• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » 2014 » Октябрь » 27 » Ташрифи меҳмонони олиқадр
08:32
Ташрифи меҳмонони олиқадр

Ташрифи бошукуҳи Аълоҳазрат Маликаи шоҳигарии Дания – Мэри

ба    ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино


    Субҳи имрӯз 24 октябри соли 2014 Аълоҳазрат Маликаи шоҳигарии Дания – Мэри, ки бо як сафари расмӣ вориди Тоҷикистон шудааст, ба ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ташриф овард. Меҳмони олиқадрро  директори Дафтари аврупоии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ  Хонум Жужанна Якоб  ва намояндагони  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳӣ намуданд.
   Маросими мутантани қабули Аълоҳазрат Малика Мэри Датская аз саҳни Бинои асосии Донишгоҳ шуруъ шуда, дар толори Сино вохӯрии ҳайати меҳмонон бо кормандону донишҷӯён бо меҳмонон идома ёфт.


    Профессор Убайдулло Қурбонов, ректори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино,ки ҷаласаи мазкурро раисӣ менамуд, ташрифи Аълоҳазрат Маликаи шоҳигарии Дания – Мэри  ва ҷамъи меҳмононро ба ДДТТ хайрамақдам намуда, ин рӯзро ба унвони як рӯзи таърихи дар ҳаёти Донишгоҳ унвон кард.
    Бобоҳоҷиева Лола Садриддиновна муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳайати меҳмононро ҳамроҳӣ менамуд, ба ҳангоми сухан аз Донишгоҳи тиббӣ чун маркази илмӣ – методии  бонуфузи Вазорати  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ном бурд, ки дар амалӣ сохтани ҳадафҳо ва стратегияи ҳифзи солимии  аҳолӣ  минбаъд низ ҷаҳду талош хоҳад кард.  
     

        Меҳмони олиқадр  Аълоҳазрат Маликаи  шоҳигарии Дания   Мэри низ дар навбати худ аз пазироии самимии мизбонон изҳори сипос намуд. Директори Дафтари аврупоии Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ  хонум  Жужанна Якаб бо гузориш аз фаъолияти ин Созмони байналмиллалӣ ва муносибату ҳамкории он бо Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон аз ҳамкориҳои Донишгоҳи тиббӣ бо ин Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ сухан карда, онро дар сатҳи баланд арзёбӣ намуд. ӯ изҳори умедворӣ намуд, ки минбаъд низ ин ҳамкориҳо вусъат хоҳанд  ёфт. 
       Ҳамин тавр,  бо Қарори Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Аълоҳазрат Маликаи  шоҳигарии Дания Мэри ба унвони «Профессори фахрии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино» сарфароз гардонида шуд. 

  
Шуъбаи тахлил, назорат ва робита бо ҷомеа

Категория: Новости | Просмотров: 452 | Добавил: Gulov | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

Календарь

«  Октябрь 2014  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия