• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » 2015 » Март » 10 » ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОӣ – ВАБОИ АСР
07:15
ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОӣ – ВАБОИ АСР
ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОӣ – ВАБОИ АСР  
   Ислом шакли махсуси ҷаҳонбинии тавҳидиест, ки дар тӯли таърих нерӯҳои муайяни сиёсӣ онро ба ҳадафҳои хеш истифода бурда бошанд ҳам, худи он ҳамчунон поку беолоиш боқӣ мондааст. Ба арсаи сиёсат баровардани ислом бо истифода аз боварӣ ва эҳтироми бузурги мардум ба манфиатҳо ва ғаразҳои сиёсӣ ҳамеша ва дар ҳама давру замонҳо сабаби номуназзам гаштани вазъи иҷтимоӣ-сиёсӣ гашта буд, аммо ба нархи ҷони кӣ ва манфиати кӣ?  
   Дар давоми асрҳои миёна ҳадафи стратегии дини мубини ислом ва умуман рисолати ҷавҳарии он иборат аз «муттаҳид намудан», «бо ҳам овардан» ва «бо ҳамдигар мушфиқу ғамхор намудани қавму миллатҳо» муаррифӣ мегардид, на тафриқа ва ҷудоиандозӣ: Чуноне, ки дар Қуръони карим омадааст: «…ва бо якдигар низоъ макунед, ки (дар ин сурат) буздил шавед; ва давлату қуввати шумо биравад; ва шикебои варзед!» (Анфол 46). Худи ҳамин оятҳои зикршуда далолат ба он мекунанд, ки ҳеҷ як гурӯҳи одамон ҳуқуқи маънавии онро надорад, ки бо таъсис додани гуруҳи сиёсӣ ва истифода намудан аз арзишҳои диниву мазҳабӣ, боиси ранҷу машаққати аҳолии бегуноҳ гардад. Мутаассифона, барои расидан ба суд-мақсадҳои нопоку ғаразноки ин ифротгароён ба нафарони бешумор зиён мерасонанд, ки истифода аз динро ҳанӯз Абулқосим Фирдавсӣ ҳазор сол пеш дар «Шоҳнома»-и безаволаш нигошта буд.  
Зиёни касон аз паи суди хеш,
Биҷӯянду дин андароранд пеш.
  Имрӯзҳо бисёрмазҳабии исломӣ миёни мусалмонони дунё мушкилоти ҷадид ва хунинеро ба бор овардааст. Ба ҳамагон маълум аст, кишварҳои абарқудрати дунё барои ба даст овардани манбаҳои нафтии дунё, ки бештари ин манбаҳо дар кишварҳои исломӣ-арабӣ мавҷуданд, аз ҳама омили содда ва барои онҳо қулай, истифода бурдан аз дин ва мазҳабро роҳандозӣ кардаанд.
    Ба ҳизбҳо тақсим кардани мардуми мусулмон дар ҳама давру замонҳо ҳамеша натиҷаи манфӣ ба бор оварда, то ҳанӯз самари хубе ба ғайр аз харобиву катлу куштор ба бор наовардааст. Беҳуда нест, ки дар китоби азимушшаън, яъне Қуръони карим борҳо ва такрор ба такрор таъкид гашта, ки ба гурӯҳҳо ва ҳизбҳо ҷудокунии пайравони як дин боиси оқибатҳои нохуш мегардад. Масалан, дар яке аз оятҳои ин китоби муқаддас омадааст, ки «…аз мушрикон мабошед аз онон, ки дини худро пароканда сохтанд ва гуруҳ-гуруҳ шуданд; ҳар гуруҳ бо он чи назди ӯст, хурсанд аст!» (Рум,31).
    Таърих гувоҳ аст, ки баробари ба саҳнаи таърих ворид шудани ва ё тарҳрезӣ шудани фирқаву ҷараёнҳои исломӣ ҳаводорони онҳо худро мусалмонони воқеъӣ шуморида, бо гумони густариш додани равияи худ, нақшаҳои пинҳонии хоҷагони худро амалӣ мекарданд. Имрӯз низ ин хатои таърихӣ маротибаҳои зиёд аст, ки такрор мешавад ва мусалмононе зиёде аз ҷониби ин гуруҳҳои зархарид азият мекашанд. Ҳаракат ва ё гурӯҳи бо ном «давлати исломӣ»  низ имрӯзҳо ба хотири ҷорӣ  намудани «исломи ноб» зери шиори «ғазавот»-«ҷанги муқаддас барои дин» мусалмонони зиёдеро, ки пайрави дигар мазҳабҳову фирқаҳо ҳастанд, аз ҳаёт маҳрум намудаистодаанд. Ҳол он, ки шартҳои оддитарини ғазавоти исломӣ зарар нарасонидан ба заминҳои кишт, дарахтон ва таҷовуз накардан ба амволи мардум, қатли накардани мардумони беяроқ ва осоишта ва занону кӯдакон ба шумор меравад.  
   Ҳаводорон ва пайравони бо ном «давлати исломӣ» пайрави кадом мазҳаб ва кадом ислом бошанд, ки қатли 49 нафар толибилмро дар муассисаи таълимӣ дар Покистон, рабуди 150  нафар донишҷӯдухтаронро дар Нигерия, зинда оташ задани ҳавонаварди Суриягӣ ва 45 нафар тифлони маъсум (бегуноҳ), оташ задани бузургтарин китобхонаи илмӣ ва азобу машаққат ва таҷовуз ба молу амволи мардуми бегуноҳро раво мебинанд ва дуруст мешуморанд? Дар мавриде, ки яке аз сарчашмаҳои мӯътамади мазҳаби ҳанафӣ «Ас-саводу-л-аъзам»-и Ҳакими Самарқандӣ, ки дар асри Сомониён бо супориши Исмоили Сомонӣ барои идора намудани фазои динии давлати Сомониён навишта шудааст, чунин омадааст, ки «ҳеҷ касро аз аҳли қибла кофир махонед, ба гуноҳ». Мувофиқи мазҳаби таҳаммулпазири Имоми Аъзам нафаре, ки аҳли қибла аст, новобаста равияву ҷараёни он ӯро кофир шуморидан  номумкин ва хуни ӯро рехтан қатъиян  норавост. Чунин амалҳои зиште, ки пайравони бо ном «давлати исломӣ» анҷом дода истодаанд, дар тули таърих аз ҷониби ягон нафар мусалмон ва ё давлати исломие содир нашудааст. Дуруст аст, ки ин амалҳои ифротгароёна ва даҳшатафкани онҳоро сарвари давлатамон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳоияшон «вабои аср» унвон доданд ва таъкид намуданд, «терроризм сарҳад миллат ва мазҳаб надорад».
    Ҳадиси Паёмбари акрам (с)“Мусулмон касест, ки мусулмонон аз дасту забони ӯ солим бимонанд” ва ҳадиси дигаре, ки “Ҳар кадоми шумо то ончиро, ки ба худ раво мебинад, барои бародараш раво набинад, ҳанӯз имон наовардааст” аз он далолат мекунанд, ки ҳатто мусалмоне аз дасту забони мусалмоне набояд озор бинад. Бояд донист, ки нишона ва сифати асосии мусулмон. Пас чигуна метавон иҷоза дод, ки гурӯҳи махсусе аз мусулмонон номи исломро барои ба ҳадафҳои сиёсии хеш ва хоҷагони худ расидан истифода барад.
    Илова бар ин ислом ҳамеша ва дар ҳама давру замон нерӯи бузурге дар ниҳоди хеш дошт, ки он метавонист ва имкон ҳам дошт, ки тавассути даъват ба тавҳид ба сифати идеологияи муттаҳидкунандаи мардуми кишвар баҳри созандагӣ ва бақою пойдории мусолеҳаи мардуми кишвар, рушду инкишофи он дар самтҳои гуногуни иқтисодӣ истифода барад ва ҳанӯз ҳам шояд дер нашуда бошад. Дар таърих фа фарҳанги миллии тоҷикон ба хусус аз давлатдории шоҳаншоҳии асотирии Каёниён, Хахоманишиҳо, Кушониён, Сосониён ва Сомониён хуб мушоҳида кардан мумкин аст, ки шоҳаншоҳони бузурги ориёӣ чи гуна динро дар хизмати давлат ва ҳукуматҳои замон қарор доданд ва бад-ин восита тавонистанд сесад сол ва ё чорсаду панҷсад сол ҳукумат карданд. Чуноне, ки Фирдавсии бузургвор фармудааст:
Чунон дину давлат ба якдигаранд,
Тӯ, гӯӣ, ки дар зери як чодаранд.
На бет ахти шоҳӣ бувад, дин ба ҷой,
На бе дин бувад шаҳриёрӣ ба ҷой.
     Таҷрибаи талхи ҳаёти халқҳои гуногуни олам ва пай дар пай рух додани инқилобҳои сурху бунафшагӣ, қахвагию осмонӣ, инқилобҳои бо ном «баҳори исломӣ» «давлати исломӣ» дар чандин кишварҳои исломӣ, то ҳанӯз чашми дили мусалмононро накушодаву ҳиҷоб аз чеҳраи «дӯстони ҷонии онҳо» бар нагирифтааст. Чанде пеш дар ҳафтаномаи Тоҷикистон (№3 (1097) 22.01.2015 маводе нашр гардид, ки ҳиҷоб аз рӯи «дӯстони ҷонии онҳо» бо ном давлати исломӣ бардошт. Мувофиқи маълумоти манбаъ Юрген Тоденхофер як нафар рӯзноманигори олмонӣ терроризм ва ифротгароии давлати исломиро дар Сурия ва Ироқ «фарзанд»-и Ғарб, ба хусус ИМА медонад. Ба асорат бурдани 90-нафар масеҳиён аз ҷониби бо ном «давлати исломӣ» оқибатҳои даҳшатбореро овардан мумкин аст. Чунки то ин замон пайравони давлати исломӣ танҳо ба мусалмонони пайрави мавзҳабу ҷарёнҳои дигар ҷабру зулми худро раво медиданд, ҳамакнун онҳо пайрвони дини масеҳиро  низ зери шиканҷаи худ қарор додаанд, ки ин амал миёни тамаддуни исломӣ ва тамаддуни масеҳӣ оқибатҳои нохуш оварданаш аз эҳтимол дурр нест.
    Наметавон инкор кард, ки «салафикунонӣ», «ваҳобикунонӣ» ва ба ҳизбу ҳаракатҳои сиёсиву диниву мазҳабӣ ҷудо кардани мардуми кишвар низ маҳсули андешаҳои мутахассисони баландмақоми «дӯстон»-и аҷнабии мо мебошанд, ки сиёсати ҷудоиандозӣ ва «парокандасозии нерӯҳои солими кишвар» ҷавҳари стратегия ва тактикаи онҳоро ташкил медиҳад, ки бешубҳа бо ҳадафҳо ва ғазаразҳои муайян дар марказҳои иттилоотии муайян рӯи саҳна ворид карда мешаванд. Бояд қайд кард, ки омилҳои мусоидаткунанда ба терроризм ва ифротгароии динӣ пеш аз ҳама дар мавҷудияти ҳизби характери исломидошта, таълими динӣ гирифтани ҷавонон дар донишгоҳҳои ғайрирасмии кишварҳои исломӣ, бекорӣ ва ба ҷои кор таъмин набудани ҷавонон, бехабар мондани ҷавонон аз арзишҳои аслии ислом ва хусусияти гуманистии он мушоҳида карда карда мешавад.   
   Таъсиси ҳизбҳои сиёсии характери динидошта ва дар ҳаёти сиёсӣ иштирок намудани чунин ҳизбҳо яке аз масъалаҳои бисёр мубрам ва печидаи кишварҳое мебошад, ки сокинони онро аксаран мусулмонон ташкил медиҳанд. Ин масъала дар аксари ҷомеаҳои мусулмоннишин ба яке аз шадидтарин масъалаҳои ихтилофии дохилидинӣ ва фазои сиёсӣ табдил гашта истодааст. Нерӯи сиёсии исломӣ ва ё ҳизби диние, ки вазифаҳо ва нақши асосии худро дар назари ҷонибдорон иҷро карда наметавонад, хусусяти фаъолияти махфиёна ба худ касб мекунад, ва барои роҳ ёфтан ба фазои сиёсӣ аз ҳама шеваҳои мубориза истифода намуда, боиси бесуботӣ ва ноамнӣ дар ҷомеа мешавад.
    Мусаллам аст, ки ҳарчанд мардумони форсу тоҷик дар оғози давраи исломӣ аз нигоҳи сиёсӣ аз араб мағлуб шуда бошанд ҳам, дар майдони илму дин нисбат ба араб афзалияти хешро нигоҳ дошта, аз ҳамин роҳ на танҳо фарҳангу давлатдории миллиашонро аз нав эҳё карда, фарҳанги оламшумули миллии худро эҷод намуданд, балки   исломро дар давраи авҷи низоъҳои сиёсию мазҳабӣ аз харобшавӣ наҷот дода, дар ташаккули тамаддуни исломӣ саҳми арзанда гузоштанд. Имоми Аъзам мактаби аҳкоми фиқҳиеро дар пояи ақлгароӣ ва таҳаммулпазирӣ эҷод намуд, ки аз тариқи он ислом дар бисёр кишварҳо густариш ёфт ва он ғолибтарин мазҳаб дар ҷаҳони ислом ба ҳисоб рафта, дар Хуросону Мовароуннаҳр хусусияти миллӣ касб кардааст.  
    Вақти он расидааст, ки дар сатҳи ҳукумат консепсия ва ё дурнамои муносибати дину давлат дар асоси мазҳаби ҳанафия ва ҳавзаи каломии мовароунаҳрии мотуридия роҳандозӣ карда шавад, чунки ҳанафия ва мотуридия бештар фарҳанги миллии сокинони Осиёи Марказӣ такя намудаанд  ва арзишҳои миллии форсӣ-тоҷикиро дар пиёдасозии қавонини исломӣ ба кор бурдаанд, метавонанд дар оянда низ ҳамчун мазҳаби исломии хусусияти миллидошта хизмат намояд.   
    Воқеаҳои солҳои охири дар кишварҳои мусулмоннишин ба амал омада, ба ҳамагон маълум аст, ки дар чунин вазъи ногувори сиёсӣ, бӯҳрони иқтисодӣ, ҷангҳои дохилӣ ва шаҳрвандӣ дар гирифтор намудани давлат ба чунин ҳолат нақши ҳизбҳои сиёсии динӣ ба монанди «Ихвону-л-муслимин» ва «Салафия» баръало намоён гардидааст. Имрӯз тамоми қишрҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд нисбати ҳизбҳои хусусияти динидошта эҳтиёткор ва нозукбинона рафтор намоянд ва аз такрори ҳолатҳои номатлуб пешгирӣ намоянд. Беҳуда нест, ки Президенти кишвар, Ҷаноби олӣ, Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ қайд кард, ки «терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бистуяк табдил ёфтааст». Пешгирӣ кардан аз терроризм ва ифротгароиро яке  аз вазифаҳои муҳими мақомотҳои дахлдори давлатӣ, аҳли зиё ва ашхоси баору номуси миллат ва ниҳоят вазифаи ҳар шаҳрванд донистааст.
    Мазҳаби суннатии мардуми тоҷик – мазҳаби ҳанафӣ аз ҳар гуна ифроту тафритҳо ва тундгароиҳо дур аст ва зуҳуру фаъолгардии гурӯҳу ҳаракатҳои тундгаро гувоҳ аз бегона будани онҳо ба халқу миллати мо мебошанд. Дар чунин сурат ҳизби сиёсии диние, ки манфиатҳои миллии тоҷикро дар раванди тезутунди ҷаҳонишавӣ ҳимоят карда наметавонад, барои инкишофи тафаккури солими исломии сокинони он монеа эҷод мекунад ва дар оянда бо зоҳир намудани чунин аломатҳои зикршуда метавонад дар ташаккули миллати точик хатар эҷод намояд.
    Яке аз вазифаҳои асосии ҳокимияти сиёсӣ аз он иборат аст, ки фаъолияти аз доираи қонун беруни фаъолияти ташкилотҳои динӣ ва махсусан ташкилотҳои берунаро зери назорати пайваста қарор дода бошад, зеро ташкилотҳои байналмилалии хориҷӣ дар ниқоби «хайрхоҳона» аз оғози пайдоиш то кунун сиёсати нерӯҳои муайяни доираҳои сиёсиеро анҷом медиҳанд, ки дар марказҳои махсус ва бо ҳадафҳои махсус тарҳрезӣ гаштаанд. Ин нерӯҳо дар ҳар лаҳзаи зарурӣ ва муносиб метавонанд раванди ҳамзистии осоиштаро дар ҷомеа халалдор сохта, фазои динии онро носолим намоянд. Ҳамин тавр, байни ҳокимият ва дин ҳамеша дар ҳама кишварҳои ҷаҳон таъсири мутақобилае вуҷуд дорад, ки он дар муносибатҳои байни онҳо зоҳир мегардад аз ҳама муҳимаш он аст, ки ин муносибат дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ, созандагӣ ва эҷобӣ сурат гирад. Дар соҳаи ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ ҳокимият ва дин дорои як ҳадаф мебошанд: таъмини сулҳу салоҳ, осоиштагӣ, ризоият, ҳамдигарфаҳмӣ, амният, бехатарӣ, озодӣ ва ваҳдати ҷомеа. Танҳо «сиёсатбозон» ҳастанд, ки ба хотири ҳадафҳои хеш раванди муносибатҳои ҳокимият ва ташкилотҳои диниро бо ҳар баҳонаву дасисабозиҳо ноором сохтанӣ мешаванд! Дин ва ҳокимият ҳаргиз набояд саъю талош намоянд, ки яке дигареро ба худ тобеъ намоянд. Равобити созанда ва тарафайни онҳо метавонад ҳамкориҳои байни онҳоро боз ҳам тақвият бахшида, ба пайдо шудани фазои итминону боварӣ мусоидат кунад ва аз ин роҳ дар самти муносибатҳои иҷтимоию сиёсӣ ба музафариятҳои бузург ноил шуда, сулҳу амниятро комилан таъмин намоянд.
Категория: Новости | Просмотров: 1226 | Добавил: Gulov | Рейтинг: 2.0/1
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

Календарь

«  Март 2015  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 2
Гостей: 2
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия