• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » 2015 » Февраль » 26 » Таасубандешӣ доираи татбиқи хадафҳои миллиро танг мекунад
07:21
Таасубандешӣ доираи татбиқи хадафҳои миллиро танг мекунад
Таасубандешӣ доираи татбиқи хадафҳои миллиро танг
мекунад.
   Дар ин ҷаҳони пурҳаводису бисёр ҳассос, ки раванди ҷахонишавӣ рӯз ба рӯз шиддат мегирад, баҳсу талошҳои мафкуравӣ рӯз ба рӯз вусъат меёбанд. Бинобар ин ҳар як миллату давлат кӯшиши ба харҷ медиҳад, ки манфиатҳо ва арзишҳои миллии худро ҳифз намояд. Зеро вазъияти ҷаҳони муосир хеле печидаву мураккаб буда, ҳар рӯз ҳаводиси ногаҳонӣ аз ҷониби гурӯҳҳои гуногуни ифротӣ ба амал меояд ва ба ҳаёти осоиштаи мардумони кураи арз халали ҷиддӣ ворид мекунад.
   Мусалам аст, ки инсон ҷузъи ҷамъият буда, муҳити иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ барои инсон аз ҳама чизи муҳим маҳсуб мешавад. Зеро, ки инсон дар зиндагонӣ барои зинда мондану зиндагӣ кардан доимо кӯшиш ба харҷ дода маънавиёти худро инкишоф медиҳад. Ҳамчунин зиндагии худро дар асоси арзишҳои умумиинсонӣ ба роҳ монда, тавассути илмомӯзӣ ҷаҳонбинии худро васеъ менамояд. Мавриди зикр аст, ки инсонҳо имкониятҳои аклонии худро бо пуррагӣ истифода бурда аз омухтани илми дунявӣ дар ягон лаҳза даст накашидаанд ва илова бар ин тамоми умри азизи хешро сарфаи илмҳои гуногуни дунявӣ карда барои фоидаи ҷомеа корҳои мондагор анҷом додаанд.
   Бояд зикр кард, ки дар ҷомеаи муосир баъзе шахсони таассуроти динӣ дошта, ба воситаи муносибату муошират садди роҳи омузиши илмҳои дунявӣ шуда, доираи чашмандузи илмро танг карда истодаанд. Аз ин ру мавриди тазаккур аст, ки неруҳои инсонҳоро ба ҷангу терроризм ва радикализми динӣ сафарбаркунанда, аз қабили давлатҳои исломии Ироқу Шом ҳавасмандии онҳоро аз моҳияти аслиашон бегона месозанд. Ҳамчунин монеи ҳисси худшиносии миллии наслҳои наврас низ мегарданд, Давлатҳои мазкур созмони мусаллаҳи террористӣ ба шумор рафта, зери ақидаи Салафияи ҷиҳодӣ фаъолият менамоянд. Мақсади аъзои онҳо гуиё ташкили Хилофати исломӣ дар ин минтақа ва татбиқи шариати динӣ Ислом аст. Онҳо беш аз 15 ҳазор ҷанговар дошта, роҳбарии онҳоро Абубакри Бағдодӣ ба ӯҳда дорад. Бағдодӣ худашро "Халифаи давлати исломи" муаррифи намуда, дар натиҷаи ҳамлаҳои зиёди пай дар пай қаламрави бузурги минтақаҳои суннинишини Ироқу Сурияро забт кардааст ва ба сари мардуми ин минтақаҳо бераҳмона зулму истибдод намудааст. У дар нахустин паёмаш пайравони дини мубини Исломро барои ҷиҳод дар Сурия ва Ирок даъват карда, пайвастан ба саффи созмонашро "воҷиб" донист. Аммо Иттиҳоди ҷаҳонии уламои Ислом бар муқобили Бағдоди баромад карда чанд хабари хурдеро низ интишор намуданд ва роҳбарии Абубакри Бағдодиро ҳамчун «Халифаи давалати исломи» бо далелҳои мушаххас рад намуданд. Дар ахбори ин иттиҳод, ки зери имзои Юсуф Қарзовӣ, олими шинохтаи суннӣ ва роҳбари он нашр гардид, дарҷ гардида буд, ки ''Хилофати исломӣ" зидди меъёрҳои шариати Ислом буда, аз нафъи он зарараш ба пайравони ин дин бештар аст."
   Ба ҳамагон маълум аст,ки дар фарҳанги исломи мақоми ахлоқ ва тарбияи инсон мавқеи хосаро ишғол менамояд, аммо сабаб чист, ки ба вижа ҷавонон дар зери ниқоби ин дин ахбороте паҳн менамоянд, ки монеи пешравии худашон ва гумроҳии дигар ҷавонон мегардад: якум, ин тоифа ҷавонон дониши кифоя надоранд ва ҳар чизе ки аз чониби «Хоҷаҳояшон» арза мешавад, ба он зуд бовар мекунанд. Сабаби дигараш бошад, иттилоъу донишҳоеро, ки аз ҷомеа ва ҷаҳони муосир ба даст меоранд, ташхис дода наметавонанд. Манзури мо аз ин гуфтаҳо ин аст, ки гаравиши ҷавонон ба равияҳои гуногуни динӣ ва аҳзоби фаолияташон ғайриқонунӣ дар қаламрави мамолики мусалмоннишин вусъат ёфта истодаанд. Аз ҷумла равияҳои Ваҳобия,Салафия, ва Ҳизб-ут-Таҳрир, дар минтақаҳои давлатҳои мусалмоннишин ба тадриҷ паҳн шуда истодаанд. Равияҳои мазкур ҷавононро ба ифротгароӣ роҳнамун сохта, мафкураи онҳоро махлут месозанд. Ин равияҳо бевосита ба ноороми ва бесуботии ҷомеа мусоидат менамоянд. Агар ба таври дигар гуем равияҳои Ваҳобия,Салафия, ва Ҳизб-ут-Таҳрир, ба амнияти шаҳрвандон низ халали ҷиддӣ ворид менамоянд.Рӯз то рӯз теъдоди нафароне, ки барои «ҷиҳод» ба кишварҳои Ироқу Сурия ва дигар давлатҳои Ховари Миёна мераванд, афзоиш меёбанд. Бештари коршиносони тоҷик ба он боваранд, ки дар сафҳои ДИИШ асосан салафиву ваҳобиҳо ҷамъ омадаанд, ки ин равия таълимоти ба худ хос дорад. Онҳо мазҳабҳои дигарро ба куфр мутаҳҳам карда,онҳоро ба қатл мерасонанд ва ин аъмоли худро ҷиҳод меноманд. Ширкати ҷавонони тоҷик дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ аз назари коршиносони тоҷик барои Тоҷикистон хеле нигаронкунанда маҳсуб мешавад. Зеро дар оянда замоне, ки ҷой онҳо дар Сурия ва Ироқ танг мешаваду ба кишварҳояшон бармегарданд ва бо он таҷрибае, ки доранд, мояи хатар барои ҷамъият маҳсуб мешаванд.
Қайд кардан зарур аст, ки касе, ки бо дигарон дар як самт ҳаракат мекунад, тезтар ва хубтар бо ҳадаф мерасад, зеро аъзои гуруҳ дар ин равия ба он шахе аз ҷиҳати иқтисодӣ фазоӣ мусоид фароҳам меоваранд. Мақсади ягонаи шахсони таасуби динӣ дошта, аз байн бурдани илмӣ дунявӣ мебошад. Ин гуна шахсони таассуби динӣ дошта, зархаридҳои давлатҳои исломӣ мебошанд, ки имрузҳо ба воситаи суханҳои бардуруғу иғвоангез дар ҷомеа фишорҳои психологӣ оварда истодаанд. Кас гумон мекунад, ки гузаштаву имрузу ояндаи инсон дар дасти онҳост. Ба афкору фаҳмиши эшон шахсе, ки илми дунявиро меомузад, ӯ кофир аст, зане, ки ба гуфтаи шавҳар гуш намедиҳад, яъне фаранчҷӣ пушида дар кунҷи хона намешинад, он зан барои мард ҳаром аст. Зан танҳо ба тарбияи кудакон машғул бошад ва аз илми дунявӣ наомузад. Фаразан агар зан соҳиби хату савод ва соҳибмаърифат набошад, пас чӣ гуна метавонад фарзанди солимро дар ҷомеа тарбия намояд. Ногуфта намонад, ки давлат аз ҷамъият пайдо мешавад, ҷамъият бошад, аз оила сохта мешавад, оиларо бошад, падару модар ташкил мекунанд.
   Ҳар як шахси имрӯзае, ки дар якчанд суҳбати бархе аз домуллоёну эшонон менишинад, аз баҳри таҳсил мебарояд, бекориро касб менамояд ва хонаводаро бесаранҷом месозад. Нисбати зиндагиву зинда будан хунукназарона рафтор мекунанд. Аз ин ру ба ақидаи мо маҳз илми дунявӣ буд, ки мо бо дастовардҳои бузурге ноил гаштем. Шахсони таассуби диннӣ дошта дар дили ҳар як шахс ҳаяҷону эҳсосотро ҷой мекунанд ва онҳоро бовар мекунонанд, ки илми дунявӣ ҳеҷ аст. Бо ин ҳадафҳои нопоки худ татбиқи ҳадафҳои миллиро аз байн бурда ҳавасмандии инсонҳоро аз моҳияти аслиашон бегона месозанд. Мусаллам аст, ки барои аз байн бурдани улуми дунявӣ ва арзишҳою ҳадафҳои миллӣ дар ДИИШ китобу китобхонаҳоро бераҳмона сузониданд ва бавоситаи ин амали нопоки хеш ба ҷомеаи ҷаҳонӣ зарари маънавии калон расониданд. Куллӣ мутафаккирони олам бар он боваранд, ки маҳз китоб инсонҳоро ба роҳи дуруст ҳидоят намуд, эшонро ба куллӣ комёбиҳо ноил мегардонад. Ба таъбири дигар китоб-беҳтарин ганҷинаест, ки инсонро ба баҳри бекарони донишу илм раҳнамун месозад. Мутаассифона ин инсонҳои ифротгаро арзишҳои маънавие, ки бо заҳмату талоши пайвастаи донишмандони гузаштаву муосир шакл гирифтааст, сузонида несту нобуд карданд.
   Мусаллам аст, ки тайи якчанд солҳои гузашта дар кишварҳои мутамаддини дунё сохтмонҳои боҳашамати зиёде қомат афрохтанд. Аммо мутаасифона Сохтмони НБО Роғун, ки дар Осиёи марказӣ яке аз калонтарин неругоҳи барқи ба хисоб меравад, дар замони Иттиҳоди Шурави бо ҷурми баъзе аз ашхоси ба истилоҳ фарҳехтаи тоҷик мавқуф гузошта шуд. Сохтмони НБО Роғун аз соли 1976 оғоз гардида ва иқтидори лоиҳавии НБО Роғун ба 360 ҳазор мвт баробар буд. Аз он 6- агрегати калон ба 600 мвт баробар буда ва баландии сарбанди он ба 335 метр муайян шуда буд. Ин неругоҳи барқи дар сурати ба пуррагӣ ба кор даромаданаш метавонист дар як сол 13, 1 млрд квт соати неруи барқро тавлид намояд. Аммо бархе аз сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони Ҷумҳурии ӯзбекистон ҳамфикр шуда сади роҳи сохтани ин неругоҳ шуданд. Аз ҷумла яке аз модарони миллати тоҷик ба шахри Москав сафар карда, дар Шуроӣ Олии СССР суханронӣ намуда қайд намуд, ки агар ин НБО Роғун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шавад, аз нигоҳи экологи ба сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ӯзбекистон зарари ҷиддӣ мерасонад. Эҳтимоли қавӣ меравад, ки ин модари миллат зархариди Ҷумҳурии ҳамонвақтаи ӯзбекистон ба шумор мерафт, Чун ки давлати ӯзбекистон зидди сохтани ин неругоҳи бузургу азим аз қадим то ба имрӯз маҳсуб мешавад.
   Хушбахтона бо иқдоми хубу наҷиби пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Чаноби Оли Эмомалӣ Раҳмон соли 2005 сохтмони НБО Роғун дубора шуруъ гардида ба ширкати «Русал-алюминй»-и Федератсия Руссия барои ҳамкорӣ шартнома баста шуд. Вале ин шартнома дер давом накард. Аз 29-уми августи соли 2007 шартнома бо ширкати мазкур бекор карда шуд. Сипас мардуми шарифи Тоҷикистон бо сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон азм карданд, ки неругоҳро бо маблағи худ бунёд намоянд. Бо ҳамин мақсад ҷамъияти саҳомии кушодаи барқии обии Роғун таъсис дода шуд ва оинномаааш 15-уми апрели соли 2008 бо сармояи 116 млн сомонӣ тасдиқ гардид. Соли 2009 ҳадди ин сармоя ба 6 млрд сомонӣ расонида шуд. Айни замон ду агрегати ин неругоҳ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст. Аз иттилои баъзе манбаъҳо бармеояд, ки ширкати «Русал» дубора бо НБО Роғун ҳамкориро идома медиҳад.
   Бар ҳар сурат азми дурусту саъйи комили мардуми шарифи тоҷик ва сарвари хирадмандаш Эмомалй Рахмон имкон дод, ки бунеди сохтмони ин неругоҳи бузург дубора эҳё гардад.
Идиев Х.У.
доктори илмҳои фалсафа, профессори
 ДАТ ба номи Ш.Шоҳтемур
Категория: Новости | Просмотров: 402 | Добавил: Gulov | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

Календарь

«  Февраль 2015  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
232425262728

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 2
Гостей: 2
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия