• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » 2013 » Июнь » 18 » СУС ба Тоҷикистон чӣ медиҳад?
12:53
СУС ба Тоҷикистон чӣ медиҳад?
СУС ба Тоҷикистон чӣ медиҳад?
  Дар толори маҷлисгоҳи раёсати донишгоҳ вохӯрии як гурӯҳ устодон ва кормандони донишгоҳ бо мутахассисони шӯъбаи ҳамкорӣ бо Созмони умумиҷаҳонии савдои  Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ баргузор гашт.
  Вохӯриро мушовири ректор Р.Ғозиев ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки ба СУС ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеаи фараҳбахши марҳилаи ҳозираи рушди иқтисодии мамлакат буда, бисёр паҳлӯҳои ин воқеаи муҳим ҳанӯз ба доираи васеи мардум норавшан мебошанд. Аз ин рӯ ташрифи имрӯзаи мутахассисони вазорат саривақтӣ буда, имкон медиҳад, ки мо ба бисёр масъалаҳои вобата ба ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба СУС  маълумоти муфассал гирем. Сипас, сармутахассиси шӯъбаи ҳамкорӣ бо Созмони умумиҷаҳонии савдои  Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Парвиз Инъомов ба сухан баромада, аз хусуси раванди дурударози шомилшавӣ ба ин созмон, вазифаҳо ва принсипҳои асосии созишномаҳои СУС , мақсадҳои асосии аъзоёни он  ба таври муфассал нақл кард.  Мутахассиси шӯъба Абдураҳмон Абдураҳмонов бошад, баромади худро ба уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ин созмони байналмиллалӣ, манфиати ҷумҳурӣ аз шомилшавӣ ба СУС ва тарафҳои манфии он бахшид.
  Дар охир миёни иштирокчиёни вохӯрӣ  ва меҳмонон муколамаи шавқоваре сурат гирифт, ки он қариб як соат тӯл кашида, иштирокчиёни вохӯрӣ ба тамоми саволҳои худ оид ба самтҳои гуногуни воридшавии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба СУС ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
  Вохӯриро ноиби ректор оид ба тарбия ва фарҳанг Лангариева Ҷ.С.  ҷамъбаст намуда, ба меҳмонон барои ташкили чунин як сӯҳбати озоду пурмуҳтаво изҳори миннатдорӣ намуд.

Категория: Новости | Просмотров: 664 | Добавил: Gulov | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

Календарь

«  Июнь 2013  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия