• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » 2015 » Март » 7 » ТАБРИКОТ
08:40
ТАБРИКОТ
ТАБРИКОТИ
ректори ДДТТ
ба номи Абӯалӣ ибни Сино, д.и.т.,
профессор Убайдулло Қурбон,  бахшида ба Рӯзи Модарон
 
    Модарон ва хоҳарони азиз!
    Ҳозирини гиромӣ!
   Мавриди ифтихор аст, ки бо вуруди фасли зебои баҳор ҳар сол мо яке аз ҷашнҳои арзишманд ва зеботарини сол - Рӯзи модаронро  бо шукуҳ таҷлил менамоем, ки ба  айёми  зиндашавии табиати зебо рост омадани ин ҷашни умумиллӣ шукӯҳу шаҳомати онро дучанд афзун менамояд. Ба андешаи мо ҳамасола ҳеҷ як ҷашне ба хонадони ҳар яки мову Шумо ин қадар шодиву сурур намебахшад, чуноне, ки дар руёрӯи тантанаи иди модарону хоҳарони азиз эҳсос менамоем.
   Аз ин хотир барои худ шарафу ифтихор меҳисобам, ки  ҳамаи Шумо ва дар шахсияти Шумо тамоми бонувони Тоҷикистони азизро бо ин Иди зебо аз самими қалб табрику муборакбод намуда, ба ҳар кадоматон хушрӯзӣ, некномӣ, сулҳу сафо, оилаи тифоқу обод  ва барору комёбии минбаъдаи  кору фаъолиятро таманно намоям.
   Ҳамагӣ чанд рӯз пеш мардуми сарбаланди тоҷик дар фазои сулҳу ваҳдат боз як маъракаи муҳими сиёсӣ-.интихоботи вакилонро ба зинаҳои гуногуни порлумонии мамлакат бо сарҷамъию якдигарфаҳмӣ ва дарки баланди масъулият ба тақдири ояндаи давлату миллат ҷамъбаст намуданд. Боиси хушист, ки дар интихоботи шаффофу демократии мо шумораи зиёди бонувони фаъоли кишвар фаъолона ширкат варзида, дар рақобатҳои ҷиддии интихоботӣ ғолиб гаштанд, ки аз ҷумла се нафар устодони варзидаи донишгоҳи мо- Ҷамила Лангариева, Нигина Даминова ва Матлуба Ҳакназарова низ дар шумори ғолибони интихоботи ба тозагӣ анҷомёфта маҳсуб меёбанд. Аз фурсат истифода бурда номбурдагонро аз номи раёсат, созмонҳои ҷамъиятии донишгоҳ ва аз номи кулли ҳозирини ин толор табрику таҳният гуфта, дар фаъолияти минбаъдаи илмию омӯзгорӣ ва вакилиашон ба онҳо муваффақиятҳои нав ба навро таманно менамоям.
    Ҳозирини гиромиқадр!
    Зикр кардан ба маврид аст, ки зан дар тамоми давраҳои таърихи инкишофи тамаддуни тоҷик қадру қиммати баландро соҳибӣ карда, дар баробари рисолати таърихии худ-тарбияи фарзанди баору номус, инчунин дар эҷоди фарҳанги пурғановати миллӣ нақши босазо гузоштааст.
     Дар васфи зан модар-бузургони мо то имрӯз ҳазорон асарҳо офаридаанд, ки дар онҳо ӯ ҳамчун олиҳаи зебоӣ, чашмаи меҳр, инсони озоду зебопараст ва ниҳоят донишманду таърихсоз тасвир ёфтааст.              
    Зан – модар вазифаи ниҳоят муқаддасу масъулиятнок, яъне  тарбияи фарзанди солеҳ ва дар тафаккури ӯ парваридани олитарин хислатҳои инсониро ба дӯш дорад. Ва месазад имрӯз бо ифтихори баланд аз ин минбари идона иброз намоем, ки зани тоҷик дар тули таърих ин вазифаи муқаддаси худро сарбаландона ва як навъ ифтихормандона ба ҷо овардааст.  
   Илова бар ин,  мо зан-модарро ҳамчун кадбонуи хонадон, сарчашмаи зиндагии пурмаънии ҳаррӯзаи ҳар як оилаи обод мешиносему барои ҳама ин бузургиаш ба ӯ сано мехонем.
   Беҳуда нест, ки дар ҷомеаи мутамаддини имрӯза давлатеро озоду демократӣ шуморида, ба арзишҳои маънавии он арҷгузорӣ менамоянд, ки қонунҳои дохилии он аз лиҳози ҷинсият ҳам ба инсон ҳуқуқҳои баробар дода бошанд.
     Аз ин хотир, баробари дарёфти истиқлолият Давлат ва Ҳукумати навини Тоҷикистон дар доираи сиёсати иҷтимоии худ масъалаҳои таъмини ҳуқуқҳои конуститутсиони занон, баланд  бардоштани қадру манзалати онҳоро дар ҷомеаи озоди навини мо  ба мадди аввал гузоштанд. Як силсила фармонхои  Сарвари  давлат ва қарорҳои  Ҳукумати Тоҷикистон, ки солҳои охир ба тасвиб расидаанд, маҳз ба боло бурдани  нақши зан дар ҷомеа, беҳтар намудани вазъи иҷтимои рӯзгори онҳо равона  гардидаанд.  
     Ҷумҳурии  Тоҷикистон   дар байни  кишварҳои  Иттиҳоди Давлатҳои  Мустақил яке аз аввалинҳо шуда  Конвенсияҳои байналхалқӣ  « Дар бораи зӯровари нисбат ба занон» ва « Дар бораи  ҳуқуқҳои сиёсии занон»-ро имзо кардааст.  Соли 2010 бошад ҳукумати мамлакат «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010 – 2020» - ро  таҳия ва қабул намуд. Зарурияти қабули барномаи мазкур ба проблемаҳое вобаста мебошанд, ки ба дигаргунисозиҳои иқтисодию иҷтимоии ҳаёти занон, таъмини баробарии гендерӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии занон нигаронида шудаанд.     
     Ҳозирини гиромӣ!
    Қобили қайд аст, ки шумораи бештари    устодон ва донишҷӯёни  Донишгоҳи  моро занону духтарон ташкил медиҳанд. Ба таври дигар гӯем аз 630 нафар устодони доимие, ки дар донишгоҳ кору фаъолият доранд 310 нафарашон ё худ 49,3%  занҳо мебошанд. Аз ин теъдод 25 нафар доктори илми тиб, 102 нафар номзаодони илми тиб мебошанд, ки дар маҷмуъ унвононкии илмии занони донишгоҳ ба  41%  баробар мебошад.
    Илова бар ин, аз ин теъдод  1 нафар академики Академияи илмҳои тиббии ВТ, 1 нафар узви вобастаи Академияи илмҳои тиб, 1 нафар дорандаи ордени Шараф, 5 нафар дорандаи медалҳои Корманди Шоиста, Шавқат ва Шуҷоати меҳнат, 1 нафар Арбоби илму техника, 17 нафар аълочии маориф ва 49 нафар аълочии тандурустии кишвар мебошанд.   Ба ғайр аз ин  роҳбарии  як қатор мансабҳои  масъулиятноки  донишгоҳро  бонувон ба зимма доранд, ки то имрӯз аз ӯҳдаи вазифаву ваколатҳои худ бо сари баланд баромада  истодаанд. Аз ҷумла,  1 нафар муовини ректор, 1 нафар декани факултет,  12 нафар мудирони шӯъбаву директорони марказҳо ва 16 нафар мудирони кафедраҳо.   
    Ҷамъи умумии донишҷӯдухтарон бошад - 3028 нафар ё худ 39%,  ординаторони клиникӣ 118 нафар (49%), аспирантон 57 нафар (54%), унвонҷӯён 48 нафар (43%) -ро ташкил медиҳад, ки  дар маҷмӯъ  бонувон - муҳассилини донишгоҳ  3769 нафар ё худ 40,5 % - ро ташкил дода, дар қиёс бо дигар макотиби олии кишвар нишондиҳандаи хеле хуб ба ҳисоб меравад.
   Боиси тазаккур аст, ки барои омода намудани кадрхои баландихтисос аз миёни духтарони фаъоли ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон барои таҳсил дар макотиби олū аз соли 1997 инҷониб  квота  ҷудо карда шудааст, ки дар донишгоҳи мо айни 449 нафар (56%) духтарон ба ин роҳ   ба таҳсл фаро гирифта шудаанд.  Ногуфта намонад, ки аз теъдоди 3028  нафар бонувони донишҷӯ имрӯз  240 нафар (8%) бо номи баланди Модар мушарраф гардидаанд.  Дар байни 60 нафар донишҷӯёни гирандаи стипендияҳои  номии Донишгох бошад 25 нафарашон   духтарон мебошанд.
    Оре,    ин нишондодҳо  аз он шаҳодат медиҳанд, ки  сиёсати гендерии Ҳукуматамон дар донишгоҳи мо  мо дастгирии васеи худро  ёфтааст.   Илова бар ин,  ифтихор  аз он дорем, ки давоми беш аз 70 сол боз  занону духтароне, ки донишгоҳи моро  бомуваффақият хатм кардаанд, дар ҳифзи саломатии сокинони ҷумҳуриамон саҳми босазо гузошта  меоянд. Имрӯз  қариб гушае  нест, ки хатмкардаҳои донишгоҳи мо  аз ҳисоби  бонувони  фазилатпеша  кору  фаъолият  накунанд. Як миқдори  онҳо бошанд, баъди  хатми  таҳсил  дар донишгоҳ  монда, тӯли солҳои  зиёд  дар тарбияи  налси нави  табибони  тоҷик  ҳиссагузорӣ  мекунанд.  
      Ҳозирини гиромӣ!
    Хушбахтона имрӯз як қатор бонувони хирадманд дар донишгоҳ ва  умуман дар пешбурди соҳаи тандурустии кишвар  бо шарафона кору фаъолият намуда истодаанд, ки  бо камоли эҳтиром  мехоҳам номи  якояки онҳоро  дар ин рӯзи фархунда  ба забон орам:
Пулодова Гулнора
Мироқилова Муаззама
Мирсабурова Роҳат
Ҳакимова Саъдинисо
Умарова Зарифа
Яқубова Зайнабхон
Додхоева Мунаввара
Шукурова Сураё
Шарифова Хурсанд
Юсупова Шоира
Сабурова Анна
Сироҷиддинова Умриниссо
Анварова Шакархон
Ишонқулова Бустон
Исоева Мавҷуда
Қодирова Дилрабо
Шаропова Нигина
     Дар ҳамин қатор метавонем аз чанд нафар бонувони арзандаи аъзои Раёсати донишгоҳ ном барем, ки имрӯзҳо бо кору фаъолияти босамар боиси эҳтиром ва ифтихори мо гаштаанд.
Лангариева Ҷамила
Ҷураева Шарора
Бобоева Лола
Почоҷонова Шавкия
Баҳромова Мӯътабар
Хидирова Алфира
Хайруллоева Саломат
Ниёзова Муборак
Мақсудова Нагрис
Бобоева Гулнора
Аҳророва Маҳбуба
Файзуллоева Муҳаббат дар ин лаҳзаҳои хурсандибахш аз номи Раёсати донишгоҳ ба ҳар кадоми онҳо барои фаъолияти самарабахшашон миннатдории самими изҳор намуда, умедворам, ки дар оянда низ чун бонувони ташаббускор саҳми беандозаи худро дар рушду нумуи донишгоҳи азизамон мегузоранд.
      Дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии мамлакат Сарвари давлат соли 2015-ро «Соли оила» эълон намуданд.   Оре, агар мо ҷомеаи солим бунёд кардани бошем, бояд фарзанди солиму бомаърифатро ба камол расонем. Зеро  вазифаи пуршарафро танҳо оилаи солиму намунавӣ ба сомон расонида метавонад ва табиист, ки дар чунин маврид масъулияти модарони мушфиқи мо аз пештар дида боз бештар мегардад. Имрӯз зиёд шудани шумораи оилаҳое, ки дар заминаи никоҳи  хешутаборӣ бунёд меёбанд, рӯ ба афзоиш дошта, боисии изтироби  на танҳо мутахассисони соҳа гаштааст, балки масъалаи номбурда Ҳукумати мамлакатро  низ нигарон намудааст. Боварӣ дорам, ки духтарони соҳибмаълумоти мо, ки тайи солҳои омӯзиш дар донишгоҳ самтҳои илмии ин падидаи номатлубро аз дигар қишрҳои ҷомеа дида хубтар дарк намудаанд, оянда бо дониши андӯхтаи худ дар тарбияи маърифати тиббии дигар қишрҳои ҷомеа саҳми босазои худро гузошта, барои бунёди оилаҳои солиму намунавӣ намунаи ибрати дигарон  ва маслиҳатчии хуби ҳамсолони худ мегарданд.
     Модарону хоҳарони азиз!
     Басо хуш аст, ки иди Модар ҳамҷӯру тавъам бо фасли баҳорон аст ва чеҳраи рангини замину замон, шукуфтани гулу лолаву суману райҳон, нағмаи мурғакони хушилҳон, навои дилнавози обшорон, резиши борони баҳорон, хандаҳои беғаши кӯдакон, табассумҳои ширини гулдухтарон гӯё ҳама пайку навид ва сари таъзим ба Модар аст ва армуғони шодū ба ин олиҳаи замон аст.
    Табиат чунин оварда, ки Иди Бонувон чанд рӯз пеш аз иди Наврӯз ҷашн гирифта мешавад. Шояд ин ба он хотир бошад, ки дар зебогиву накҳат  Бонувон аз Баҳор пештару болотаранд.
     Боиси хушнудист, ки дар рӯзи иди модарону хоҳарон 3 нафар  занон аз кормандон ва 14 нафар донишҷӯдухтарон дар рӯзи 8-март зодрӯз доранд, ки онҳоро таҳният ва муборак  мегӯем.
     Дар хотима бори дигар ин иди зебоū, иди малоҳату нафосат ва иди меҳру садоқатро ба Шумо муборакбод гуфта,  сарсабзиву рӯзгори ободи якояки Шуморо таманно дорам.
Эй дуои неки ту, болу парам,
Нури чашмат нури чашмони сарам,
Эй тасаллобахши чашмони тарам,
Эй шукӯҳи хонаву файзи дарам,
Нест дар дунё умеди дигарам
Модарам, эй модарам, эй модарам!         

     Идатон муборак, модарон ва хоҳарони азиз!
    
Категория: Поздравления | Просмотров: 722 | Добавил: Gulov | Рейтинг: 5.0/1
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

Календарь

«  Март 2015  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия