• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » 2014 » Декабрь » 12 » Таҷрибаомӯзӣ аз шаҳри Франкфурти соҳили Майн
11:17
Таҷрибаомӯзӣ аз шаҳри Франкфурти соҳили Майн
Таҷрибаомӯзон аз  шаҳри Франкфурти
соҳили Майн баргаштанд
  Гурӯҳи кориии  8 нафара,  ки ба ҳайати он ассистенти кафедраи травматология, ортопедия  ва Ҷ.Ҳ.С. Шарипов М.А., ассистенти кафедраи акушерӣ ва гинекологии №2 Мавлонова С.,  ассистенти кафедраи  стоматологияи муолиҷавӣ  Каримов Б. , ординаторони соли 2-ми таҳсили кафедраи  бемориҳои ҷарроҳии №2 Саидов И., ва Муродов М., аспиранти  кафедраи офталмология  Раҷабова А., донишҷуйи соли 6-уми таҳсили  факултети тиббӣ  Каримова Ф. ва инчунин донишҷуйи факултети стоматологи Убайдуллоев Д., шомил буданд, ба наздикӣ аз шаҳри Франкфурти соҳили Майни Ҷумҳурии федеративии Олмон баргаштанд.
                                  
    Онҳо тибқи қарордоде, ки байни роҳбарияти донишгоҳамон бо Донишгоҳи тиббии ба номи Гётеи шаҳри Франкфурти соҳили Майн баста шудааст, муддати 20 рӯз- аз 8 то 29 ноябр дар ин муассисаи бонуфӯзи таҳсилоти олии тиббӣ таҷрибаи корӣ  андӯхтанд. Чуноне, ки роҳбари ҳайати гурӯх, раиси кумитаи иттифоқи касабаи донишгоҳ М.А.Шарифов дар суҳбат иброз дошт, рӯзи аввал вохӯрии ҳайат  бо шахси масъул,  профессор Роберт Задер баргузор гаштааст, ки номбурда таҷрибаомӯзонро  ба беморхонаҳои клиникии донишгоҳ ва имкониятҳои имрӯзаю дурнамои рушду инкишофи онҳо шиносо намудааст. Таҷрибаомӯзон  вобаста ба ихтисосҳояшон имкон пайдо намуданд, ки дар клиникаҳои  алоҳида таҷриба омӯзанд.
-Рӯзи кории мо тибқи реҷаи дар он ҷо муайянгапшта аз соати 7:00 оғоз ёфта то соати 18 :00 идома меёфт. Ҳар рӯз соати 7:30 ҳолати беморони клиникаҳо тариқи  дастгоҳи 3д намоиш дода мешуд, ки дар он ҳамаи ахборот оид ба беморони ворид гашта, ҳолати ҳар кадоми онҳо ба пуррагӣ шарҳ меёфт. Баъди он мо ба амалиётхона рафта,  дар рафти амалиёти ҷарроҳиҳое, ки гузаронида мешуданд, бевосита  иштирок менамудем, -гуфт аъзои гурӯҳ ординатори соли 2-ми таҳсили кафедраи  бемориҳои ҷарроҳии №2 Искандар  Саидов.
                                
    Қобили зикр аст, ки тӯли чанд соле, ки мутахассисони донишгоҳи мо дар ин махзани бонуфӯзи илмӣ таҷриба меомӯзанд, ба онҳо имконият дода мешавад, ки дар амалӣ сохтани баъзе амалиётҳои ҷарроҳӣ бевосита ширкат варзида, муоинаи тиббии баъзе беморони ҷарроҳишударо ба ӯҳда дошта бошанд. Ин бошад, имконият медиҳад, ки онҳо савияи касбии худро боз ҳам баланд бардошта, дар баробари ин бо тарзи истифодабарии бисёр дастгоҳҳои нави ҳозиразамони ҷарроҳӣ аз наздик шиносоӣ пайдо намоянд. Зимни ин сафар донишҷӯёне, ки ба ҳайати корӣ шомил буданд, дар Беморхонаи клиникии бемориҳои  кӯдаконаи дил ва  Клиникаи даҳонпизишкӣ  таҷриба андӯхта, дар рафти ҷарроҳиҳо иштирок намудаанд.
     -Ҳар як амалиёти ҷарроҳӣ бо маҳорати баланди касбӣ мегузашт, ки мо рафти онҳоро бо як шавқу ҳавас мушоҳида менамудем ва барои худ аз таҷрибаи бойи ҳамтоёни олмонӣ донишу малакаи тоза ҳифз мекардем. Илова ба ҳамаи ин  рузҳои истироҳат имконият доштем, ки ба тамошои шаҳр баромада, аз ҷойҳои зебои он ва ёдгориҳои зиёди таърихии шаҳри Франкфурти соҳили Майн дидан ба амал орем, ки барои ҳамаи ин ба раёсати донишгоҳ ва хоса ба ректори муҳтарам, профессор Убайдулло Қурбон барои фароҳам овардани чунин имконияти фаромӯшнопазир миннатдории самимӣ изҳор менамоем, мегӯяд-  донишҷӯйи соли 6-уми таҳсили  факултети тиббӣ  Фарзона Каримова.
«Ворисони Сино»
Категория: Новости | Просмотров: 427 | Добавил: Gulov | Рейтинг: 1.0/1
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

Календарь

«  Декабрь 2014  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия