• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » 2013 » Июль » 19 » ТАРБИЯИ ТАБИБОНИ ОЛИДАРАҶА – РИСОЛАТИ АСЛИИ ДОНИШГОҲ АСТ
09:59
ТАРБИЯИ ТАБИБОНИ ОЛИДАРАҶА – РИСОЛАТИ АСЛИИ ДОНИШГОҲ АСТ
ТАРБИЯИ ТАБИБОНИ ОЛИДАРАҶА – РИСОЛАТИ
АСЛИИ ДОНИШГОҲ АСТ.



  Профессор Қурбонов У.А., ректори ДДТТ ба номи Абӯалӣ  ибни Сино   рӯзи  18 июли соли ҷорӣ ба ҳангоми вохӯрӣ бо довталабони донишгоҳ ва волидони онҳо гуфт, рисолат ва вазифаи асосии Донишгоҳ ин  тарбия ва тайёр намудани табибони олидараҷабуда, дар тӯли фаъолияти худ  Донишгоҳ зиёда аз 34 ҳазор  мутахассисони варзидаи соҳаро тайёр намудааст.    
  Дар оғози вохурӣ, ки дар толори донишгоҳ мегузашт , қоидаҳои қабули донишҷӯёнро барои соли таҳсили 2013-2014 шарҳ дода, аз масъалаҳои ҳуқуқии шаҳрвандон доир ба таҳсилоти олӣ ибрози назар намуд.
  Ба таъкиди ректори ДДТТ ба номи Абӯалӣ  ибни Сино, дар донишгоҳ омодасозии мутахассисон аз ҷумлаи шаҳрвандони Тоҷикистон ба тариқи буҷавӣ ва шартномавӣ амалӣ мегардад.  Пардохти музди яксолаи таҳсил барои гурӯҳҳои шартномавии факултети тиббӣ – 5300 сомонӣ, стоматологӣ – 5890 сомонӣ, фарматсевтӣ – 3830 сомонӣ, нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ – 2670 сомониро ташкил медиҳад.
  Профессор Қурбонов У.А., ректори ДДТТ ба номи Абӯалӣ  ибни Сино афзуд, ки дар соли ҷорӣ имтиҳони қабул аз ду қисм – хаттӣ ва тестӣ  иборат буда,  тибқи муқаррароти донишгоҳ сурат мегирад. Санҷиши тестӣ аз 4 блоки фаннӣ иборат буда, дар ҳар яки он саволҳои мушаххас аз фанҳои химия, биология, физикаву математика ва фанҳои забони модарӣ, адабиёт, асосҳои давлат ва ҳуқуқ шомил гардидаанд. Санҷиши тестӣ бо забонҳои давлатӣ ва русӣ баргузор мегардад. Довталабоне, ки муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро бо забони тоҷикӣ хатм намудаанд  бо забони давлатӣ иншо менависанд.   Довталабоне, ки муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро бо забони русӣ, ӯзбекӣ ва бо забони аққалиятҳои миллӣ хатм намудаанд, аз  забони давлатӣ   диктант  месупоранд. Ҳамзамон таъкид шуд, довталабоне, ки ба раванди қабули имтиҳонҳо халал мерасонанд, тартиботи дохилиро вайрон мекунанд ва аз воситаҳои мухталифи дар имтиҳон манъгардида истифода мекунанд, аз имтиҳон хориҷ карда мешаванд.
  Ректори донишгоҳ хамчунин дар мавриди имтиёзҳое, ки аз ҷониби ҳукумати кишвар, вазорати маориф ва раёсати донишгоҳ таҳия шудааст, оид ба шунавандагони Маркази омодагии қаблӣ ва шунавандагони қабулшуда аз марказ ва дар бораи  таърихи таъсисёбӣ ва фаъолияти феълии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино маълумоти муфассал дод.
  Сипас,   Қурбонов У.А. дар сӯҳбати рӯ ба рӯ бо иштирокдорони вохӯрӣ  ба саволҳои эшон посух гуфт. Иштирокдорони вохӯрӣ, ки шуморашон беш аз 150 нафар буд, бо суолҳои мухталиф оиди низом ва қоидаҳои қабул ба донишгоҳи тиббӣ муроҷиат намуданд. Дар маҷмуъ, 16 суол аз ҷониби ҳозирин матраҳ гардида, ба ҳар кадоми онҳо посухҳои мушаххас дода шуд.
  Ректори ДДТТ ба номи Абӯалӣ  ибни Сино дар анҷоми вохурӣ ба ҳар кадом аз довталабон муваффақияту барор хоста, бори дигар ба шаффофияти баргузории имтиҳоноти қабули донишгоҳ ва ботил будани сару садоҳо дар мавриди вуҷуди ришваситонӣ дар ин раванд таъкид намуд.
Ҳамин тавр, барои саввум бор аст, ки Ректори ДДТТ ба номи Абӯалӣ  ибни Сино, профессор Қурбонов У.А. бо шаҳрвандон ва довталабон  вохӯрӣ доир намуда, ба суол ва пешниҳодоти онҳо расидагӣ менамояд.

Категория: Новости | Просмотров: 866 | Добавил: Gulov | Рейтинг: 5.0/1
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

Календарь

«  Июль 2013  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия