• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » 2013 » Июнь » 17 » Семинар-тренингҳои омӯзишӣ барои ординаторҳои клиникӣ
13:23
Семинар-тренингҳои омӯзишӣ барои ординаторҳои клиникӣ
Семинар-тренингҳои омӯзишӣ барои ординаторҳои клиникӣ

  Дар давоми моҳҳои май – июни соли 2013 дар Маркази иттилоотӣ оид ба маводи дорувоӣ семинар–тренинги омӯзишӣ барои ординаторҳои клиникии соли аввали Донишгоҳ дар мавзӯи «Принсипҳои асосии муолиҷаи самараноки зиддибактериявӣ. Антибиотикорезистентнокӣ ва роҳҳои бартараф кардани он» ташкил ва гузаронида шуд. Барномаи семинар–тренинги мазкур барои ду рӯз ва 12 соати академӣ пешбинӣ шуда, тамоми присипҳои асосии муолиҷаи зиддибактериявиро дар бар мегирад.



  Дар ин семинар–тренинг ба иштирокчиён тарзи дуруст таъин намудани маводҳои доругии зиддибактериявӣ аз рӯи нишондодҳои клиникӣ ба таври муфассал шарҳ дода шуд. Инчунин, дар ҷараёни семинар – тренинг ҳамчун кори амалӣ бозиҳои нақшӣ гузаронида мешуд, ки дар он аз байни иштирокчиён як нафар нақши «духтур» ва як нафари дигар нақши «бемор» – ро иҷро мекард.
      Баъди иҷрои нақшҳо камбудӣ ва норасоии кори «духтур» ҳангоми ба бемор таъин намудани маводҳои доругии зиддибактериявӣ баррасӣ гардида, роҳҳои дурусти таъиноти ин гурӯҳи маводҳои доруворӣ фаҳмонида мешуд.
  Семинар–тренинг бо усулҳои муосири интерактивии таълимӣ гузаронида шуда, дар ҷараёни он ҳамаи ординаторҳо бевосита иштироки фаъолона доштанд.
  Дар анҷоми семинар–тренинг ба ҳар як иштирокчӣ маводҳои иттилоотӣ ва барномавӣ тақдим карда шуд ва иштирокчиён бошанд дар навбати худ фикру ақида ва мулоҳизаҳои худро барои боз ҳам беҳтар гузаронидани чунин тренингҳои омӯзишӣ ҳам ба таври шифоҳӣ ва ҳам ба таври хаттӣ баён менамуданд.
  Маркази иттилоотӣ оид ба маводи доруворӣ минбаъд низ ташкил ва гузаронидани чунин семинар – тренингҳои омӯзиширо идома хоҳад дод.

Категория: Новости | Просмотров: 688 | Добавил: Gulov | Рейтинг: 3.0/2
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

Календарь

«  Июнь 2013  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 3
Гостей: 3
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия