• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » 2015 » Январь » 26 » Соҳибҷашн қадрдонӣ гардид
12:57
Соҳибҷашн қадрдонӣ гардид
Соҳибҷашн қадрдонӣ гардид
    Директори Маркази захираҳои тибби исботшуда, д.и.т., профессор  Шавқия Шукуровна Почоҷонова ба синни мубораки 70-солагӣ расиданд. Ба ин муносибат ректори донишгоҳ, профессор Убайдулло ҚУРБОН дар ҷаласаи навбатии раёсат ба соҳибҷашн дар вазъияти тантанавӣ Ифтихорнома ва номаи табрикии Раёсати донишгоҳро супурд, ки дар он аз ҷумла омадааст:
                                             Шавқия Шукуровнаи муҳтарам!
      Роҳбарият ва созмонҳои ҷамъиятии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино бо камоли эҳтиром ва садоқати бепоён Шуморо ба муносибати ҷашни фархундаи 70 – солагиатон самимона муборакбод менамояд. 
       Шумо аз ҷумлаи он занони хушбахти тоҷик ҳастед, ки умри азизи хешро сарфи таълиму тарбияи шогирдон карда дар дили онҳо тухми шафқату дардошноӣ киштаед, эшонро ба ҳукми фарзандони хеш шинохтаед, дидаю қалбҳои онҳоро аз лутфи муоширату сафои мафкура ва ҳусни рафтору покии ният лабрез сохтаед.
    Шумо ба сифати як мутахассиси фидоие, ки дар марҳилаҳои камолоти касбиатон самтҳои омӯзгорӣ, илм ва роҳбариро тавъам карда тавонистаед, қобили  таваҷҷуҳ ва намунаи пайравии дигарон мебошед.      Фаъолияти касбиатонро Шумо аз вазифаи ординатори клиникӣ (солҳои 1969-1971) ва ассистенти кафедраи бемориҳои дарунии Донишгоҳи тиббии оғоз намуда, то соли 1994 дар ин вазифа пурмаҳсул меҳнат кардаед. Солҳои 1994-1999 ҷонишини директор оид ба илми Паӯҳишгоҳи пешгирии бемориҳо, солҳои 1999-2006 эксперти миллии лоиҳаи Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ будед.
     Ҳисси баланди масъулиятшиносиатонро ба назар гирифта роҳбарияти Донишгоҳи тиббӣ соли 2007 вазифаи сарварии Маркази захираҳои тибби исботшударо ба ӯҳдаи Шумо супориданд. Ҳамзамон вазифаи котибии Шӯрои олимони донишгоҳро низ тӯли якчанд сол ба уҳда доштед.
      Дар самти таҳқиқотҳои илмӣ низ фаъолу пухтакор ҳастед, зиёда аз 90 таълифоти илмии Шумо имрӯз мавриди истифодаи хонандаи закӣ қарор дорад. Хизматҳои Шумо бо унвонҳои  «Аълочии маорифи ҶТ» ва «Аълочии тандурустии ҶТ» қадр карда шудаанд, к ибо ин ҳаққонӣ метавонед  ифтихор намоед.
                                                                Шавқия Шукуровнаи азиз!
      Дар ин рӯзҳои поку мусаффои зимистони булӯрин Шуморо бо ҷашни саид самимона муборакбод намуда, бароятон рӯзҳои пур аз шодиву нишот, сарбаландию некномӣ, бахту саодат ва дастовардҳои тару тозаи  илмиву амалиро таманно менамоем. 
Ворисони Сино
Категория: Поздравления | Просмотров: 303 | Добавил: Gulov | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

Календарь

«  Январь 2015  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 2
Гостей: 2
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия