• Конференции, Отчеты конференций ТГМУ. Фото и видео отчеты, материалы.
  • История ТГМУ, фотографии, видео, сми о ТГМУ, телепередачи о ТГМУ
  • Новости ТГМУ имени Абуали ибни Сино, интервью, события, мероприятия.
Главная » 2014 » Сентябрь » 25 » Зодруз муборак!
15:08
Зодруз муборак!

Самад Ҳидоятовичи  муҳтарам!


          Роҳбарият ва созмонҳои ҷамъиятии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино бо камоли эҳтиром, садоқати бепоён ва хушнудӣ Шуморо ба муносибати ҷашни муборак, яъне ҷашни фархундаи 75-солагиатон самимона  муборакбод   менамоянд. 
       Ҷои хушист, ки Шумо  ин лаҳзаҳои бароятон нотакрорро бо сари баланд, ифтихори бепоён ва сиҳатии комил дар ҳалқаи ёру бародарон, шогирдон ва ҳамкорони қадрдони худ истиқбол мегиред ва мо низ ба фараҳмандиву шодии бепоён бо аҳли байти Шумо худро шарик меҳисобем. 
          Шумо аз ҷумлаи он инсонҳои хушбахте ҳастед, ки умри азизи хешро сарфи таълиму тарбияи шогирдон карда, дар дили онҳо тухми шафқату  дардошноӣ киштаед, эшонро ба ҳукми фарзандони хеш шинохта, дидаю  қалбҳои онҳоро аз лутфи муоширату сафои мафкура ва ҳусни рафтору покии ният лабрез сохтаед, ҳамин аст, ки имрўзҳо дар миёни шогирдони бовафову донишманди худ бо сарафрозӣ ва ифтихор давлати пирӣ меронед! 
Метавон гуфт, ки Шумо умри азиз ва бобаракати худро фидои тандурустии аҳли ҷомеа сохтаед ва бештар аз ин ифтихори онро дорем, ки тақдири худро тўли ин солҳо ба Донишгоҳи тиббӣ пайвастаед ва ин пайванд ҳамеша қавию мустаҳкам ва сермаҳсулу пурсамар будааст. 
         Пайроҳаи фаъолияти касбии Шумо соли 1963 аз вазифаи табиби минтақавии  ноҳияи Қалъаихум оѓоз шуда, солҳои 1964-1965 ординатори клиникӣ, солҳои 1966-1983 ассистенти кафедраи  терапияи факултативӣ, солҳои 1983-2000 дотсент ва солҳои 2003-2011,  мудири кафедраи бемориҳои дарунӣ №1 будед. Айни замон ҳамчун профессори кафедраи мазкур фаъолият карда, шогирдонатонро ба муваффақиятҳои тоза ба тоза роҳнамоӣ карда истодаед.
         Шумо як олим ва донишманди серкору пурмаҳсул, муаллифи зиёда аз 180 таълифоти илмиву таълимӣ, монография, дастури таълимиву методӣ ва  пешниҳоди навоварона ҳастед. 
      Заҳматҳои шабонарўзии Шумо бо медали соҳавии «Ба муносибати 1025-солагии Абўалӣ ибни Сино» қадр кардашудааст. Оре, инсоне, ки соҳиби чунин қалби рўшан ва хислатҳои наҷиб аст, сазовори ҳурмату эҳтироми ҳамкасбону шогирдон мебошад ва метавонад бо ин ҳама барҳақ фахр намояд. 

  Самад Ҳидоятовичи  азиз!

        Бори дигар, лутфан, иҷозат диҳед бароятон бахту саодат ва дастовардҳои тару тозаи илмиву амалӣ таманно намоем. Бигузор, ҳамеша мисли имрўз банерўву шукуфтарў бошеду дар лабонатон табассумҳои зебо ҳувайдо.   Аз  забони Саъдии бузургвор мегўем, ки:

Чӣ некў задаст ин сухан бараҳман,
Бувад ҳурмати ҳар кас аз хештан.

 

Бо эҳтиром, 
Ректор,
доктори илмҳои тиб, профессор                                  У. А. Қурбонов

Категория: Поздравления | Просмотров: 456 | Добавил: Gulov | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

ВХОД В ПОЧТУ

Логин:
Пароль:

(что это)

Форма входа

Логин:
Пароль:

Категории раздела

Календарь

«  Сентябрь 2014  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930

ОПРОС

Представьтесь пожалуйста. Вы...?

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ

Статистика

Яндекс.Метрика Rambler's Top100 Рейтинг Сайтов YandeG
Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Вестник Авиценны

Ворисони сино

Приемная комиссия