• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » 2014 » Февраль » 26 » Занон ва духтарони донишгоҳи тиббӣ- ҳомии солимӣ миёни занони кишвар
05:49
Занон ва духтарони донишгоҳи тиббӣ- ҳомии солимӣ миёни занони кишвар
Занон ва духтарони донишгоҳи тиббӣ- ҳомии  солимӣ миёни занони кишварПрофессор Қурбонов У.А.- ректори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ба ҳангоми вохӯрии Раиси Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Тоҷикистон Хидирова Махфират   бо донишҷӯёни донишгоҳ мавқеи донишҷӯдухтарони донишгоҳро дар тақвияти солимӣ миёни аҳолии кишвар, бахусус занон хеле муҳим арзёбӣ намуд.Дар ин мулоқот, ки бо ҳузури Раиси Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Тоҷикистон,  намояндагони дигар муассисаҳои олии кишвар ва масъулину донишҷӯёни ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино гузашт, мавзӯи «Нақши зан дар солимии ҷомеа» матраҳ гардид.Профессор Қурбонов У.А.- мулоқоти намояндагони Кумитаи занони кишвар  ва ташрифи меҳмонон ба донишгоҳи тиббиро  чун фоли нек дар  рушди донишгоҳ арзёбӣ намуда, ҳамзамон таъкид намуд, ки айни замон 50% аз ҷамъи кормандони донишгоҳро занон ташкил медиҳанд, ки намунаи олии риояи гендерӣ дар кишвар маҳсуб мешавад. Аз 7500 донишҷӯёни таҳсилкунанда дар донишгоҳи тиббӣ 3.500 нафарашон духтарон мебошанд.Хидирова Махфират Умаровна, доктори илмҳои фалсафа - Раиси Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Тоҷикистон  бо арзи миннатдорӣ  аз Раёсати донишгоҳ, нақши занонро дар солимии ҷомеа хеле муҳим арзёбӣ намуд. Вай гуфт, яке аз аҳдофи аслии кумита тақвияти солимии зан ва нақшу мартабаи ӯ дар ҷомеа аст.Раиси Кумитаи занон  аз он изҳори нигаронӣ кард, ки  то кунун падидаи ба хушунати хонаводагӣ гирифтор шудани занони тоҷик роҳҳалли худро наёфта, чун сарчашмаи ба амрози гуногуни ҷисмиву равонӣ гирифтор шудани занон боқӣ мемонад. Ба гуфтаи ӯ, барои кӯмак ба занони хушунатдида феълан аз ҷониби ҳукумат 105 машваратхонаҳои ҳуқуқӣ дар саросари  кишвар таъсис дода шудааст. Аммо ҳузури занон ва муроҷиати онҳо ба чунин машваратхонаҳо хеле камранг мебошад.Ба ин далел, Раиси Кумитаи занон баргузории чунин мулоқоту вохӯриҳоро дар ҳалли мушкилиҳои ҷойдошат  дар ин замина хеле муҳим арзёбӣ намуд.Додхоева Мунаввара Файзуллоевна  профессор, академики Академияи илмҳои тиббии назди Вазорати тандурустии   Тоҷикистон бо баррасии мавзӯи солимии репредуктивии ҷомеа ба барномаҳои чандсолаи миллии сиҳатии модару кӯдак ва танзими оила дар Тоҷикистон ишора  намуда, аз ҷумла қайд карда шуд,  ки сатҳи таваллуд дар кишвар ҳанӯз ҳам зиёд боқӣ мемонад. Бар замми ин бемориҳои мухталиф, амсоли камхунӣ,  дарди гурда ва фишорбаландӣ феълан миёни занони ҷавон дар ҳоли афзоиш аст. Омилҳои асосии хуруҷи ин бемориҳо норасоии ғизои солим, омилҳои иҷтимии иқтисодӣ унвон мешаванд.Дар ҳамин ҳол, Агентии омори Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки солона дар Тоҷикистон аз 200 то 230 ҳазор кӯдак таваллуд мешавад, ки баёнгари мизони ҳамчунон баланди афзоиши аҳолӣ аст. Барномаи давлатии танзими оила соли 2002 қабул гардида, аз 24 модда иборат аст ва масоиле, чун ҳуқуқи модар, ҳомиладорӣ, таваллуди фарзанд, истифода аз маводҳои контрасептивӣ, шумораи фарзандон, исқоти ҳамл дар мӯҳлат ва ҳолатҳои гуногун, истифода аз маводи репродуктологӣ барои таваллуди фарзандро дар бар мегирад.Дар ҷараёни вохӯрӣ иштирокдорони конфронси «Нақши зан дар солимии ҷомеа» низ ба муҳимияти ин масъала таъкид намуданд. Ба гуфтаи  профессор Дилрабо Қодирова аз маърӯзачиёни ин нишаст, танҳо зани солим фарзанди солим ба дунё меоварад. Вай мегуяд, занон ба иллати таваллуди паёпай ва бефосила саломатии худро аз даст медиҳанд ва кӯдакони носолим ба дунё меоранд.Дар ҳамин ҳол, бо ишора ба муҳимияти мавзӯъ, аз ҷониби иштирокдорони нишаст, бахусус ректори донишгоҳи тиббӣ пешниҳод шуд, ки чунин вохӯриҳо ба таври муназзам доир гардида, масъалаҳое чун никоҳи хешутаборӣ ва аворизи худкушӣ миёни занону духтарон, умуман шаҳрвандон аз назари масъулину коршиносон баррасӣ карда шаванд.Дар фарҷоми нишаст, Зулфия Атоӣ шоираи тоҷик чанд шеъри тозаэҷоди хешро  дар васфи зан-модар тақдими ҳозирин намуд.
Категория: События | Просмотров: 651 | Добавил: Qumatib | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

Календарь

«  Февраль 2014  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
2425262728

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия