиббӣ табрику  таҳният  мегӯем ва барои  фаъолияти минбаъдаи   касбиашон ба онҳо «Роҳи сафед»   орзӯ менамоем.
  Аз ин хотир, ба ҷамъомади имрӯза меҳмонони зиёди олиқадр даъват гаштаанд, ки ташрифи  эшонро ба ин даргоҳи муқаддас хайрамақдам мегӯям.
   Ҳозирини гиромӣ!
  Дар ҳақиқат Донишгоҳи тиббӣ тӯли беш аз ҳафтод сол мешавад, ки рисолати таърихии хешро бо ифтихори баланд пеш бурда, дар тарбия намудан ва ба муассисаҳои тиббии кишвар фиристодани мутахассисони  соҳибмаълумоти соҳа саҳми арзандае гузоштааст.      Агар  ба таври умумӣ гӯем, дар ин муддат донишгоҳи моро беш аз 34 ҳазор нафар толибилмон хатм намудаанд, ки дар гушаю канори гуногуни кишвар ва берун аз марзи он ҳамчун мутахассисони варзида фаъолият намудаанд ва  имрӯз ҳам ин вазифаи фахриро бо шарафона пеш бурда истодаанд.
  Бояд ёдовар шуд, ки дар давоми солҳои   охир тавассути маблағҳои дохиливу ҷалби сармоягузории хориҷӣ раванди компютеркунонии  таълим суръати тоза гирифта, тамоми шӯъбаву марказҳо, кафедраву озмоишгоҳҳо бо навтарин технологияи замони муосир   таъмин   карда  шудаанд. Ҳамаи ин тадбирҳои амалигашта, омили асосии  беҳтаршавии  сатҳу сифати дониши муҳассилини донишгоҳ мебошанд.
  Соли чорум  аст, ки бо мақсади шаффофу самарабахш гузаштани имтиҳонҳои хатмкунии давлатӣ мо дар донишгоҳ усули нави санҷидашударо ба роҳ мондаем, ки он ба санҷиши на танҳо донишҳои назариявӣ, балки инчунин муайян намудани малакаву истеъдоди касбии хатмкунандагони донишгоҳ равона карда шудааст.
  Таҳлили натиҷаҳо нишон медиҳанд, ки чунин усули қабули имтиҳонҳо сатҳи ҳақиқии дониши донишҷӯёнро муайян сохта,  ҳамзамон ба стандартҳои давлатӣ ва байналмилалӣ  ҷавобгӯ мебошад.
  Ба маълумоти шумо мерасонам, ки  имтиҳонҳои хатмкунии давлатиро имсол дар маҷмӯъ 1012 нафар  (904 нафар ватанӣ) донишҷӯён, аз ҷумла, аз факултети тиббӣ  777 нафар, аз факултети стоматологӣ  96 нафар, аз факултети фармасевтӣ  58 нафар донишҷӯ ва аз факултети НТҶ  81 нафар донишҷӯён бо муваффақият супориданд.  Аз теъдоди умумии хатмкунандагон (1012нафар)  85 нафар тибқи квотаи Президентӣ ва 108 нафарашонро донишҷӯёни хориҷӣ  ташкил медиҳад.
  Аз рӯи ҷамъбасти имтиҳонот баҳои хубу  аъло 74,8% - ро ташкил дод, ки нисбати соли гузашта 9,2% (65,6%) зиёд мебошад. Дараҷаи дарсазхудкунӣ бошад, нисбати соли гузашта 0,2,% зиёд шуда ба 99, 6% расид.  Мутаасифона, аз рӯи ҷамъбасти имсола ҳамагӣ  4 нафар хатмкунанда ноком гардид.
  Боиси қаноатмандист, ки имсол бори аввал теъдоди зиёди    хатмкунандагони мо соҳиби дипломи аъло мегарданд. Агар дар соли 2011 шумораи ин нафарон 42  ва дар соли 2012  37 нафарро ташкил дода бошад, пас имсол 81 нафар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Синоро бо дипломи аъло хатм намуданд. Аз ҷумла аз факултети тиббӣ – 64 нафар, стоматологӣ – 7 нафар, фармасевтӣ – 5 нафар.  Ин ҷо лозим ба қайд аст, ки аз ин  теъдод  6 нафар донишҷӯёни хориҷӣ ва 6 нафар тибқи квотаи Президентӣ низ сазовори дипломи аъло гардиданд.
   Ҳозири гиромӣ,
  Ба маврид мешуморам, ки дар бораи  яке аз ҳуҷҷатҳои муҳими давлатӣ - «Барномаи тайёр намудани кадрҳои тиббӣ барои солҳои 2010-2020»,  ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.10.с.2009, таҳти №600 тасдиқ шудааст, ёдовар шавам. Барномаи мазкур, бо мақсади таъмини адолати иҷтимоӣ  ва ба танзим даровардани вазъият, ичунин барҳам задании номутаносибии таъминотнокӣ бо духтурон дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ таҳия шудааст. Азбаски дар самти тайёр намудани кадрҳои тиббии дорои маълумоти олӣ  Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино – ҳамчун ягона муассисасаи таҳсилоти олии тиббӣ дар мамлакат нақши ҳалкунандаро доро аст  ва  баъзе аз  бандҳои барнома бевосита ба он мансуб мебошанд.
  Вобаста ба ин,  Раёсати донишгоҳ   дар ин давра як қатор  татбирҳои мушахасро ба анҷом расонидааст. Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки  фоизи қабули довталабон аз шаҳру ноҳияҳое,  ки  эҳитиёҷашон ба духтурони касбӣ нисбат ба дигар  навоҳии кишвар бештар аст мунтазам меафзоянд.  Чунончи, имсол шумораи хатмкунандагони Донишгоҳи тиббӣ аз манотиқи кивар чунин аст:
Суғд- 236 нафар          (182н. с.2007)
Хатлон – 228нафар        (204н. с.2007)
Душанбе -242 нафар       (249н. с.2007)
НТҶ – 155 нафар          (142н. с.2007)
ВМКБ – 43 нафар          (71н. с.2007)

  Шогирдони азиз!
  Давраи донишандӯзӣ  ва камолоти касбӣ дар ҳақиқат ҳам мушкилиҳои зиёдеро бо худ дошт, вале Шумо, ки бо азму иродаи  қавӣ ва нияту орзуҳои ширини ҷавонӣ ба ин таълимгоҳи муқаддас қадам гузошта будед, сабру таҳаммулро пешаи асосии худ намуда, душвориҳои сангини пайроҳаи  касбомӯзиро ба осонӣ паси сар кардед ва имрӯз ҳаққонӣ метавонед ифтихор намоед, ки аз имтиҳони аввалини зиндагӣ бомуваффақият гузашта, ба фаъолияти мустақилонаи касбии худ роҳи васеъ кушодед.
  Воқеан, дар тӯли мавҷудияташ  ин даргоҳи муқаддас беш аз 34 ҳазор мутахассисони соҳибмаълумотро тарбият намуда, ба хизмати халқу Ватан фиристодааст, ки ҳар кадоми онҳо дар баробари ҳамчун табибони соҳибкасбу дилсӯз ном баровардан инчунин,  бо кору фаъолияти шоистаашон заррае ҳам бошад, мақому манзалат ва обрӯву эътибори донишгоҳи азизи худро  дар байни мардуми кишвар ва берун аз он шарафмандона муаррифӣ намудаанд. Боварӣ дорам, ки хатмкунандагони имсола низ масъулияти бузурги касби пешакардаи худро аз ҳампешагони калонсоли худ камтар ҳис намекунанд ва донишҳои касбии тӯли шаш сол дар донишгоҳ азбарнамудаашонро  ба манфиати мардуми кишвар дилсӯзона сарф карда, дар рушду инкишофи тибби муосири тоҷик ва татбиқи барномаҳои давлатии солимгардонии ҷомеа саҳми арзандаи хешро мегузоранд. Набояд фаромӯш сохт, ки хатми донишгоҳ ҳанӯз оғози роҳ аст. Барои табиби ҳозиқу донишманд ва мушкилкушои дарди ҳазорон нафар ниёзмандон гаштан дар минбаъда боз ҳам омӯхтан, таҷрибаи андӯхтаи ҳамкасбони  калонсолро аз бар намудан бояд шеваи асосии кору фаъолияти Шумо, шогирдони азиз гардад ва инҷо боз ҳам мисраъҳои Мавлонои Рум ба хотир мерасанд, ки гуфтааст:    
    Ақл қувват гирад аз ақли дигар,
    Пешагар комил шавад аз пешагар .
  Бори дигар, Шумо, шогирдони азизро бо хатми донишгоҳ табрик гуфта, дар касби пуршарафи табибӣ ба ҳар кадоматон муваффақият ва  некномиро таманно менамоям.
  Роҳи сафеди зиндагӣ насибатон бод, хатмкунандагони азиз!

Категория: Новости | Просмотров: 901 | Добавил: Gulov | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

Календарь

«  Июнь 2013  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 4
Гостей: 4
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия