• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » 2014 » Декабрь » 24 » Вохӯрӣ бо мусиқашиноси номӣ
12:41
Вохӯрӣ бо мусиқашиноси номӣ
Вохӯрӣ бо мусиқашиноси номӣ
 
     Дар давоми соли таҳсили ҷорӣ муовинати тарбия ва фарҳанг бо пешниҳоди ректори донишгоҳ профессор Убайдулло Қурбон  ҷиҳати баланд бардоштани ҷахонибинии маънавии донишҷӯён ва ҳисси худшиносии миллии онҳо силсилаи вохӯриҳо бо шахсиятҳои шӯхратманди ҷумҳуриро ба нақша гирифтааст.
                                     
     -Ба ин силсилавохӯриҳо мо номи рамзии «Дар суҳбати бузургон» гузоштем, ки бесабаб нест,- гуфт дар суҳбат мудири шуъбаи фарҳанг Э.М.Файзов, - шахсиятҳое, ки ба маҳфилҳои ояндаи мо бо ширкати худ ҳусн мебахшанд, аллакай дар саросари ҷумҳурӣ ва берун аз он дар соҳаи хеш маълуму машҳур гашта, шуҳрати илму фарҳанги тоҷикро ба ҷаҳониён муваффақона муаррифӣ менамоянд.
    Рӯзи 23 декабр дар толори ба номи Синои донишгоҳ дар доираи ин силсилачорабиниҳо  вохӯрии аввалини устодону донишҷӯён бо мусиқашинос , доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессор Аслиддин Низомов баргузор гашт. Вохӯриро муовини аввали ректори донишгоҳ, д.и.т., профессор С.С.Қурбонов ифтитоҳ намуда, нахуст иштирокчиёни маҳфилро бо мазмуну муҳтавои ин чорабинӣ шиносо карда, оид ба нақши профессор Аслиддин Низомов дар рушду нумӯи мусиқии миллии тоҷик ва таҳқиқу таҳлили паҳлуҳои гуногуни он  чанд сухан гуфт. Сипас , профессор Аслиддин Низомов ба сухан баромада, дар назди ҳозирин оид ба таърихи мусиқии тоҷик, нақши он дар ҳаёти инсон ва  алоқамандии тиббу мусиқӣ бо маърӯзаи пурмуҳтаво баромад намуд. Маҳфилро барномаи ҳунарии аъзоёни дастаи «Шифо» боз ҳам пуршукуҳтар намуд. Қобили қайд аст, профессор А.Низомов ба ҳунари навозандагию сарояндагии аъзоёни дастаи «Шифо» баҳои баланд дода, баромадҳои онҳоро ба малакаю истеъдоди ҳунармандони касбӣ баробар ҳисобид.
                   
    Дар охир байни иштирокдорони маҳфил ва санъатшиноси машҳур оид ба паҳлуҳои гуногуни ин намуди  нафиси санъат  саволу ҷавоби шавқоваре баргузор гашт. Профессор А.Низомов дар охир ба роҳбарияти донишгоҳ барои роҳандозии чунин як чорабинии хотирмон изҳори миннатдорӣ намуда, чун рамзи сипос якчанд китоби илмии тозанашри худро ба китобхонаи донишгоҳ тақдим намуд.
Ворисони Сино
Категория: Новости | Просмотров: 377 | Добавил: Gulov | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

Календарь

«  Декабрь 2014  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия