• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » 2013 » Март » 6 » Табрикот ба муносибати Рӯзи модарон
11:26
Табрикот ба муносибати Рӯзи модарон
Табрикоти ректори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино д.и.т., профессор У.А.Қурбонов ба муносибати Рӯзи модарон

Бонувони азиз!


Ҳамаи Шумо ва дар шахси Шумо тамоми бонувони ҷумҳуриро бо иди зебову фараҳбахш-Рӯзи модарон табрику муборкбод намуда, ба ҳар кадоми Шумо тансиҳативу саодатмандӣ бахту иқболи баланд ва шодкомию хушрӯзиҳо таманно менамоям.
Зани тоҷик табиатан тарбиятгари тавоно ва бо хоксориву меҳрубониаш марҳами дили дардмандон аст. Ин аст, ки    модарону хоҳарони азизи мо  рисолати хешро дар ду соҳаи муҳими иҷтимоӣ- маорифу тандурустӣ  ҳамеша  сарбаландона ба ҷо оварда сазовори ҳурмату эҳтироми баланди аҳли ҷомеа мегарданд.   
Бонувони Точикистон дар корҳои давлатдорӣ ва сиёсат низ фаъол мебошанд ва вазифаҳои хело масъулро ба ӯҳда доранд.   
Аз ҷумла дар Донишгоҳи мо аз шумораи умумии 1151 нафар кормандон   649 нафар ё худ 56,3 дарсадро занҳо ташкил медиҳанд.  Дар ҲПО бошад аз шумораи умумии 644 нафар 320 нафар ё 49,3 %  аз бонувон  иборат буда, 40%-и онҳо дорои дараҷаи илмӣ мебошанд. Илова бар ин, аз ин теъдод  1 нафар дорандаи ордени Шараф, 3 нафар дорандаи медалҳои Корманди Шоиста, Шавқат ва Шуҷоати меҳнатӣ, 12 нафар аълочии маориф ва 45 нафар аълочии тандурустии кишвар мебошанд.Ногуфта намонад, ки аз теъдоди 2741 нафар бонувони донишҷӯ имрӯз  176 нафар бо номи баланди Модар мушарраф гардидаанд.  
Иди Модарон ҳамҷӯру тавъам бо фасли баҳорон буда,  чеҳраи рангини замину замон, шукуфтани гулу лола, ёсуману райҳон, нағмаи мурғони хушилҳом, навои дилнавози обшорон, резиши борони баҳорон, хандаҳои беғаши кӯдакон, табассумҳои ширини гулдухтарон гӯё ҳама пайку навид ва сари таъзим ба Модар аст ва армуғони шодӣ ба ин олиҳаи замон меоранд.
Бори дигар шуморо-модарону хоҳарон ва фарзандони азиз, ба ифтихори ҷашни пуршукӯҳатон ва фарорасии иди бузурги суннатиамон – Наврӯзи Аҷам, ки пас аз чанде бо қудуми фархундаи худ диёри биҳиштосои моро боз ҳам мунаввар месозад, самимона табрику муборакбод намуда, ба ҳамаатон тансиҳатӣ, хушбахтиву саодатмандӣ ва рӯзгори хӯшу осуда орзу менамоям.

Просмотров: 9566 | Добавил: Gulov | Рейтинг: 2.7/34
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

Календарь

«  Март 2013  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия