• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » 2013 » Сентябрь » 28 » Вақте ки шаффофият меъёри санҷиш қарор дорад…
09:03
Вақте ки шаффофият меъёри санҷиш қарор дорад…
Вақте ки шаффофият меъёри санҷиш қарор дорад… 

 


Давоми панҷ шаш соли охир роҳбарияти ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, ки ягона махзани омодасозии мутахассисони олидараҷаи тиб ҳисоб меёбад, ҷиҳати ба таҳсилоти олии тиббӣ ҷалб намудани беҳтарин хатмкунандагони мактабҳои  таҳсилоти  умумии кишвар тадбирҳои зиёдеро роҳандозӣ  намуданд. Пӯшида нест, ки солҳои пешин, махсусан дар давраи нооромиҳои солҳои 90-ум мардум аз аз сатҳи  пасти донишҳои касбии хатмкардаҳои донишгоҳ норозигиҳои зиёде изҳор менамуданд.
Хушбахтона бо боварии том метавон гуфт, ки сифати омодасозии табибони ҷавон имрӯз ба куллӣ беҳтар гашта, ҳатто дар баъзе риштаҳо аз сатҳи хатмкардаҳои даврони шуравӣ пеш гузаштааст. Ба гунаи мисол, донишгоҳро худи ҳамин сол 81 нафар бо баҳои «аъло » хатм намуданд, ки ин нишондиҳанда дар муқоиса ба солҳои пешин 2-3 баробар зиёд мебошад.
Хуш, кадом омилҳо ба чунин пешравиҳои назаррас мусоидат намуданд? Пеш аз ҳама роҳбарияти донишгоҳ барои беҳтар намудани шароитҳои кору таҳсил дар давоми солҳои охир заминаи моддию техникии таълимгоҳро ба куллӣ беҳтар намуда, бо ин мақсад ҳанӯз соли 2006 Барномаи рушди ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино барои солҳои 2006-2015 таҳия намуданд, ки он аз тарафи Ҳукумати мамлакат тасдиқ гардида, давраи якуми татбиқи барнома аллакай паси сар шуд. Тибқи ин ҳуҷҷати муҳим масоҳати муфиди таълимӣ дар донишгоҳ васеъ гашта, ҷиҳати васеъ намудани имкониятҳои таълимӣ 22 шуъбаву марказҳои нави илмӣ кушода шуданд. Ҳамзамон, маоши устодони донишгоҳ аз 140 сомонии соли 2005 имрӯз мутаносибан ба 1980 сомонӣ расонда шудааст, ки ин тадбир ба ҳасмандагардонии кормандони илмӣ ва устодону профессорони донишгоҳ мусоидат намуд.
-Аз рӯи таҳлилҳои анҷомдодаи мо имсол нисбат ба соли гузашта натиҷаҳои имтиҳоноти 19,2% -и довталабони донишгоҳ то 150 хол, 13,4-и фоизи довталабон  то 180 хол ва 2,4-и онҳо аз 180 хол зиёд баҳогузорӣ гаштааст, ки ин аз болоравии ҷиддии сатҳи дониши толибимони оянда гувоҳӣ медиҳад, - гуфт дар суҳбат котиби комиссияи қабули донишгоҳ Ш.Қ.Маҳмадов
Бо мақсади ба таҳсил фаро гирифтани ҷавонони нисбатан қобилиятноку соҳибистеъдод фаъолияти шуъбаи омодагии қаблии донишгоҳ пурзӯр карда, дар вилоятҳои Суғду Хатлон филиалҳои он ба фаъолият шуруъ намуданд. Метавон гуфт, ки шуъбаи омодагии қаблӣ солҳои охир ба маҳаки асосии қабули беҳтарин довталабон табдил ёфтааст. Масалан, танҳо соли ҷорӣ аз 1076 нафар шунавандагоне, ки давоми 8 моҳ дар назди устодони варзидаи шуъбаи мазкур омодагӣ мегирирфтанд, дар маҷмуъ 520 нафарашон имтиҳонҳои қабулро бо муваффақият супорида, ба сафи донишҷӯён ҳамроҳ гардиданд. Ҳамзамон бо мақсади таъмини норасоии кадрҳои баландихтисоси тиббии минтақаҳои гуногуни кишвар соли ҷорӣ 133 нафар ҷавонписаронону духтарон тибқи Квотаи президентӣ ба донишгоҳ шомил гардиданд.
Бояд гуфт, ки ҳар сол дар донишгоҳ ҷиҳати шафофу адолатнок анҷом додани имтиҳоноти қабул тадбирҳои зиёде роҳандозӣ мегарданд. Маҳз бо хамин мақсад соли ҷори ректори донишгоҳ, профессор У.А.Қурбонов қабл аз оғози имтиҳоноти қабул тариқи нашрияҳои бонуфузи давлатию хусусӣ аз ҷумла «Садои мардум», «Ҷумҳурият», «Миллат», «Фараж», «СССР» мусоҳибаҳои ихтисосӣ анҷом дода,  довталабонро дилпур кунонд, ки довталабони донишгоҳи тиббӣ бояд танҳо ба донишу заковат ва ҳисси баланди масъулиятшиносии хеш такя намуда, дар ин давраи ҳассос аз макру фиреби баъзе  қаллобону мардумфиребон канорагирӣ намоянд. Ҳамчунин, роҳбари донишгоҳ дар арафаи имтиҳоноти қабул ду маротиба бо довталабон ва волидони онҳо бевосита вохӯрӣ гузаронида онҳоро бо шарту  шароитҳои қабул шинос намуд ва такрори ба такрор огоҳ сохт, ки дар ин давра ба макру фиреби ягон миёнарав дода нашаванд, зеро имтиҳонот таҳти назорати бевоситаи ректори донишгоҳ қарор дошта, рафти он аз ҳар гунна омилҳои субъективии таъсиррасонӣ ва воситачигӣ ҳифз карда мешавад.
Инак, имтиҳоноти қабул паси сар гаштанд ва боз 1410 нафар ташнагони илму маърифат ба шумули донишҷӯёни донишгоҳи тиббии ҷумҳурӣ ҳамроҳ шуданд. Сӯҳбатҳои зиёде, ки дар рӯзҳои аввали таҳсил мо бо довталабони дирӯза ва ҳоло бошад, донишҷӯёни курси якуми донишгоҳ анҷом додем, далели он аст, ки имтиҳоноти имсола дар сатҳи баланд анҷом пазируфта, беҳтарин довталабон тавассути дониши қавӣ ва омодагиҳои пурраи хеш домони мақсудро ба даст гирифтаанд. Биёед  беҳтараш ба фикру андешаҳои баъзеи онҳо таваҷҷуҳ менамоем:
Фарзона Мазбутова – дастпарвари мактаби №37, ноҳияи Истаравшан: Қариб тӯли се сол ман барои ба донишгоҳи тиббӣ шомил гаштан тайёрӣ медидам ва дар ин роҳ ба ман устодонам Р. Маъруфов, Н.Раҳимов, М. Қобилов, Б.Муҳиддинов ҳамаҷиҳата ёрӣ мерасониданд.
Давоми як соли охир бошад дар назди устоди варзидаи фанҳои химияю биология Бобоев Ф. дарсҳои иловагӣ гирифтам. Ростӣ баъзеҳо кӯшишҳои зиёди маро дида, гӯё  барқасд дилсардам мекарданд, ки «беҳуда худамро азоб надиҳам, зеро ба донишгоҳи  тиббӣ бе пулу восита дохил шудан ғайриимкон аст». Дар ин ҳолатҳо модари азизам, ки ҳамин донишгоҳро хатм намуда, дар хизмати халқ аст, маро дилпурӣ медод, ки ба  ҳарзагуи дигарон дода нашаваму омӯзишро давом  диҳам. Ҳаминтавр  ман аз як деҳаи дурдаст, аз байни духтарон аввалин шуда ба донишгоҳи тиббӣ ҳуҷҷат супоридам. Ҳарчанд тайёриам қавӣ буд, вале дилам қарору ором надошт. Чи мешуда бошад? Рӯзи 2 август вақте ба имтиҳони тестӣ даромадам, намедонам аз чӣ бошад, ки рӯи дилам кушода шуд, зеро ба зудӣ ҳис кардам, ки имтиҳон дар фазои озоду шаффоф мегузарад ва касе ба рафти имтиҳонҳо таъсир расонда наметавонад. Ман дар маҷмӯъ аз имтиҳонҳо 202 хол гирифтам, ки ин яке аз нишондиҳандаҳои беҳтарин ба ҳисоб меравад.
Мехоҳам ба ректори донишгоҳ профессор У.А.Қурбонов миннатдории самимии худро баён намоям, ки дар ҳақиқат барои ҷалби донишҷӯёни болаёқат ба таҳсил дар донишгоҳ фазои адолату шаффофият ва ҳақиқату ростиро муҳайё сохтаанд ва ин бешак кори саҳлу осон нест.
Писта Мӯсоева-хатмкардаи мактаб аз шаҳри Хорӯғ: Барои донишҷӯи донишгоҳи тиббӣ гаштан се сол талош варзидам ва шодам, ки тӯли ин муддат вақтро беҳуда нагузаронида худамро барои таҳсил дар ин таълимгоҳи олӣ ҳаматарафа омода сохтам. Агар соли гузашта ҳамагӣ соҳиби 111 хол гашта бошам, пас имсол  натиҷаҳои имтиҳоноти маро 185 хол баҳогузорӣ намуданд. Аз рӯи мушоҳидаҳои банда ба ҳамсолони ҷавони ман сабру таҳаммул ва бурдборию устуворӣ дар роҳи мақсад намерасад. Мехоҳанд, ки ҳар хостаи дилашонро ба осонӣ ба даст биёранд. Дари  донишгоҳи тиббӣ бошад, дар ҳақиқат ҳам барои ҷавонони тасодуфӣ баста мебошад, зеро дар ин ҷо талабот барои ҳамаи довталабон як чиз аст: донишу ҷаҳонбинии баланд. Ин бошад, омӯзиши чуқури қариб ҳама фанҳои таълимиро талаб менамояд. Худамро хушбахт меҳисобам, ки имрӯз дар қатори беҳтарин ҷавонони кишвар таҳсил дорам, зеро ба ин даргоҳ касе ба осонӣ роҳ намеёбад. Барои таъмини чунин шаффофият мехоҳам ба роҳбарияти донишгоҳ аз сидқи дил арзи сипосу миннатдорӣ намоям.
Муҳаммад Насруллоев – хатмкардаи мактаби №26, ноҳияи Бохтар: Ман мактаби миёнаро бо баҳои аъло хатм карда, кайҳо дар дил орзуи табиб шуданро мепарваридам, вале овозаҳои гуногунро дар арафаи имтиҳонот аз одамони тасодуфӣ мешунидаму дудила мешудам: мабодо меҳнати зиёдам зоеъ раваду аз Душанбе  ноком  баргардам. Хушбахтона, ду холабачаам, ки дар ДДТТ таҳсил менамоянд, ба таътили тобистона, ба деҳа баргаштанду муттакои дили ман шуданд.
-Ба гапи беҳудаи касе бовар накун, дар донишгоҳи тиббӣ танҳо донишу малакаат ба кор меояду халос, -гуфтанд онҳо ва боз аз ҳақиқатпарастиву адолатпарварии ректори донишгоҳ суханҳои зиёде гуфта маро дилпур кунониданд, ки бо чунин тайёрии доштаам дар сафи аввалинҳо ба донишгоҳ дохил мешавам. Ва ҳамин тавр ҳам шуд. Ман соҳиби 233 хол гаштам. Вақте ки бо сари баланд ба деҳа баргаштам, модарам, ки дар шӯъбаи ҷарроҳӣ ҳамшираи шафқат шуда кор мекунад, маро ба оғӯш гирифта ашк рехт. Худамро имрӯз хушбахтарин одам меҳисобам, зеро орзуи наҷиби модари азизамро, ки маро дар оянда табиб дидан мехоҳад, иншоолоҳ амалӣ хоҳам кард.
Ба устодони донишгоҳ, ки имтиҳонотро софу шаффоф анҷом доданд, хусусан ба ректори  муҳтарам профессор У.А.Қурбонов, ки фазои адолату ҳақиқатро дар имтиҳонот таъмин намудаанд, миннатдории худам ва модари азизамро баён мекунам. Ташаккури зиёд, устодони азиз!
Диловар Саломов – хатмкардаи мактаби №36, ноҳияи Исфара: Ман ба донишгоҳ бо дили пур омадам, зеро дар донишгоҳ алҳол аз деҳаи Чилгази, ки банда он ҷо ба воя расидаву соҳиби маълумоти миёна гаштаам, 10 нафар таҳсили илм менамоянд. Мардуми деҳаи мо ректори ДДТТ, профессор У.А. Қурбоновро  ғоибона мешиносанду барои таъмини шаффофияту адолат дар ин махзани маърифат ба он кас эҳтирому ихлоси бузурге доранд.
Ман пештар дар олимпиадаҳои фаннии ноҳиявӣ ва вилоятӣ низ ширкат варзида, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гашта будам ва дар тӯли се -чор сол тавассути дастгириҳои устодам М.Иброҳимов ва модари азизам Саломова Нафиса, ки аз фанни химия ба хонандагон сабақ меомӯзонанд, барои дохилшавӣ ба донишгоҳи тиббӣ заминаи мустаҳкаме омода карда будам. Ин буд, ки бе душворӣ соҳиби 197 хол гашта, ба сафи донишҷӯён қабул шудам. Оянда стоматолог шуданиам. Медонам, ки дар донишгоҳамон мактаби пурқуввати илмии стоматологӣ ба тарбияи мутахассисисони ҷавон сару кор мегирад. Кӯшиш мекунам, ки ҳар соату лаҳзаи мувофиқро ба манфиати кор истифода бурда, аз донишу малакаи устодони варзидаи донишгоҳ баҳрабардорӣ намоям.
Фароғат Маллаева – хатмкардаи мактаб, аз ноҳияи Восеъ:
- ДДТТ ба андешаи банда айни замон дар байни дигар макотиби олии пойтахт ягона мактаби олӣ аст,ки кулли довталабон бе ягон воситаи дигар,танҳо таввасути дониши баландашон ба он дохил мешаванд. Инро ман аз таҷрибаи худам мегӯям.Мактаби миёнаро соли гузашта хатм карда, ҳатто дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанни забон ва адабиёт соҳиби ҷои сеюм гашта бошам ҳам, вале аз имтиҳони  соли гузаштаи қабули донишгоҳ гузашта натавонистам. Хатогиамро худам ҳис кардам: дар муқоиса ба дигар довталабони муваффақ дониши ман аз фанҳои дақиқ сустӣ мекард.Аз ин хотир руҳафтода нашуда, соли гузашта ба шуъбаи тайёрии донишгоҳ ҳуҷҷат супоридам ва тӯли 8-моҳ аз устодони МОҚ фанҳои химия, физика, биология ва математикаро аз худ намудам.Меҳнатам барабас нарафт.Имсол бо 205 хол дар қатори беҳтарин довталабони муваффақ ба донишгоҳ шомил гаштам.Ба онҳое, ки дар оянда касби табибиро интихоб карданианд, гуфтаниам: дари донишгоҳи тиббӣ барои толибилмони лаёқатманду соҳиби ҷаҳонбинии васеъ ҳамеша кушода аст. Вале барои донишҷӯ шудан шумо аз имтиҳони сахти беҳтарин устодон  таҳти сарварии олими варзида, д.и.т., профессор У.А.Қурбонов мегузаред, ки барои ин ҳаматарафа омода шудан ва дониши васеъ доштан лозим меояд. Мантиқан , табиби оянда ҳам бояд фарогири донишҳои баланди замонавӣ бошад.
Меҳроб Юнусов- хатмкардаи мактаби рақами 15, ноҳияи Ёвон: Қаблан мехоҳам ба онҳое,ки ҳар сол дар атрофи донишгоҳи тиббӣ овозаҳои бардурӯғ паҳн менамоянд, як чизро иброз намоям: халқи мо масали хубе  дорад, ки офтобро бо доман пӯшонида намешавад. Ман ҳамчун довталаб дар баробари имтиҳонсупорӣ имсол рафти имтиҳонотро бодиққат назорат карда, ҳайрон гаштам, ки чаро баъзе  ҳамдиёрони калонсоли мо ҳақиқати ҳолро нафаҳмида, ҳар сол дар атрофи имтиҳоноти қабули донишгоҳи тиббӣ овозаҳои пучу беасосро паҳн менамоянд. Мумкин аз ин ягон фоидае гиранд? Намедонам онҳо чӣ манфиат мебинанд аз ин лофу газзоф ва дурӯғбофиҳо.Вале ман ҳамчун довталаб имсол бо чашми худ дидам, ки устодони азизи ин даргоҳ барои софу шаффоф гузаштани имтиҳоноти дохилшавӣ чӣ қадар заҳматҳо мекашанд ва аз рӯи инсоф нест, ки ин меҳнату заҳмати одилонаи устодонро нодида гирифт.Шахсан ман дар баробари он ки бо холи баланд (203хол) шомили ин даргоҳ гаштаам, бештар аз ин ҳақиқату адолат ва шаффофиятро ҳангоми имтиҳоноти қабул дида, аз хурсандӣ курта-курта гӯшт гирифтам. Аҳсан, устодони гиромиқадр, мо кӯшиш мекунем, ки сазовори чунин боварии Шумо ва иқдому талошҳои софдилонаатон кору таҳсил намуда, оянда чун ворисони ҳақиқии Синои Бузург дар хизмати халқу Ватан бошем.
Манучеҳр Ахмедов- хатмкардаи гимназияи № 2-и шаҳри Истаравшан: Деҳае, ки ман ба дунё омадаву калон шудаам, Калъаи баланд ном дорад ва дорои 9000 одам мебошад. Дар деҳаи мо ҳамагӣ як нафар табиб- Хидиров Камолбой фаъолият менамояд. Ман аз хурдӣ меҳнату заҳматҳои зиёди ӯро, ки барои ҳифзи саломатии мардуми деҳа паси сар менамуданд, бо чашми худ медидам.
Зимнан акаи Камолбой яке аз обрумандтарин мардони деҳаи мост, зеро ӯ касби худро сидқан ба ҷо меорад. Маҳз кору рафтори ӯ дар дили ман меҳри касби табибиро ҷо  кард. Баъдтар тағоям Норов Инъомҷон , ки дар ноҳияи Шаҳристон ҳамчун ҷарроҳ фаъолият менамояд, бо кору бори шоистаи худ меҳру муҳаббати  ин касбро дар дили ман дучанд қавӣ гардонд. Барои ба орзу расидан кӯшишҳои зиёде намудам. Дар ин ҷода ба ман устодони аввалинам Шавқат Ишонқулов, Бурҳон Бобоев ва Шавқат Муродов, ки ба тамоми ҷиддият бо илмҳои химияву биология, физикаву математика ошно сохтаанд, нақши калон бозиданд.
Баракси гуфтаи баъзе ҳангомаҷӯён ман имтиҳонҳои қабулро бо муваффақият супорида соҳиби 218 хол гаштам ва барои таъмини шаффофият  ҳангоми имтиҳоноти қабул мехоҳам ба роҳбарияти донишгоҳи тиббӣ миннатдории самимии худро изҳор намоям.
Мавлуда Ҳомидова - хатмкардаи мактаби №20-и ноҳияи Б. Ғафуров: Бисёр хурсанд шудам, ки дар имтиҳонҳои имсолаи дохилшавӣ аз фанни математика ҳам саволҳо ҷо дода шуда буданд. Чаро? Математикаро шоҳи фанҳо мегӯянд ва ба андешаи ман ҳар касе, ки аз фанни математика аққалан дониши заминавӣ дорад, дар омӯзиши дигар фанҳо мушкилӣ намекашад. Бисёр хуб мешуд, ки солҳои оянда дар имтиҳонҳоноти фанни биология формулаҳои биологиро низ ҷой медоданд.
Ман бисёр хурсандам, ки дар Донишгоҳи тиббӣ дониши устувору ҳаматарафаро меъёри асосии қабули довталабон қарор додаанд ва аз рӯи шунидам маҳз ректори Донишгоҳ профессор У. А. Қурбонов барои ҷалби ҷавонони донишманду соҳибистеъдод заҳмати зиёде мекашанду бо ин мақсад роҳҳои гуногуни дарёфти соҳибистеъдодҳоро дар амал татбиқ намудаанд.
Ман ояндаи донишгоҳи азизамро боз ҳам дурахшон мебинам, зеро устодони асиле, ки дар ин даргоҳ сабақ меомӯзонанд, барои рушду равнақи илми тиб ва тарбияи насли ҷавони мутахассисони ин соҳа аз сидқи дил заҳмат мекашанд, ки ба онҳо барои ин дилсӯзиву садоқатмандӣ аз самими қалб ташаккур мегӯем.
Усния Азимшоева-хатмкардаи мактаб аз ноҳияи Роштқалъа: Соли гузашта ман аз имтиҳоноти қабул дар маҷмуъ соҳиби 126 хол гаштам, ки ин барои донишҷӯ шуданам камӣ мекард. Баробари ин дар рафти имтиҳонот пай бурдам, ки сатҳи дониши биологиам ниҳоят паст аст. Аз ин хотир ба МОҚ-и донишгоҳ дохил шуда донишамро такмил додам. Инак, ду сол боз ман шоҳиди бевоситаи рафти имтиҳонсупорӣ дар донишгоҳи тиббӣ мегардам ва тӯли ин ду сол  дарк намудам, ки дар ин маскани илму маърифат донишҷӯёни ояндаро чида – чида ва аз рӯи инсофу адолат интихоб менамоянд. Ман имсол ҷамъ соҳиби 226 хол гаштам, вале  тарзи имтиҳонгирӣ он қадар хурсанду   рӯҳбаландам сохт, ки дар тасвираш оҷизӣ мекашам.
Чанд рӯзи аввале, ки дар Донишгоҳ сабақ мегирем, ҳис кардам, ки барои ба номи пуршарафи табибӣ сазовор гаштан бояд талошу заҳматҳои зиёдеро паси сар кард ва хушбахтона ман худро ба ҳамаи ин омода ҳис мекунам ва мекӯшам, ки оянда ба боварии волидон ва устодонам сазовор бошам.
Шаҳзода Идиева – хатмкунандаи мактаби №82-и шаҳри Душанбе: Аз рӯи мушоҳидаҳоям медонам, ки бисёриҳо дохилшавӣ ба донишгоҳи тиббиро бе ягон муттако ғайриимкон меҳисобанд. Росташро мегӯям, ки худи ман ҳам аввалҳо дар ҳамин ақида будам, вале баъдтар шунидам, ки ба ин донишгоҳ бо дониши қавию истеъдоди баланд бе ягон восита дохил шудан мумкин аст. Аз ин хотир  дар баробари мактаби миёна соли гузашта баъди дарсҳо ҳамвора дар маркази омодагии қабили донишгоҳ низ таҳсил намудам. Зимнан, ба гумони банда бе омодагии махсуси  ҷиддӣ ба ДДТТ дохил шудан ғайриимкон аст. Шахсан ман дар МОҚ бисёр нозукиҳои  фанҳои химия, биология ва физикаву математикаро аз худ кардам, ки барои ин ба устодон Ғафуров Б, Наботов, Наврӯзшоева, Хокироев аз самими қалб миннатдорӣ изҳор менамоям.
Дар хотима мехоҳам, ки ба ректори донишгоҳ, устод У.А. Қурбонов, ки дар Донишгоҳ як муҳити озод, шаффоф ва софу ҳақиқии донишу касбомӯзиро муҳайё сохтаанд, аз номи кулли донишомӯзону табибони оянда ташшакур гӯям.     
Лола Ганҷова -Хатмкардаи мактаби рақами 23-и ноҳияи Ҳамадонӣ: Ман сирри диламро ҳеҷ гоҳ ба касе ишфо намекардам, вале аз хурдӣ  дар замири қалбам орзуи табиб шуданро мепарваридам. Вақте ки солҳо паси ҳам гузаштанду давраи амалӣ гаштани орзуҳоям расид, аз дигарон мешунидам, ки ба Донишгоҳи тиббӣ бе такягоҳ дохил шудан хаёли хом аст. Дилгир мешудам, вале боз ба касе ин сиррамро накушода пайваста меомӯхтам. Соли гузашта ба донишгоҳи тиббӣ ҳуҷҷат супоридам. Аз имтиҳонҳо бомуваффақият гузашта бошам ҳам вале барои донишҷу шудан панҷ холл ба ман нарасид. Дилмонда нашудам, зеро дар давраи имтиҳоноти қабули соли гузашта ба хубӣ ҳис кардам, ки барои толибилми ин донишгоҳ шудан фақат дониши қавӣ доштан лозим асту халос. Аз ин рӯ тӯли 8 моҳи минбаъда дар МОҚ-и донишгоҳ таҳсили иловагӣ гирифтам ва имсол бо дили пур такроран ҳуҷҷат супоридам. Вақте ки аз имтиҳони аввалини дохилшавӣ, ки тариқи тестӣ сурат гирифт, 191 хол гирифтам, беихтиёр ашк дар чашмонам  ҳалқа зад. Зеро ҳис кардам, ки донишҷӯ мешавам. Ба онҳое, ки дар оянда касби табибиро интихоб карданианд гуфтаниам: фақат омӯзеду ба дониши худатон такя намоед. Дар донишгоҳи тиббӣ беҳтарин устодоне  гирд омадаанд, ки  ба қадри донишу малака ва истеъдоди Шумо мерасанд.Охир  бе дониши баланди заминавӣ табиби ҳақиқӣ шудан ҳам амри муҳол аст.
Ана, ҳамин тавр, донишҷӯёни зиёде бо як эҳсосоти наҷиб  ҳисси қаноатмандии хешро  аз натиҷаҳои имтиҳоноти қабули имсола мехостанд ба мо  иброз намоянд, вале афсӯс, ки овардани фикру андешаи ҳамаи онҳо аз имкон берун аст. Ба ҳар ҳол хулосаеро, ки аз баёни андешаҳои аксари онҳо бармеояд, ин ҷо бо камоли майл оварданием: ба ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ба ҳеҷ сурат довталабони тасодуфӣ роҳ намеёбанд. Зеро барои толибилми ин даргоҳи маърифатӣ гаштан ҷаҳду талоши зиёде мебояд ва устодони таълимгоҳ низ таҳти сарварии ректори донишгоҳ, профессор У.А.Қурбонов барои ҷалби шаффофу одилонаи беҳтарин ҷавонони толибилм тамоми шароитҳои заруриро муҳайё сохтаанд. Агар ба ин боварӣ надоред, бо дилхоҳ донишҷӯи ин даргоҳи муқаддас ҳамсуҳбат шавед ва пай мебаред, ки то ба зинаи донишҷӯи ДДТТ расидан чи қадар машаққатҳои зиёди донишомӯзиро паси сар кардан лозим меояд…
Маҳмадназар Мазиёев
Категория: Новости | Просмотров: 767 | Добавил: Gulov | Рейтинг: 5.0/1
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

Календарь

«  Сентябрь 2013  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия