• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » 2015 » Март » 28 » Вохӯрии ректор бо муҳассилини баъдидипломии донишгоҳ
12:06
Вохӯрии ректор бо муҳассилини баъдидипломии донишгоҳ
Вохӯрии ректор бо муҳассилини баъдидипломии донишгоҳ
    Имрӯз шанбе  28.03.2015  дар толори Синои ДДТТ вохӯрии ректор бо муҳассилини баъдидипломии донишгоҳ, дар заминаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
    Баррасии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои эълон шудани «Соли оила; солимии оила, оқибатҳои никоҳи хешутаборӣ ва ташхиси тиббии пеш аз издивоҷ», масъалаи гаравидани ҷавонон ба ташкилоту ҳизбҳои ифротӣ дар меҳвари гуфтугӯи имрӯза қарор доштанд.
     Профессор Убайдулло Қурбон-ректори донишгоҳ,ки ҷаласаро оғоз намуд, бо қадрдонӣ аз иштирокдорон онҳоро беҳтарин намунаи таҳсилкардагони донишгоҳи тиббӣ унвон кард, ки барои касби зинаҳои баландтари илми тибб талош менамоянд.
                   
     Ректори донишгоҳ ба мазмун ва моҳияти  масъалаҳои матраҳшаванда ишора намуд, ки  айни замон хеле нозук  буда, мавриди баҳси ҷиддӣ қарор доранд.
    Додхоев Ҷ.С.- сардори шуъбаи илм ва инноватсия дар маърузаи хеш бо номи «Близкородственные браки» аз масъалаи никоҳи хешутаборӣ ва оқибатҳои он сухан намуда, масъалаи мазкурро чун проблемаи глобалӣ унвон кард. Ба таъкиди ӯ, имрӯз дар тамоми ҷаҳон ин масъала матраҳ ва мавриди омӯзиши амиқ қарор гирифтааст ва бисёре аз кишварҳо дар сатҳи давлату ҳукумат қарорҳои махсусеро ба тасвиб расонидаанд. Гуфта мешавад, имрӯз дар ҷаҳон омори зиёди маъюбони модарзодӣ ба қайд гирифта шудааст, ки қисмате аз онҳо дар натиҷаи никоҳи хешутаборӣ ба дунё омадаанд. Айни замон дар кишвари мо омори дақиқи чунин маризон сабт нашудааст, аммо дар тахмин шумораи маъюбон то ба 16000 мерасад.
     Қобилов Қ.Қ.- сардори шуъбаи муолиҷавӣ бо маърӯзаи «Масъалаҳо ва мушкилоти таҳсил дар ординатураи клиникӣ; муҳокимаи масъалаҳои марбут ба муоинаи ихтиёрӣ ва ҳатмии пеш аз издивоҷ» баромад намуд. ӯ бо такя ба омори расмӣ эълон намуд, ки дар соли 2014 аз 95 500 никоҳ 9 ҳазор(9,4%)-и  онҳо талоқ гирифтаанд, ки дар муқоиса бо соли пеши зиёдтар аст. Омода набудани ҷавонон ба зиндагии мустақил, гирифторӣ ба бемориҳои мухталифи ҷинсиву ҷисмӣ ва ҳатто масъалаи бокирагӣ аз омилҳои асосии ҷудошавӣ шуморида мешаванд. Имрӯз дар аксари кишварҳои ҷаҳон муоинаи пеш аз издивоҷ ҳатмӣ буда, барои  мушаххас намудани сатҳи саломатии тарафайн ва муолиҷаи бемориҳо қабл аз издивоҷ чунин муоинаро зарур медонанд. Бо такя ба омори пошхурии оилаҳо дар кишвар ва гузашта аз ин зиёдшавии омори гирифторони бемориҳои ирсӣ, муҳим аст, ки масъалаи муоинаи тиббии пеш аз издивоҷро ҷиддӣ ва ҳатто зарурӣ қабул намоем. Сардори шуъбаи муолиҷавӣ бо ишора ба мавқеи донишгоҳ дар ин ҷониб, гуфт, ки устодон ва муҳассилини донишгоҳ дар ин маврид бояд фикру назари худро дошта бошанд, ки илман асоснок ва дар пояи тибби исботшуда такмил ёфта бошад. Имрӯз бояд аз ҷониби табибону мутахассисони соҳа  моҳияти муоинаи тиббии пеш аз издивоҷ ба мардум фаҳмонида шавад.
                     
    Профессор Убайдулло Қурбон аз сар задани падидаҳои номатлуби ифротгароӣ дар ҷаҳон ва гаравидани ҷавонон ба ҳар гуна гурӯҳҳои террористӣ изҳор нигаронӣ намуд. Ректори донишгоҳ ба Паёми имсолаи  Президенти кишвар ва суханронӣ ба ҳангоми вохӯрӣ бо зиёиён ишора намуд, ки ба зиёдшавии чунин омилҳо таъкид намуда, қайд кард, ки  «Терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бистуяк табдил ёфтааст. Вазъияти имрӯза моро водор мекунад, ки фаъолияти самараноки тамоми сохторҳои давлатиро барои таъмини боэътимоди сулҳу суббот ва амнияти кишварамон равона созем ва барои ҳар як сокини кишвар шароити арзандаи зиндагӣ ва ҳаёти осоиштаро муҳайё кунем». Моҳияти таҳияи «Консепсияи рушди миллӣ то соли 2050», ки Президенти кишвар таъкид намудаанд, аз ҷониби ректори донишгоҳ ба таври муфассал эзоҳ дода шуд.
     Ҳамин тавр, вохӯрии имрӯза бо иштироки  фаъоли магистрон, ординаторони клникӣ, аспирантон ва донишҷӯёни фаъол, ки назару пешниҳодоти худро оид ба масъалаҳои матраҳшуда баён намуданд, гузашт.
Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа
Категория: Новости | Просмотров: 821 | Добавил: Gulov | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

Календарь

«  Март 2015  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия