• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » 2013 » Июль » 3 » Зинда он номе, ки дар дилҳои мардум ҷо шавад...
17:58
Зинда он номе, ки дар дилҳои мардум ҷо шавад...
3–юми июли соли равон, донишманди шинохтаи тоҷик, табиби номӣ, д.и.т., профессор Каримов Муқим Каримович,барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Аълочии тандурустии ИҶШС, дорандаи Медали Ветерани меҳнати ИҶШС, Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон бар асари беморӣ, дар шаҳри Душанбе аз ҷаҳон даргузашт. Каримов Муқим Каримович 2-юми июни соли 1934 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омада, пас аз хатми ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1960) ба сифати ординатори клиникӣ, аспирант ва баъдан ба ҳайси ассистент дар кафедраи анатомияи топографӣ ва амалиёти ҷарроҳӣ (1960-1971) ва ба сифати муовини ректор оид ба корҳои таълим ва илм дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон (1971-1980) кор кардааст. Соли 1980 Муқим Каримович аз нав ба донишгоҳи тиббӣ баргашта, солҳои 1980-87 ҳамчун мудири кафедраи анатомияи топографӣ ва амалиёти ҷарроҳӣ ва солҳои 1987-92 ба сифати профессори ҳамин кафедра кор карда дар тарбияи чанд насли табибони ҷавони мамлакат саҳми босазои худро гузоштааст. Метавон гуфт,профессор Муқим Каримович тамоми ҳаёти хешро ба бахши тиббу тандурустии кишвар бахшида, дар зинаҳои мухталифи ин соҳа фаъолияти меҳнатӣ доштааст.Чунончӣ, солҳои 1993-94 декани факултаи муолиҷавӣ, солҳои 1994-96 муовини ректор оид ба корҳои таълим, солҳои 1996-2000 директор ва ҳамзамон чун мудири кафедраи анатомияи топографӣ ва амалиёти ҷарроҳии филиали ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд кор кардааст. Хидмат ва нақши профессор дар рушду нумӯи соҳаи тандурустии Тоҷикистони соҳибистиқлол хеле бузург аст.ӯ соли 1967 рисолаи номзадӣ дар мавзӯи «Буришҳои кундаланг дар девораи пеши ҷавфи шикам» ва соли 1987 рисолаи доктории худро дар мавзӯи «Морфологияи узвҳои дарунӣ ҳангоми гипокинезия» дифоъ намудааст. Устод Муқим Каримович дар соҳаи тибби тоҷик фаъолияти пурсамаре дошта, муаллифи беш аз 130 мақолаю фишурдаҳои илмӣ, 3 адад монография, 1адад китобҳои таълимӣ, 1 адад пешниҳоди навоварона, 20 адад дастурҳои илмӣ – методӣ мебошад. Раёсати ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ба аҳли хонавода, наздикону пайвандон ва ҳамкорону шогирдони донишманди фарзона, устод Каримов Муқим Каримович изҳори ҳамдардӣ намуда, барояшон аз даргоҳи Худованди мутаол сабри ҷамил хоҳон аст.
Категория: Объявления | Просмотров: 863 | Добавил: Qumatib | Рейтинг: 3.0/1
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

Календарь

«  Июль 2013  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия