• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » 2015 » Март » 20 » Таҷлили Наврӯзи 2015 дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино
09:10
Таҷлили Наврӯзи 2015 дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино
Таҷлили  Наврӯзи  2015  дар ДДТТ ба номи  Абӯалӣ ибни Сино
      Маросими таҷлили Иди Наврӯз дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино 20.03.2015 бо ҳузури Раёсат, меҳмонон ва кормандону донишҷӯёни донишгоҳ ба таври мутантан баргузор шуд.
     Муовини ректор Қурбонов Саид  меҳмонон ва кормандону донишҷӯёнро бо ин иди мардумӣ табрик намуда, аз ҷумла қайд намуд, ки   Раёсати донишгоҳ дар давоми соли сипаришуда, як қатор чорабиниҳои тарбиявӣ-фарҳангии саршор аз  ғояҳои баланди ватандӯстиву инсонпарварӣ,  ифтихори миллиро    баргузор намуд, ки бешубҳа ҳар кадом дар тарбияи маънавии донишҷӯён ва дар онҳо бедор намудани ҳисси худшиносии миллию ифтихори ватандорӣ нақши босазои худро доранд. 
     Қайд кардан ба маврид аст,  кӯшишҳои роҳбарияти донишгоҳ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълими донишҷӯён ва беҳтар намудани дараҷаи омодагии касбии мутахассисони ҷавони тиб  давоми солҳои охир натиҷаҳои мусбӣ дода ба як қатор дастовардҳои таълимию тарбиявӣ  ва  илмию тадқиқотӣ оварда расонид.  
    Натиҷаҳои  сессияҳои имтиҳонӣ солҳои охир нишон медиҳад,  ки пайваста   миқдори донишҷӯёне, ки бо баҳои аъло ва хубу аъло сессияҳоро ҷамъбаст мекунанд зиёд мешавад, ки ин  яке аз дастовардҳои назаррасе дар самти корҳои таълимӣ  ба шумор меравад. Инчунин, давоми солҳои охир таввасути беҳтар гаштани сатҳу сифати таълим иштирок ва дастовардҳои донишҷуёни донишгоҳ дар Олимпиадаҳои фаннии ҷумҳурияӣ байни макотиби олӣ хеле назаррас гашт.      
     Дар заминаи танатанаҳои наврӯзӣ, Раёсати ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ба як қатор ғолибони озмунҳои сол, ки бо мақсади ҳавасманд гардонидани донишҷӯён ва омӯзгорону кормандони донишгоҳ ташкил шуда буд,ҷоизаҳо тақдим намуд.  Ҳамин тавр, тибқи қарори Кумитаи тадорукоти Наврӯз- 2015 –и  ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, донишҷӯёни зерин, ки дар озмунҳои «Донишҷӯи сол» ва «Варзишгари сол» ғолиб дониста шуданд, бо мукофот ва Ифтихорномаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино қадрдонӣ гардиданд:
1.    Султонова Миҷгона- донишҷӯи курси 4, факултети фармасевтӣ- «Донишҷӯи сол»
2.    Шамсиддинов Меҳрубон- донишҷӯи курси 3, факултети тиббӣ- «Варзишгари сол»
3.    Мусозода Зулфия- донишҷӯи курси 3, факултети тиббӣ- «Иншои беҳтарини сол»
4.   Иноятова Н.А.- дотсенти кафедраи эндокринология «Омӯзгори сол»
5.    Мансуров Ҳ.Н.- муовини декани факултети НТҶ «Мураббии сол»
      Дар ҷараёни ин маросими мутантан донишҷӯён бо қироати шеъру достонҳои Наврӯзӣ ва суруду таронаҳои баҳорӣ, шаҳомати ин иди бостониро тараннум намуданд.  
      Зимнан, Созмони Милали Муттаҳид дар моҳи феврали соли 2010 Наврӯзро иди ҷаҳонӣ эълон кард ва ин иди бостонӣ дубора ба ҷойгоҳи воқеии худ соҳиб гашт.
               
               
               
                     
                 
                 
                     
                   
Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа
Категория: Новости | Просмотров: 925 | Добавил: Gulov | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

Календарь

«  Март 2015  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 4
Гостей: 4
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия