• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » 2014 » Декабрь » 31 » Табрикоти солинавӣ
16:06
Табрикоти солинавӣ
Табрикоти  солинавии
      ректори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, узви вобастаи АИТ Ҷумҳурии Тоҷикистон, д.и.т., профессор Убайдулло ҚУРБОН
 ба муносибати Соли нави милодии  2015
    Устодони гиромиқадр ва донишҷӯёни азиз,
    Ифтихормандам, ки Шуморо бо фарорасии соли нави милодии 2015 табрику муборакбод менамоям. Инак, боз як соли пур аз санаҳои хотирмон бо ҳама талошу бурдбориҳо ва мушкилоту душвориҳояш ба ҳукми таърих медарояд.
    Соли сипаришуда, дар ҳақиқат ҳам, дар таърихи навини тоҷикон  соли хотирмон боқӣ хоҳад монд. Зеро дар ин сол мардуми мамлакат дар фазои сулҳу субот ва ободкорию созандагӣ 20-солагии қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн гирифтанд, ки он боз як бори дигар муттаҳидию  сарҷамъиии мардуми кишварро дар атрофи  давлат ва Ҳукумати тозаистиқлоламон дар роҳи эъмори ҷомеаи демократию дунявии ҳуқуқбунёд, ки дар он тамоми ҳуқуқу манфиатҳои табақаҳои гуногуни аҳолӣ тавассути қонун ҳимоя ва дастгирӣ меёбад, намоиш дод. Соли 2014 боз аз он ҷиҳат дар хотираҳои мардуми шарафманди тоҷик боқӣ мемонад, ки мо дар ин сол 600-солагии яке аз мутафаккирони машҳури шарқ Мавлоно Абдураҳмони Ҷомиро ҷашн гирифтем, ки дар доираи он ҳамоишу нишастҳои зиёди илмӣ барпо гаштанд.
    Хурсандибахш аст, ки аҳли донишгоҳи мо низ соли сипаришударо дар ҳама самтҳои фаъолият бо нишондиҳандаҳои хуб ҷамъбаст намуданд. Соли гузашта бо мақсади васеъ намудани имкониятҳои таҳсилу касбомӯзии донишҷӯён аз ҳисоби маблағҳои дохилидонишгоҳӣ бинои нави таълимӣ сохта ба истифода дода шуд, ки дар он тамоми шароиту имкониятҳои таълим фароҳам оварда шудаанд.    Аз ҳама муҳимаш дар давоми соли гузашта сатҳу сифати таълим боло рафта, сифати дарсазхудкунии донишҷӯён дар муқоиса ба солҳои гузашта хеле беҳтар гашт. Аз ҷумла, натиҷаи ҷамъбасти сессияи зимистонаи соли таҳсили 2013-2014 маълум намуд, ки миқдори донишҷӯёне, ки имтиҳонҳоро танҳо бо баҳои аъло ва хубу аъло  супоридаанд, 42,2% (2640нафар)- ро ташкил медиҳад, ки ин нишондод нисбат ба соли гузашта 5,2% зиёд мебошад.    Дараҷаи дарсазхудкунӣ дар давраи фаъоли сессия 87,9% -ро  ташкил дод, ки назар ба сессияи соли гузата 5,9% зиёд гаштааст. Ҷамъбасти давраи фаъоли сессияи тобистонаи соли таҳсили 2013-2014 бошад, маълум сохт, ки миқдори донишҷӯёне, ки бо баҳои аъло ва хубу аъло сессияро ҷамъбаст кардаанд 1501 (25%) нафар  мебошад ва дараҷаи дарсазхудкунӣ 78% -ро ташкил медиҳад. Дар соли сипаришудаистода 73 нафар донишгоҳро бо “Дипломи аъло” хатм намуданд.
     Бояд гуфт, ки ҳамаи ин дастовардҳои баланд ба аҳли донишгоҳ пеш аз ҳама  тавассути роҳандозӣ гаштани  «Барномаи рушди ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино  барои солҳои 2006-2015» муяссар гаштаанд, ки он аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ тасдиқ гардида, ҷиҳати амалӣ намудани ин ҳуҷҷати муҳим солҳои охир тадбирҳои зиёде татбиқи худро меёбанд. Дар партави амалӣ гардондани барномаи мазкур дар донишгоҳ аллакай корҳои зиёди сохтмонию ободонӣ ба анҷом расонда, бештар аз 22 марказу шӯъбаи нави илмию таълимӣ кушода шуданд.
     Боварӣ дорам, ки соли нави 2015  барои мардуми соҳибтамаддуни кишвари мо оғози марҳилаи нави корҳои  бунёдкорию созандагӣ гашта, устодону донишҷӯёни донишгоҳи тиббӣ ҳам дар самти омӯзиш ва беҳтар кардани сифати омодасозии мутахассисони ҷавони тиб ба дастовардҳои боз ҳам назаррас ноил мегарданд.
      Соли наватон муборак,  устодону донишҷӯёни  азиз!

 
Категория: Поздравления | Просмотров: 648 | Добавил: Gulov | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

Календарь

«  Декабрь 2014  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия