• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » 2013 » Апрель » 9 » Семинари МИМД бо муовинони сардухтурони МСШ-ҳои ш.Душанбе
10:56
Семинари МИМД бо муовинони сардухтурони МСШ-ҳои ш.Душанбе
Ташкил ва баргузории семинари МИМД дар Маркази шаҳрии тибби оилавӣ бо иштироки муовинони сардухтурони МСШ-ҳои ш.Душанбе

  Дар доираи нақшаи кории қаблан тасдиқшудаи Маркази иттилоотӣ оид ба маводи доруворӣ  ва бо мақсади беҳтар ба роҳ мондани фаъолият, муаррифии Консепсияи системаи формулярӣ ва РАМД-и ҶТ (с.2012) дар байни кормандони соҳаи тиб Маркази шаҳрии тибби оилавии ш. Душанбе дар таърихи 9-уми апрели с.2013 аз тарафи кормандони МИМД як семинар-тренинги омўзишӣ баргузор гардид. Дар кори семинари мазкур Роҳбари МИМД Аҳророва М.О., эксперт-фармасевти МИМД Раҳмонова З.А., иҷрокунандаи вазифаи директори Маркази шаҳрии тибби оилавӣ Қаҳорова Ҳ.Ҳ., муовини директори МШТО Саъдуллоева Ҳ., мутахассиси МШТО Абдуллоева Ф. ва 14 нафар муовинони сардухтури МСШ-ҳои ш.Душанбе ширкат доштанд.
  Дар ин семинар-тренинги омўзишӣ Роҳбари МИМД дар мавзўи «Татбиқи амалии РАМД ва Системаи формулярӣ дар ҶТ» баромад намуд. Аҳророва М.О. дар маърузаи худ оид ба сомонаи Маркази Иттилоотии Маводи Доруворӣ, ки бо нишонии www.dictaj.ucoz.ru фаъол аст ва сомонаи нави МИМД бо нишонии www.dic.tj, ки дар зинаи коркард қарор дорад, ба таври муфассал маълумот дод ва зарурати кушодани сомонаи МИМД–ро баён намуд. Барои дар амал истифода бурдани РАМД-и ҶТ дар зинаи КАТС ба ҳар як иштирокчии семинар-тренинг як нусха аз РАМД ҶТ дар нашри нав (с.2012) ҳамчун тўҳфа тақдим карда шуд.
Дар анҷоми семинар-тренинг иштирокчиён, ки аз баргузории он изҳори қаноатмандӣ менамуданд, хостори баргузории ҳар чӣ бештари чунин ҷамъомадҳо шуданд.
  Чорабинии мазкур бо дастгирии Лоиҳаи USAID «Тандурустии босифат» аз рўи Нақшаи кори тасдиқгардидаи МИМД баргузор гардид.
  Ҳамин тавр ба иштирокчиён оиди мавҷудияти МИМД, вазифаҳои асосӣ ва самтҳои фаъолияти он, доир ба усулҳои дарёфт, коркард ва таҳлили иттилооти саҳеҳ оид ба маводҳои доруворӣ, меъёрҳои интихоби МД ба РАМД ва ҷараёни коркарди китобчаи РАМД ва Формуляр дар ҶТ маълумотҳои дақиқ ва саҳеҳ пешниҳод карда шуд.
Категория: Новости | Просмотров: 703 | Добавил: Gulov | Рейтинг: 5.0/1
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

Календарь

«  Апрель 2013  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия