• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » 2014 » Декабрь » 29 » Тантанаҳои солинавӣ дар Донишгоҳ
13:08
Тантанаҳои солинавӣ дар Донишгоҳ
Тантанаҳои солинавӣ дар Донишгоҳ
    Ҳамасола Соли нави мелодиро дар аксар мамолики дунё, бахусус дар қаламрави ҷумҳуриҳои  собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн мегиранд. Аслан, ҷашни Соли нав ҳанӯз 3-4 ҳазор сол пеш аз мелод пайдо шудааст. Дар он даврон, ки ризқи дастурхони мардум ба корҳои кишоварзӣ вобастагии зиёд дошт, бинобар сабаби баланд гаштани сатҳи оби дарёҳо ва боронгариҳои пайдарпайи барои кори кишоварзон муфид дар моҳи март, ҳамчун оғози мавсими кишту кор  мардум базми Соли нав ороста, якдигарро муборакбод мекарданд, соли нави бобарор ва таманниётҳои зиёд иброз медоштаанд.  
                   
     Дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино силсилачорабиниҳои ҷашни соли нави 2015 санаи 28-декабри соли ҷорӣ (рӯзи якшанбе) дар толорӣ Бинои навбунёди он оғоз гардид.Дар ин рӯз аъзои дастаи «Шифо» маҳфили фарҳангие бо номи «Барфреза» барпо намуд, ки ҷараёни он аз ҷониби кормандони Муассисаи давлатии «ТВ Сафина» пурра ба навор гирфта шуд ва санаи 30 декабр, соати 17-30 дақиқа тавассути шабакаи мазкур, муддати беш аз 30 дақиқа пахш гардид.
              
    Рӯзи 29 декабр дар толори Сино ва толори Бинои нав ҳавскорони факултети фарматсевтӣ ва аъзои дастаи «Шифо» базми солинавӣ ороста, табъи устодону кормандони донишгоҳ ва кӯдакони эшонро, ки ба базм даъватӣ буданд, бо шеъру тарона ва ҳазлу шӯхиҳои намакин болида сохтанд. Дар рафти чорабинӣ персонажҳои асосии базм-Бобои барфӣ ва Барфак бо хурдсолон шеъру чистонгӯӣ карда, ба онҳо туҳфаҳои Раёсати донишгоҳ ва Иттифоқҳои касабаи кормандону донишҷӯёнро тақдим намуданд.
                  
Категория: Новости | Просмотров: 439 | Добавил: Gulov | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

Календарь

«  Декабрь 2014  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия