• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » 2014 » Август » 2 » Сӯгворӣ
12:12
Сӯгворӣ

Сӯгворӣ

ПИРОВА АЗИЗА ҲАЙДАРОВНА

     Аҳли ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, имрӯз мотами вазнин  доранд. Марги нобаҳангом  яке аз устодони ҷавони мамлакат, табиби номӣ, омӯзгори мушфиќ, эпидемиолог, н.и.т., дотсент,  Пирова Азиза Ҳайдаровнаро – 2 – юми августи соли 2014 бехабар аз байни мо рабуд.   
     Пирова Азиза Ҳайдаровна  26-уми ноябри соли 1961     дар  вилояти Суғд  ба дунё омадааст. Соли 1985  Донишкадаи  тиббии ба номи И. М. Сеченови ш. Москва    аз рӯи ихтисоси духтури муолиҷавӣ бомувафаќият хатм кардааст.   
Соли 1999 номзади илмҳои тиб гаштааст. 
    Духтури эпидемиологи бунгоҳи тиббию эпидемиологии Алексини вил. Тулаи Федератсияи Россия (1985 – 90)
    ординатор (1990 – 92)  
    ассистенти кафедраи гигиенаи иҷтимоӣ ва ташкили тандурустӣ (1992 –96)
    ассистент (1996 – 2000)
    муаллими калон (2000 – 05)
    аз соли 2005 докторанти кафедраи Эпидемиологияи ДДТТ
    такмили ихтисос дар ш. Каунас (Литва) с.2004
    такмили ихтисос дар ш. Москва с.2005
    Пирова Азиза Ҳайдаровна соли 2005 барои магистрҳои факултаи тандурустии ҷамъиятӣ ду модули таълимӣ оид ба усули эпидемиологии тадкикот ва биоомор тайёр намуд. Дар мавзӯи «Хусусиятҳои зуҳуроти домана дар шароити ғайримукаррарии ш. Душанбе» рисолаи номзадӣ дифоъ намудааст. Муаллифи 38 маќола ва тезисҳо, 3 дастуру тавсияи методӣ.
    Аз соли 2010 то имруз вазифаи мудири кафедраи Эпидимиологияи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Синоро ба уҳда дошт.
   Ҷои Азиза Ҳайдаровна дар қалбҳои мо холӣ буда, меҳру муҳаббат ва хотираи неку беғубори ин шахси саропо ахлоқу фазилат ва беҳтарин суннатҳои одаму одамгарӣ  дар ёдҳо ҷовидона боқӣ хоҳад монд, зеро гуфтаанд:
Зиндаву ҷовид монд, ҳар к-у накуном  зист,
К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад   номро.
     Дар ин лаҳзаҳои  ғамбору ҳасратнок аз номи кули кормандону устодон ва шогирдони Донишгоҳи тиббӣ ба аҳли оила ва хешу пайвандони Азиза Ҳайдаровна изҳори ҳамдардӣ намуда, аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил хоҳонанд. 
        Руҳат шод ва манзилат обод бод,   Азиза Ҳайдаровнаи   азиз!  

Категория: События | Просмотров: 687 | Добавил: Gulov | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

Календарь

«  Август 2014  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 2
Гостей: 2
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия