• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » 2015 » Январь » 31 » «Шифо» дар «Сарнавишт»
07:29
«Шифо» дар «Сарнавишт»
«Шифо» дар «Сарнавишт»

    Рӯзи гузашта-30 январ, соати 17-00 дар Кохи Ҷомӣ рӯнамоӣ ва нахустамоиши филми ҳунарии «Сарнавишт» сурат гирифт. Филми мазкурро коргардони ҷавон Муҳаммадрабӣ Исмоилов, аз рӯи филмномаи рӯзноманигори варзида Раҳматуллои Камол ва бо кӯмаку дастгирии Раиси Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» Лутфулло Давлатзода таҳиянамудааст. Филм дар бораи тақдири Дилноза ном духтарчаи ноболиғ, ки аз меҳрубонии падару модар маҳрум монда, дар хонаи амакаш умр ба сар мебарад ва  ба азобу шиканҷаи зани амакаш тоқат накарда, ин оиларо тарк мегӯяд, нақл менамояд. Дар ин филм Лутфулло Давлатзода яке аз нақшҳои асосиро бо маҳорати хеле баланд иҷро намудааст, ки бо туфайли қаҳрамони ӯ зиндагииДилноза ранги дигар мегирад.  «Сарнавишт»  якчанд масъалаи муҳими ҳаёти ҷомеаи моро, ба монанди масъулияти падару модар дар тарбияи фарзандон, одоби оиладорӣ, меҳрубонӣ ва раҳму шафқат, хайру саховатмандӣ ва ғайра дар худ инъикос намудааст. Қобили зикр аст, ки мазмуни филм ба касбу кори табибӣ алоқамандӣ дошта, қисмате аз он бо иштироки аъзои дастаи «Шифо» дар донишгоҳи мо сабт гардидааст.
     Хулоса, филми «Сарнавишт» дар доираи арзишҳои ахлоқию маънавии мардуми тоҷик офарида шуда, барои кули бинандагон метавонад ҳамчун воситаи тарғиби хулқу атвори нек хизмат намояд. Ва умедҳаст, ки дар ояндаи наздик саноати синамои тоҷик метавонад дар арсаи ҷаҳонӣ ин намуди санъати моро дар сатҳи баланд муаррифӣ намояд.
(Шуъбаи фарҳанг)
Категория: Новости | Просмотров: 411 | Добавил: Gulov | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

Календарь

«  Январь 2015  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия