• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » 2014 » Июнь » 25 » Ташрифи ҳайати расмии меҳмонони Давлати Қатар ба ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино
12:52
Ташрифи ҳайати расмии меҳмонони Давлати Қатар ба ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино

Ташрифи ҳайати расмии меҳмонони Давлати Қатар ба ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино.

   Ҳайати намояндагони Давлати Қатар бо роҳбарии муовини вазорати тандурустии ин кишвар ҷаноби доктор Фалеҳ Ҳусейн Алӣ,ки бо як сафари расмӣ вориди ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино  шуданд, дар толори  меҳмонхонаи донишгоҳ  бо масъулин дидор намуданд. Ҳайатро Мудири хадамоти стандартикунонии вазорати тандурустии кишвари Қатар Ҷамол Рошид, Мудири бахши клиники вазорати тандурустии кишвари Қатар Ҷулет Иброҳим, ёрдамчии раиси шӯъбаи ҳамшираҳои шафқати вазорати тандурустии кишвари Қатар Бадрия Ал-лангавӣ ҳамроҳӣ намуданд.
    Профессор Убайдулло Қурбонов, ректори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, ки ҷаласаи мазкурро раисӣ менамуд, ташрифи меҳмононро ба ДДТТ хайрамақдам гуфта, ба таҳкими равобиту муносиботи миёни кишвари Тоҷикистон ва Қатар таъкид намуд. Ректори ДДТТ ҳамзамон дар мавриди таърихи ДДТТ аз шурӯи фаъолияташ то ба имрӯз, аз ҷумла теъдоди факултаҳо, донишҷӯёни ватанӣ ва хориҷӣ, қарордодҳои байналмилалӣ, ҳайати илмӣ,  омузиши пас аз дипломии интернатура, ординатура, магистратура ва аспирантура маълумоти муфассал ироа намуд.
   Ҳамчунин дар ин дидор аз ҷониби меҳмонон саволҳо дар заминаи омӯзиши пас аз дипломӣ ба хусус интернатура ва ординатура ба миён омад, ки аз ҷониби Ректори донишгоҳ ҷавобҳои муфассал ва комил дода шуд. Ҷонибҳо бо қаноатмандӣ аз раванди ҷаласа ба таҳкими муносиботи баъдӣ дар заминаи таҳкиму такомули равобити минбаъдаи тарафайн таъкид намуданд.
   Дар поёни ин дидор ҳайати меҳмонон бо ҳадафи ошноии бештар аз таърих ва фаъолияти донишгоҳ, бо роҳбаладии  Ректор Қурбонов У.А. аз толорҳо, китобхона ва  озмоишгоҳ дидан намуданд.

                                                                   З. Турсунова
                                                                   Сармутахассиси ШТН ва РҶ

 

Категория: Новости | Просмотров: 1923 | Добавил: Gulov | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

Календарь

«  Июнь 2014  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 4
Гостей: 4
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия