• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » 2014 » Декабрь » 9 » Вохӯрӣ бо донишҷӯдухтарони курси якум
08:11
Вохӯрӣ бо донишҷӯдухтарони курси якум
Вохӯрӣ бо донишҷӯдухтарони курси якум
  Рӯзи 4 декабр муовинати тарбия ва фарҳанг дар толори ба номи Сино бо иштироки муовинони деканҳои факултаҳои донишгоҳ оид ба корҳои тарбиявӣ З.Бурҳонова, Г.Гулмамадова, Ҳ.Мансуров, С.Муродов ва сардори шӯъбаи кор бо ҷавонон И.Саидов вохӯрӣ бо донишҷӯдухтарони курси якумро барпо намуд.
 Ҳадафи вохӯрӣ шиносо намудани духтарон бо қоидаҳои донишгоҳӣ, пешгирӣ аз ҷалби онҳо ба равияҳои ифротӣ, риояи сару либоси донишҷӯӣ ва ҷалби духтарони пешқадам ба корҳои ҷамъиятӣ буд.
   Вохӯриро муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанг Лангариева Ҷ.С. кушода, сараввал ҳозиринро бо мақсаду муҳтавои вохӯрӣ шиносо намуд. Сипас, зимни баромадаш мавсуф қайд кард, ки донишҷӯдухтарони донишгоҳи мо хушбахттарин духтарони  кишвар ҳастанд, ки тавассути сайъу кӯшишашон аз байни ҳазоҳо нафар довталабон тавонистанд, ки ба мақсади ниҳоии худ расида, ба сафи донишҷӯёни донишгоҳи тиббӣ ҳамроҳ гарданд. Аз ин хотир ҳар яки шумо бояд дар хотир дошта бошед, ки то хатми донишгоҳ вазифаи ҷониатон ин омӯзиш ва азбаркунии малакаҳои касби табибӣ ба ҳисоб меравад. Дар баробари ин донишҷӯи донишгоҳи тиббӣ  бояд донад, ки ДДТТ низ чун дигар макотиби олии мамлакат қоидаҳои махсуси дохилии худро дорад, ки риояи онҳо барои толибилм ҳатмӣ мебошад. Хар кадом дар баробари хониши аъло бояд бо интизоми намунавӣ ва либосҳои хоксоронаи донишҷӯӣ худро дар байни устодон ва ҳамсабақон намуна нишон диҳад. Иштироки саривақтӣ дар машғулиятҳо низ як навъи меъёри одобу ахлоқи донишҷӯӣ ҳисоб меёбад ва инро бояд донишҷӯ дар давоми таҳсили шашсола ҳеҷ гоҳ аз хотир набарорад.
  Сипас, муовини декани факултаи тиббӣ З.У.Бурҳонова ба сухан баромада ба донишҷӯдухтарон аз таҷрибаи кории худ чанд мисолҳои ҳаётӣ оварда, онҳоро даъват намуд, ки чӣ дар хониш ва чи дар одобу ахлоқашон бояд намунаи дигар духтарони кишвар бошанд. Духтарони мо дар либоспӯшӣ набояд ба либоси дигар халқу миллатҳо пайравӣ намоянд, балки бо либосҳои зебову шинами тоҷикӣ зебогии духтари тоҷикро ба дигарон муаррифӣ карда тавонанд.
  Сардори шуъбаи кор бо ҷавонон Саидов И. дар баромадаш донишҷӯдухтаронро бо вазифаву хадафҳои шуъбаи кор бо ҷавонон шинос намуда, аз онҳо даъват намуд, ки дар кори маҳфилҳои фаннӣ ва  дастаҳои ҳунарии донишгоҳ фаъолона иштирок намоянд.
  Дар охир вохӯриро муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанг Лангариева Ҷ .С. ҷамъбаст намуда, ба донишҷӯдухтарони курси якум дар таҳсилу давомоти ояндаашон бурдбориҳо орзу намуд.
«Ворисони Сино»
Категория: Новости | Просмотров: 809 | Добавил: Gulov | Рейтинг: 2.0/1
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

Календарь

«  Декабрь 2014  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия