• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » 2013 » Март » 20 » Табрикоти наврӯзӣ
14:27
Табрикоти наврӯзӣ
в
Устодон ва шогирдони азиз,
Ҳозирини гиромиқадр!

    Боиси  хушнудии ҳар яки мову шумост, ки ба диёри зебоманзарамон боз Наврӯзи хуҷастапай бо ҳама шукуҳу шаҳомат, назокату латофаташ  қадами фархундаи хешро гузошт. 
Иди Наврӯз аз кадимулайём ҳамчун иди миллӣ ва бостонии халки мардуми форсу тоҷик  маҳсуб дониста шуда, то имрӯз аҳамияти таърихии хешро гум накардааст.
   Наврӯзи Аҷам ин худ як василаест, ки тоҷикон ва форсизабонони тамоми ҷаҳон дар оғози сол бо нияти зиндаву ҷовид нигоҳ доштани хусусиятҳои неки фарҳангӣ ва тамаддуни шарќии хеш якпорчагиву ваҳдати миллӣ, сулҳу дӯстӣ ва ободӣ онро ҷашн мегиранд.
Бинобар ин бо фарорасидани Наврӯзи оламфрӯз ҳама ҷо шукуфон гаштаву табиат сабзу хурам мегардад ва зиндагӣ ранги дигар мегирад.
   Унсурҳои фарҳангӣ, арзишҳои маънавӣ ва паёмҳои инсондӯстиву табиатдӯстонаи он аз сарчашма ва манбаъҳои кадимаву бостонӣ оғоз гашта, дар давоми таърихи башарият меҳру муҳаббат ва маҳбубияти худро дар назди кавму миллатҳои ҷаҳон аз даст надодаанд. Аз ин ҷост, ки Наврӯзи оламафрӯзро аз замонҳои куҳан то ба имрӯз тамоми мардуми фарҳангии дунё ба хушнудиву хуррамии том истикбол ва тараннум намудаанд. 
  Албатта дар ҳама қавму миллатҳо иду маросимҳои ҷашниро бе дастурхони идона тасаввур намудан мушкил аст. Яке аз анъанаҳои ҷолиби Наврӯз ҳам оростани дастурхони наврӯзӣ мебошад. Дар гузашта анъанае роиҷ буд, ки то фарорасии ҷашни Наврӯз бояд аксари зироатҳои ғаладонагӣ неш зада, аз нумуву сабзиши тозаи хеш дарак медоданд ва оҳиста-оҳиста дар тӯли қарнҳо гандум ҳамчун зироати асосии донагӣ ва ғизои аввалини одамӣ мавқеи болотар касб карда, ба як рамзи асосии истиқболи Наврӯз табдил ёфт. Имрӯз ҳам майсаи навхези гандум дар ҷашни Наврӯзӣ мавқеи асосӣ дошта, суманакпазӣ яке аз анъанаҳои маъмултарини ин иди Хуҷаста ба ҳисоб меёбад.
  Мардуми мо аз қадим соли нави аҷдодии хешро бо ниятҳои нек, дили поку беолоиш, чеҳраи озодаву шукуфта, либосҳои тозаву идона ҷашн мегиранд, то ки рӯзгорашон то наврӯзи дигар аз ҳама падидаҳои номатлуб орӣ бошад.
   Ногуфта  намонад, ки дар тӯли салтанати Шӯравӣ дар ҷашнгирии    наврӯзи хуҷаста каҷфахмиҳо ба миён омада, онро ҳамчун ҷашни динӣ маънидод мекарданд ва аз ин хотир солҳои зиёд ҳатто зикри онро мамнӯъ ҳисоб мекарданд. Танҳо дар даҳсолаҳои охири Шӯравӣ  тавассути  пофишорӣ ва кӯшишҳои як зумра  олимони  саршинос ва  фарзонаи мо ин иди таърихӣ мазмуни ҳақиқии худро  аз нав пайдо намуда, ба  рӯзгорамон баргашт.
   Ба маънии пурраву аслиаш бошад Наврӯз дар Тоҷикистон танҳо баъди дарёфти  истиқлолият чун иди ҳақиқии баҳору зебоӣ ва тавлидшавии дубораи ҳаёт қабул гардид. Роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии тозаистиқлоламон бо мақсади боз ҳам беҳтар гаштани  мазмуну  мундариҷаи ҷашни  Наврӯз, эҳёи суннатҳои қадимии мардуми тоҷик пайваста ғамхориҳои  зиёд  зоҳир менамоянд. Нишонаи ин  гуфтаҳо ҳар сол дар сатҳи баланд бо иштироки  роҳбарони давлат истиқбол гирифтани  Наврӯз мебошад.
    Ҳозирини гиромӣ!
  Наврӯзи имсола дар шароите истикбол гирифта мешавад, ки мардуми сарбаланди кишвари офтобиамонро як руҳияи баланди созандагию ободкорӣ фаро гирифта баҳри боз ҳам ободу зебо намудани кишвари азизи худ  дар тамоми соҳахои ҳаёт сарбаландона меҳнат намуда истодаанд. Бо ҳисси баланди каноатмандӣ метавон гуфт, ки ин рӯҳияи созандагӣ дар Донишгоҳи тиббии мо низ ҳукмравоӣ дошта, устодону донишҷӯён ва кормандони таълимгоҳ баҳри бо нишондиҳандаҳои баланд ҷамъбаст намудани соли таҳсил аз тамоми воситаю имкониятҳои мавҷуда пурсамар истифода мебаранд. Агар ба давраи начандон дурр, яъне аз Наврӯзи гузашта то наврӯзи имсола назар андозем, як ќатор навгониҳое пеши назар меоянд, ки маҳз дар ҳамин муддати кӯтоҳ ба ҳаёти таълимию илмии донишгоҳ ворид гашта, ба имкониятҳои мавҷудаи кору таҳсил имкониятҳои нав зам намуданд. Ба ин оғози ислоҳоти таҳсилоти олии тиббӣ дар соли таҳсили ҷорӣ, кушодашавии Маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ, Аз таъмири асоси баровардани толори варзишӣ, ба итмом расонидани бинои 3 ошиёнагӣ, ки барои  5 толори лексионии барҳаво пешбини шудааст,  ғолибияти донишҷӯёни донишгоҳ дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявии донишҷӯён, барќарор гаштани ҳамкориҳои мутаќобила бо як ќатор муассисаҳои таълими олии тиббии хориҷӣ ва ғайраҳо мисол шуда метавонанд. 
   Мавриди зикр аст, ки раёсати донишгоҳ бо маќсади дар минбаъда боз ҳам вусъат  бахшидани ҳамкориҳои байналмилалӣ бо ташкилоту муассисаҳои гуногуни хориҷӣ бештар аз 20 санади ҳамкорӣ ба имзо расонид. Дар арафаи иди Наврӯз бошад, хабари хуши бо ҷоизаи Бонки Исломии Рушд дар соҳаи илму техника сарфароз гардонида шудани ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино на танҳо ахли донишгоҳ, балки кулли мардуми кишвари азизамонро хушнуду сарфароз гардонд.  Илова бар ин,  Раёсати донишгоҳ дар давоми соли сипаришуда, як катор чорабиниҳои тарбиявӣ-фарҳангии саршор аз  ғояҳои баланди ватандӯстиву инсонпарварӣ,  ифтихори миллиро    баргузор намуд. Ба ин баргузории якчанд барномаҳои фарҳангии «Рузҳои фарҳангии донишҷӯёни хориҷӣ», «Базми ҷавонӣ», чорабиниҳои таквимии идона мисол шуда метавонанд, ки бисёр пурмазмуну шавковар ва бо иштироки меҳмонони хориҷӣ барпо гаштанд.
   Кайд кардан ба маврид аст,  кӯшишҳои роҳбарияти донишгоҳ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълими донишҷӯён ва беҳтар намудани дараҷаи омодагии касбии мутахассисони ҷавони тиб  давоми солҳои охир натиҷаҳои мусбӣ дода ба як ќатор дастовардҳои таълимию тарбиявӣ  ва  илмию тадќиќотӣ оварда расонид.  
Натиҷаҳои  сессияҳои имтиҳонӣ солҳои охир нишон медиҳад,  ки пайваста   микдори донишҷӯёне, ки бо баҳои аъло ва хубу аъло сессияҳоро ҷамъбаст мекунанд зиёд мешавад, ки ин  яке аз дастовардҳои назаррасе дар самти корҳои таълимӣ  ба шумор меравад. Инчунин, давоми солҳои охир таввасути беҳтар гаштани сатҳу сифати таълим иштирок ва дастовардҳои донишҷуёни донишгоҳ дар Олимпиадаҳои фаннии ҷумҳурияӣ байни макотиби олӣ хеле назаррас гашт.      
  Ҳамзамон, дар давоми соли гузашта 35 нафар донишҷӯёни мо  дар конференсияҳои хориҷи кишвар бо маърӯзаҳо баромад намуда, инчунин  як гурӯҳ ба мактабҳои тобистонаи Донишгоҳи тиббии Синзян ва як гурӯҳ барои таҷрибаомӯзӣ ба Ҷумҳурии Казокистон сафарбар гашта буданд.
  Раёсати донишгоҳ бо назардошти талаботи кишварҳои хориҷӣ аввалин маротиба  барномаи таълимии махсусро  барои донишҷӯёни хориҷӣ  таҳия намуд, ки аз тарафи Вазоратҳои тандурустӣ  ва  маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдик карда шуда, мувофиќи ин барнома шаҳрвандони хориҷӣ имконият пайдо мекунанд, ки дар муддати 5 сол таҳсил намуда, соҳиби унвони бакалаври илми тиб гарданд.   
  Бо максади  беҳтар гардонидани сифати таълим солҳои охир тавассути  бунёди толору дарсхонаҳои нав масоҳати биноҳои таълимӣ васеъ гардида,  дар давраи аз Наврӯзи гузашта  то Наврӯзи имсола теъдоди ҷойи нишаст ба 13 200  ва масоҳати муфиди биноҳои таълимӣ  ба 103 210 м2 расонида шуд. Бо назардошти дастовардҳои назарраси  донишҷӯёну устодон ва фаъолияти бо самар дар ин давра  21  нафар  коромандони донишгоҳ ба мукофотҳои давлатӣ ва соҳавӣ  сазовор гаштаанд. 
  Ҳозирини гиромӣ!
  Наврӯз ин ҷашни созандагӣ, бунёдкорӣ ва озодагист. Аз ин хотир имрӯз дар гӯшаю канорҳои гуногуни сарзамини офтобиамон мардум ба тозаю озода намудани маҳалли зист, бунёди боғҳо, шинондани гулу дарахтон, хулоса ободу зебо намудани диёри баҳороғӯши худ машғуланд, ки аз муҳаббати беандозаи мардуми мо ба сарзамини аҷдодии хеш ва ихлосу  эҳтироми онҳо ба дастовардҳои истиќлолият гувоҳӣ медиҳад.  
  Дар ин рӯзи хуҷаста бо ифтихори баланд гуфта метавонам, ки коллективи устодону донишҷӯёни мо сессияи зимистонаи имсоларо бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст намуданд. Акнун бошад, дар назди ҳар як омӯзгор ва толибилми донишгоҳ вазифаҳои наву муҳиме меистад, ки ҳамаи он ба ҷамъбасти бомуваффаққияти соли таҳсили ҷорӣ нигаронида шудааст.
 Аз фурсат истифода бурда,   ҳамаи шумо устодони гиромиқадр ва шогирдони азизро бо фарорасии наврӯзи  хуҷастапай аз самими қалб табрику муборакбод намуда, ба ҳамаи шумо рӯзгори хушу осуда, сарсабзиҳои ҳаёт ва дар фатҳи қулаҳои нави илм комёбиҳои беназир орзу менамоям.
Баромад боди субҳу буйи Наврӯз,
Ба коми дӯстону бахти фирӯз.
Муборак бод ин солу ҳама сол,
Ҳумоюн бод ин рӯзу ҳама рӯз. 
  
   Наврӯзи  Хуҷастапай муборак, ҳамкасбон, шогирдон  ва  мехмонони  азиз!
Просмотров: 2185 | Добавил: Gulov | Рейтинг: 2.9/9
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

Календарь

«  Март 2013  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия