• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » События

   Дастаи «Сино» -и Донишгоҳ дар арафаи иди Наврӯз дар мусобиқа оид ба минифутбол байни 10 дастаҳои ҳавасманди шаҳри Душанбе дар серияи «А», ки  аз таърихи 10 октябри соли 2014 то 22 феврали соли 2015 баргузор гардид ба гирифтани ҷойи 3-юм, ҷом, ифтихорнома ва медалҳо ба комёб шуд. Боиси ифтихор аст, ки дастаи футболбозони донишгоҳ ба қисми финалии мусобиқа роҳхат гирифт.

Подробнее...

Санаи 8-9 ноябри соли 2014 дар шаҳри Қурғонтеппа мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба намуди варзиши «Каратэ кёкушинкай» баргузор гардид.

Дар ин мусобиқа донишҷӯи курси 2, гуруҳи1-и факултети фармасевтӣ – Ҷовидон Тиллоев иштирок намуда, дар вазни 65 кг маҳорати хуби касби нишон дода, сазовори ҷои дуввум гашт.

У аз ҷониби масъулини мусобиқот бо Диплом ва медали нуқра сарфароз гардида, ҳамзамон соҳиби роҳхат барои иштирок дар мусобиқоти Осиёӣ шуд.

 

Подробнее...

Санаи 13 ва 14-уми сентябри соли 2014 дар Маркази захираҳои исботшудаи тибби Донишгоҳи давлатии тибби Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино тренинги омӯзишӣ оид ба «Тибби исботшуда дар таҷрибаи клиникӣ» барои  23 нафар ординаторони клиникии соли аввали кафедраҳои акушерӣ ва гинекологии №№1,2 баргузор гардид. Маҳфилро роҳбари МЗИТ Почоҷонова Ш.Ш. ифтитоҳ намуда, оид ба мақсади ҷамъомад ва баргузории маҳфил суханронӣ намуд. ӯ аз ҷумла қайд намуд, ки омӯзиши тибби исботшуда дар муассисаҳои таҳсилоти тиббӣ яке аз масъалаҳои муҳими соҳаи тандурустӣ ба ҳисоб рафта, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати расонидани ёрии тиббӣ аҳамияти ниҳоят бузург дорад.

Подробнее...

4 ноябри соли 2014 соати 14:00 дар толори Синои донишгоҳ чорабинии фарҳангӣ бахшида ба 20-умин солгарди Рузи сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки судяи суди конститутсионӣ Каримов Карим Мазиёевич ва Ҳошимзода Даврони Додоҷон роҳбари дастгоҳи суди конститутсионии ҶТ баргузор гардид, ки дар он сектори тартиботии шуъба фаъолона иштирок намуданд.

Подробнее...

Имрӯз, яъне 4 ноябр дар толори Синои донишгоҳ, ба муносибати 20-солагии қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Тоҷикистони азиз маҳфили зебову бошукуҳ барпо гардид. Чорабиниро муовини аввали ректори донишгоҳ, профессор Қурбонов Саид Сафарович ифтитоҳ бахшид. Мавсуф табрикоти роҳбари донишгоҳро ба устодон ва донишҷӯён расонида, роҷеъ ба мақом ва моҳияти Сарқонун дар ҳаёти ҷомеа маълумоте чанд манзур намуд. Дар маҳфил судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои сиёсӣ Каримов Карим Мазиёевич ва роҳбари дастгоҳи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои њуқуқ Ҳошимзода Даврон Додоҷон ба ҳайси меҳмон иштирок намуда, дар суханронии худ атрофи модда ва бобҳои алоҳидаи Сарқонун суҳбат оростанд.

Подробнее...

Ба иттилои Шумо мерасонем, ки 1 ноябри соли 2014 дар маҷлисгоҳи Мақомоти Иҷроияи Ҳокимияти Давлати дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ҷаласаи аввали даври дуюми Маҳфили «Раҳбари ҷавон» дар соли 2014 - 2015 бо иштироки Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абудуллозода Аҳтами Рустам, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хонов Абдураҳмон, сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе Саймуддинов Аббосиддин баргузор гардид. Дар оғози маҳфил ба хотири иштироки мунтазам дар омӯзиши муваффақонаи дарсҳои фарҳанги сиёсии маҳфили «Рахбари ҷавон» дар соли 2013-2014, як қатор иштирокчиёни фаъоли маҳфил бо «Сертификат» сарфароз гардонида шуданд.

Подробнее...

Ташрифи Аълоҳазрат Маликаи Дания   Мэри ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон

ба номи Абӯали Ибни СиноЧумъа, 24, октябри соли 2014.

 

Подробнее...

Холова Дилбар Пардаевна

(1965-2014)
5 сентябри соли 2014 риштаи умри яке аз устодони кордону соҳибтаҷрибаи донишгоҳ, ассистенти кафедраи акушерӣ-гинекологии рақами 1 Холова Дилбар Пардаевна ба таври ногаҳонӣ канда шуд.

Подробнее...

ПИРОВА АЗИЗА ҲАЙДАРОВНА
      
      Аҳли ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, имрӯз мотами вазнин  доранд. Марги нобаҳангом  яке аз устодони ҷавони мамлакат, табиби номӣ, омӯзгори мушфик, эпидемиолог, н.и.т., дотсент,  Пирова Азиза Ҳайдаровнаро – 2 – юми августи соли 2014 бехабар аз байни мо рабуд. 

Подробнее...

Раёсати ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ба манзури қадрдонӣ аз меҳнату заҳмати як зумра аз устодони донишгоҳ онҳоро лоиқ ба дарёфти мукофотҳои пулӣ донист.
        Дар ҳамин асос, мутобиқи фармони ректори донишгоҳ аз 27.05.2014 таҳти №52/1 «Дар бораи мукофотонидани омӯзгорони донишгоҳ», устодони зерин, ки таҳти роҳбарии онҳо донишҷӯён дар Олимпиадаи фаннии ҷумҳуриявӣ байни макотиби олӣ ғолибият ба даст овардаанд, бо мукофотпулиҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Подробнее...

1 2 »

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

Календарь

«  Февраль 2018  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия