• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » 2014 » Ноябрь » 15 » Тибби исботшуда дар таҷрибаи клиникӣ
17:43
Тибби исботшуда дар таҷрибаи клиникӣ

Санаи 13 ва 14-уми сентябри соли 2014 дар Маркази захираҳои исботшудаи тибби Донишгоҳи давлатии тибби Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино тренинги омӯзишӣ оид ба «Тибби исботшуда дар таҷрибаи клиникӣ» барои  23 нафар ординаторони клиникии соли аввали кафедраҳои акушерӣ ва гинекологии №№1,2 баргузор гардид. Маҳфилро роҳбари МЗИТ Почоҷонова Ш.Ш. ифтитоҳ намуда, оид ба мақсади ҷамъомад ва баргузории маҳфил суханронӣ намуд. ӯ аз ҷумла қайд намуд, ки омӯзиши тибби исботшуда дар муассисаҳои таҳсилоти тиббӣ яке аз масъалаҳои муҳими соҳаи тандурустӣ ба ҳисоб рафта, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати расонидани ёрии тиббӣ аҳамияти ниҳоят бузург дорад.

Вобаста ба ин, дар тренингҳои омузишӣ мавзуҳои зайл баррасӣ гардиданд, ки аз қисматҳои назариявӣ ва амалӣ иборат буд:

  1. Тибби исботшуда ва таҷрибаи клиникӣ
  2. Дизайни тадқиқоти клиникӣ. Пирамидаи исботҳо
  3. Тавсияти саволҳо ҷиҳати ҷустуҷӯи маълумот
  4. Ҷустуҷӯ ва баҳодиҳии интиқодии маълумот
  5. Дастурамалҳои клиникӣ
  6. Тибби исботшуда ва рекламаи тиббӣ

Баъдан маърӯзаҳо дар мавзуҳои зикргардида тавассути ангораҳо пешниҳод карда  шуд. Маърузаҳо як қатор масъалаҳои муҳими тибби исботшударо фаро гирифта, таърихи тибби исботшуда, моҳияти омӯзиши ин фан,  зарурияти он дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ва дастрасии маводҳои тибби исботшуда ба ординаторони клиникӣ баррасӣ гардид. Сипас, оид ба мавзуҳои пешниҳодшуда саволу ҷавоб, ибрози андеша, ақоиду пешниҳод ва баҳрабардорӣ аз тибби исботшуда шунида шуд.

Дар қисмати амалии ҷамъомад иштироккунандагон бо истифода аз шабакаи Интернет дар сомонаҳои www.thecochranelibrary.com, www.PubMed.gov ва  ғайра  мустақилона кор  карданд. Дар давоми 2 рӯзи семинар аз тарафи ординаторони клиникии зерин маърузаҳо омода ва баромад карда шуд:

  1.   Анакулова Мунира «Применение препаратаГидралазина (апрессин) при преэклампсии» ординатори клиникии кафедраи акушерӣ ва гинекологии №1    
  2. Таджибаева Начиба «Применение Нифедипина при угрожающих преждевременных родах» ординатори клиникии кафедраи акушерӣ ва гинекологии №1    
  3. Гулбахори Ализода «Эффективность Нифедипина при преэкламсии »  ординатори клиникии кафедраи акушерӣ ва гинекологии №2
  4. Низомова Фарангис «Эффективность Окситоцина в послеродовых кровотечениях»  ординатори клиникии кафедраи акушерӣ ва гинекологии №2

                 

Дар идомаи маҳфил ба иштирокчиён варақаҳои саволӣ пешниҳод гардид, ки ба мавзуи ҷамъомад мувофиқ буд ва аз ҷониби эшон посухи саволҳо шунида шуд.

Дар охир ҷиҳати  ҳамоиш иштирокчиёни маҳфил фикру ақидаи хешро оид ба тренинг пешниҳод намуданд, ба монанди «Ба ман ин семинар писанд омад, аз ҷумла усули пешниҳоди маълумот. Ман фаҳмидам, ки чӣ тавр дуруст, босифат ин ё он бемориро табобат намоям, ки бмор шифо ёбад»; «Бори аввал ман худамро бакамолрасида ҳис намудам ва ҳамчун табиб андешаронӣ кардам»; «Ташаккур ба ташкилкунандагони ин семинар. Бо шарофти ин ман маълумоти зиёди нав ба нав пайдо намудам ва кор карданро бо китобхонаи Кохран омухтам» ва ғ.

Категория: События | Просмотров: 446 | Добавил: Qumatib | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

Календарь

«  Ноябрь 2014  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия